Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исқоти ҳамл дар Тоҷикистон камтар шудааст


Акс аз Шаттерсток
Акс аз Шаттерсток

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, теъдоди заноне, ки исқоти ҳамл кардаанд, дар соли гузашта камтар шудааст ва умдатан духтарони аз 20 то 34-сола шумораи фарзандонашонро аз ҳамин роҳ танзим мекунанд.

Бар асоси иттиллое, ки Кумитаи омор нашр кард, соли гузашта дар Тоҷикистон бештар аз 16 ҳазору 800 нафар бо сабабҳои гуногун "аборт" ва ё исқоти ҳамл кардаанд, ки дар муқоиса ба соли 2014-ум 500 нафар камтар аст. Дар муқоиса ба соли 2000-ум, ки Тоҷикистон вазъи иқтисодии баде дошт, теъдоди онҳое, ки барои танзими оила ва халосӣ аз ҳомиладории нохоста, исқоти ҳамл кардаанд, ҳазорон нафар камтар шудааст. Дар он сол бештар аз 22 ҳазор модар, аз роҳи дахолати тиббӣ ҳомиладории худро қатъ кардаанд.

Истифодаи васоили пешгирӣ аз ҳомиладорӣ ва бахусус ҳалқаҳои дохилираҳмӣ ва ё ба қавли мардуми "спирал" зиёд шудааст.

Яке аз сабабҳои кам шудани исқоти ҳамл, ба гуфтаи табибони тоҷик, боло рафтани огаҳии занон ва истифода аз васоили ҷилавгирӣ аз ҳомиладорист, ки истифодаи он дар Тоҷикистон сол ба сол роиҷтар мешавад.

Кадоме роиҷтар - спирал ё рифола?

Бар асоси омори расмӣ, дар соли гузашта истифодаи васоили пешгирӣ аз ҳомиладорӣ ва бахусус "ҳалқаҳои дохилираҳмӣ" ва ё ба қавли мардумӣ "спирал" зиёд шудааст. Дар соли 2014 бештар аз 817 ҳазор зан, ё духтарон дар Тоҷикистон барои танзими оила ва пешгирӣ аз ҳамли нохоста аз ҳамингуна васоил истифода бурдаанд ва нисфи онҳо ба "ҳалқа" бартарӣ додаанд.

Як роҳи дигаре, ки барои пешгирӣ аз таваллуд дар Тоҷикистон бисёр кам истифода мешуд, ҷарроҳӣ ва безурёт кардан аст, ки ин васила ҳам солҳои ахир ба кор мерафтааст. Бар асоси омори расмӣ, дар соли 2015 бештар аз 7300 бонуи тоҷик, ки дигар нахостанд, фарзанддор шаванд, аз табибон хостаанд, ки онҳоро аз роҳи ҷарроҳӣ безурёт кунанд.

Коҳиши бемориҳои зӯҳравӣ

Ба гуфтаи табибони тоҷик айни замон истифода аз васоили маъмулии пешгирӣ аз ҳомиладорӣ ба беҳтар шудани сиҳатии репродуктивии занон дар Тоҷикистон мусоидат кардааст.

Аз ҷумла, истифодаи васеи рифола (презерватив) дар байни мардон кумак кардааст, суръати сирояти бемориҳои ҷинсӣ дар байни аҳолӣ суст шавад. Масалан, дар Тоҷикистон соли 2015 тақрибан 1600 нафар ба бемориҳои зӯҳравӣ ва ё роҳҳои таносул гирифтор шудаанд, ки назар ба ду соли пеш 600 нафар камтар аст.

Бо вуҷуди роиҷтар шудани васоили пешгирӣ аз ҳомиладорӣ дар Тоҷикистон таваллуд дар кишвар камтар нашудааст. Соли 2015 дар Тоҷикистон 255 ҳазор тифл ба дунё омадааст, ки дар муқоиса ба соли 2014-ум 12 ҳазор навзод зиёдтар аст.

XS
SM
MD
LG