Ду созмони байналмилалӣ дар Тоҷикистон барномаеро сармоягузорӣ мекунанд, ки шаҳрвандони камбизоатро дар сурати зарурат бо вакили дифоъ таъмин хоҳад кард. Яъне, афроде, ки корашон ба милисаву додгоҳ меафтад, ин шансро доранд, ки аз ҳисоби барномаи вижаи маблағгузории кори адвокатҳо барои худ ҳимоятгари бепул бигиранд.
Дар хонавода аз 8 нафар фақат як кас кор мекунад. Пули кофӣ надорем, ки адвокат гирем. Агар адвокат медоштем, ақаллан аризаҳои моро босаводона менавишт ва аз мо ҳимоят мекард
Маблағи ин барномаро дар 8 соли оянда UNDP – Дафтари рушди Созмони Милал ва Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд хоҳанд пардохт. Манобеи Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 9-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки се соли аввали ин барнома давраи таҷрубавист.
"Телефони ягона ташкил мешавад"
Ҳуқуқшинос Абубакр Қулматов, узви гуруҳи кории Вазорати адлия, гуфт, “дар навбати аввал ба мардум танҳо машварату маслиҳати ҳуқуқӣ расонда мешавад. Дар навбати дувум вакилони мудофеъ дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва мурофиаҳои додгоҳӣ иштирок хоҳанд кард”.
Мақомот мегӯянд, ба зудӣ “колл-сентр” ё телефони махсус ба кор дароварда хоҳад шуд, ки дар сурати боздошт ва ё гумонбар эълон кардани нафаре, пайвандонаш ба адвокатура тамос гирифта, барои таъмин намудани вакили мудофеи инфиродӣ муроҷиат кунанд. Як рӯзи хидмати вакили мудофеъ ба 100 сомонӣ баробар хоҳад буд, ки пулаш на аз ҳисоби сокинон, балки барнома пардохта мешавад.
Масъулин мегӯянд, ҳадафи аслии ба роҳ мондани ин барнома – таъмини афроди камбизоату нодор ва дастнигар бо вакилони дифоъст, то тавонанд аз манфиатҳои зерҳимояи худ ҳамаҷониба ҳимоят кунанд. Дар Вазорати адлия гуфтанд, ин таҷрибаи нахустин аст, ки хидмати адвокат барои хонаводаҳои камбизоат сармоягузорӣ карда шавад.
"Дар як моҳ то 25 нафар муроҷиат мекунанд"
Қонунҳои Тоҷикистон таъмини вакили дифоъро ба ҳама афроде, ки дучори мушкили ҳуқуқӣ мешаванд, кафолат медиҳанд. Дар сурати адами имконияти молии шахс ба гирифтани адвокати хусусӣ, ки харҷи кораш ба зиммаи худи корафтода ё хешовандонаш мешавад, ӯро бо адвокати давлатӣ таъмин мекунад.
Шоира Давлатова, раҳбари иттиҳоди созмонҳои ғайридавлатии Эътилофи зидди шиканҷа дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар як моҳ то 25 нафар аз ҳар гӯшаи кишвар барои таъмини хидмати ройгони вакили мудофеъ муроҷиат мекунанд, ки аслан занон ҳастанд. Ӯ гуфт, аксари муроҷиатҳо марбут ба баҳсҳои додгоҳӣ оид ба манзил ва мушкили хонаводагӣ рабт мегирад.
Шамъигул Қурбонова, сокини деҳаи Чангоби ноҳияи Ҳисор, мегӯяд, баъд аз латту кӯби духтараш аз дасти наздикони шавҳар ба додгоҳ ариза навиштанд, вале барои гирифтани вакили дифоъ зӯрашон намерасад: “Дар хонавода аз 8 нафар фақат як кас кор мекунад. Бизоати дуруст надорем, пули кофӣ надорем, ки адвокат гирем. Агар адвокат медоштем, ақаллан аризаҳои моро босаводона менавишт ва аз мо ҳимоят мекард.”
Амали башаардӯстона
Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ мегӯяд, Барномаи волоияти қонуни Барномаи рушди Созмони Милал барои таъмини ҳуқуқии хонаводаҳои камбизоат бо вакили мудофеъ як иқдоми башардӯстона аст. Ӯ гуфт, “дар бисёр ҳолат хонаводаҳои фақир бинобар надоштани адвокат аз худ ҳимоя карда наметавонанд ва ҳатто барои дуруст навиштани ариза ва марҳилаҳои баҳсӣ ночор мемонанд.”
Шокирҷон Ҳакимов меафзояд, ҳолатҳои дар лаҳзаи нахустини боздошти афроди гумонбар тақрибан вакили мудофеъ ҳузур надорад ва барои иқрор кардани гуноҳ ҳолатҳои шиканҷа зиёд рух медиҳад. Вай гуфт, “Барномаи волоияти қонун”-и UNDP, ки аз тарафи гурӯҳи кории Вазорати адлия баррасӣ мешавад, ҳузури адвокат дар лаҳзаи аввали боздоштро таъмин ва зӯроварию латту кӯб дар боздоштгоҳҳоро то андозае кам хоҳад кард.
Баъзеҳо дар зиндон, баъзеҳо аз имтиҳон нагузаштанд
Соли гузашта дар пайи имтиҳони Вазорати адлияи Тоҷикистон тақрибан якуним ҳазор вакили дифоъ ҳаққи фаъолият дар кишварро аз даст доданд. Ҳоло расман 586 нафар мақоми вакили мудофеъро соҳиб шуда, ҳуқуқи ҳамчун адвокат фаъолият намуданро дар Тоҷикистон доранд. То қабули ин қонун дар Тоҷикистон 8 коллегияи адвокатҳо ва ҳудуди 2 ҳазор адвокат ё вакили дифоъ фаъолият мекарданд.
Дар пайи тасвиби тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи фаъолияти вакилони мудофеъ бархе аз онҳо гуфтанд, ки ин як роҳи халосии мақомот аз вакилони "гапнодаро" ва ё вакилони парвандаҳои пурсарусадо буд. Дар ҳоли ҳозир чанд вакили дифои дигар, аз ҷумла Бузургмеҳр Ёров, Шӯҳрат Қудратов ва Нуриддин Маҳкамов дар зиндонанд. Созмонҳои байналмилалӣ парвандаи ин афродро дорои ангезаҳои сиёсӣ хонда, чанд дафъа озодиашонро талаб кардаанд.