Ҳомид Карзай хадамоти ҷосусии кишварҳои хориҷиро дар ҳамлаҳо ба биноҳои ҳукуматӣ дар Кобул ва дигар манотиқи Афғонистон айбдор кард. Дар сӯҳбати телефонӣ бо вазири умури хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ, ки рӯзи якшанбе, 31 март доир шуд, раисиҷумҳури Афғонистон ҳамчунин гуфт, ки бархе аз ҳампаймонҳои Амрико ба талошҳои Кобул барои расидан ба созиш бо “Толибон” монеъа эҷод мекунанд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, манзури Ҳомид Карзай хадамоти кашфи Покистон ISI аст, ки аз ин пеш ин гуна иддаҳои мақомоти Афғонистонро рад карда буд.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Афғонистон ҳамлаҳои ахири террористӣ дар пойтахт шаҳри Кобулро пажуҳиш мекунанд. Сиддиқ Сиддиқӣ сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон, рӯзи якшанбе, 30 март, дар сӯҳбат бо Радиои Афғонистони Озод гуфт, ҳама аъзои гурӯҳе, ки рӯзи шанбе, 29 март, сӯи бинои Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон (КМИ) дар Кобул тирандозӣ кард, ба ҳалокат расиданд ва ҳамлаашон ноком шуд.
Аз ин баъд ҳам ба гуфтаи ӯ, “ҳар гурӯҳе, ки барои эҷоди халал ба интихобот талош мекунад, ба ҳамин гуна сарнавишт мувоҷеҳ хоҳад буд”.
Ёдовар мешавем, рӯзи шанбе гурӯҳи мусаллаҳ либоси занона дар тан ба як бинои ҳамсоя ворид шуда аз он ҷо сӯи бинои КМИ тирандозӣ карданд. Ҷунбиши “Толибон” масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифт ва гуфт, ки қабл аз ҳамла як маргталаб мошинашро дар назди дарвозаи Комиссиюни мустақили интихоботӣ инфиҷор кард. Як рӯз аз ин пеш бар асари ҳамлаи мусаллаҳони “Толибон” ба як меҳмонсарои хурд дар Кобул ду нафар кушта ва чаҳор тан муҳофизон маҷрӯҳ шуданд. Намояндаи вазорати умури дохилии Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар задухӯрд ҳамаи панҷ нафари ҳамлагар кушта шуданд. Ба хориҷиёне, ки дар ин меҳмонсаро ҳузур доштанд, осеб нарасидааст. Гуфта мешавад, ки дар бинои меҳмонсаро дафтари USAID, як созмони ғайриҳукуматии амрикоӣ, ҷойгир аст.
Аммо сиёсатмадорону коршиносони афғон мегӯянд, ки ҳамлаҳои ахир дар Кобул мардуми Афғонистонро дар арафаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ сахт нигарон кардааст. Сайид Аҳмад Наҷиб Маҳмуд, сиёсатшиноси афғон, вазъи қабл аз интихоботиро «тарсу умед» мехонад ва мегӯяд, ки аз як сӯ “амният хуб нест ва ҳаводиси ахир нишон дод, ки давлати Афғонистону нерӯҳои нерӯҳои полису амният қудрати ҷилавгирӣ аз амалҳои террористиро надоранд, ҳамчунин таҳдидҳои толибон барои пешгирӣ аз ширкати мардум дар интихобот афзоиш меёбанд”, аз сӯи дигар “шӯру шавқ ҳам, ки мардум пойи қуттиҳои раъйдиҳӣ раванд ва ҳукумати ҷадидро интихоб кунанд, ба назар мерасад”. Ӯ меафзояд, ки муҳимтар аз ҳама мардум аз он нигаронанд, ки дар ин маъракаи интихоботӣ ҳам чун интихоботи чаҳор соли пеш тақаллуб сурат мегирад.
Шукрия Борикзай, вакили парлумони Афғонистон ҳам, вазъи амниятии Афғонистон ва ба вижа вазъи Кобулро “ноҳинҷору ноҷӯр” мехонад ва меафзояд, ки ҳамлаҳои террористии ахир “бидуни шак, тарсу ваҳшатро дар байни шаҳрвандон эҷод ва дар зеҳнҳо суолеро халқ кардааст, ки дар рӯзи интихобот чӣ хоҳад шуд?”. Ба гуфтаи хонум Борикзай, “ҳарчанд мардум медонанд, ки барои Афғонистон ҳеҷ роҳи дигаре ба ҷуз рафтан сӯи интихобот вуҷуд надорад ва ҳатто дар сурати таъмин набудани амният интихобот дар Афғонистон баргузор хоҳад шуд, зеро дар шароити феълӣ алтернативи дигар барои машрӯъият додан ба ҳукумати нав мавҷуд нест”.
Мусоҳиби мо меафзояд, ки “айни ҳол чанд суол зеҳни маро чун як шаҳрванд сахт машғул кардааст, ки чаро вақте мо омдаи рафтан ба тарафи интихобот ҳастем, нерӯҳои амниятии мо ба он андоза заъиф мешаванд, ки нуқоти марказӣ ва бисёр муҳим таҳти ҳамла қарор мегиранд? Чаро пас аз музокираи давлати Покистон бо “Толибон” амният дар Афғонистон боз хароб мешавад?”
Гуфта мешавад, ки аз миёни нӯҳ довталаб дар сабқати интихоботӣ се нафар – собиқ вазири умури хориҷӣ доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, вазири молияи пешин Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва вазири умури хориҷии собиқ Залмай Расул, ки зимнан, аз пуштибонии раисиҷумҳури Ҳомид Карзай бархурдор аст, пешсафанд. Сайид Аҳмад Наҷиб Маҳмуд бо такя ба назарпурсиҳои ахири афкори умум мегӯяд, ки дар даври аввали интихобот доктор Абдуллоҳ метавонад ба дарёфти сеяки раъйҳои интихобокунандагон муваффақ шавад. Дар ин сабқат Ашраф Ғанӣ дар хати дуввум ва Залмай Расул дар мақоми саввум қарор доранд. Аммо ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз дар бораи пирӯзии яке аз номзадҳо қазоват кардан барвақт аст.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон рӯзи шанбе оянда, 5 апрел баргузор мешавад.