Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарони қавмӣ: "Роҳро аз Шерхон Бандар созед!"


Ҳудуди 40 рӯҳонӣ ва сарони қавмии чор вилояти шимоли Афғонистон аз мақомоти ин кишвар хостаанд, ки роҳи оҳани «Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон» тариқи Бандари Шерхон сохта шавад.

Манобеъи «Озодӣ» аз қавли Муҳаммаданвари Ҷагдалак, волии Қундуз хабар доданд, ки ба ин манзур афроди саршиноси вилоятҳои Тахор, Қундуз, Бағлон ва Балх ба Кобул сафар карда, бо раҳбарони вазорати фавоиди омма мулоқот анҷом додаанд. Волии Қундуз гуфтааст, сарони қавмӣ бар ин назаранд, ки агар роҳи оҳан аз Бандари Шерхон нагузарад, арзиши бозаргонии бандар аз миён меравад, дар ҳоле ки имрӯзҳо 90 дарсади амвол тариқи ин гузаргоҳи марзӣ ба Тоҷикистон интиқол меёбанд.

Сафари сарони қавмии шимоли Афғонистон ба Кобул дар ҳолест, ки ҳукумати Афғонистон барои таҳқиқи иқтисодиву фаннӣ (ТЭО) – и қисмати афғонистонии роҳи оҳани «Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон» тендер эълон кардааст. Сохтмони қисмати туркманистонии ин роҳ моҳи июни соли равон дар маросиме дар вилояти Лебап(Лабиоб, Чорҷӯи собиқ)-и Туркманистон бо ширкати сарони се кишвари дахил - Ҳомиди Карзай, Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов - оғоз шуда буд.

Дар гузашта се масири кашидани хатти роҳи оҳани «Туркманистон – Афғонистон Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дошт. Масири аввал ва тӯлонитарин Колхозобод – Дӯстӣ - Панҷи Поён дар сарҳади Тоҷикистон, сипас тариқи Шерхон Бандар – Қундуз – Хулм - Мазори Шариф – Шибирғон – Андхуй -Оқина дар марзи Афғонистон ва Имомназар - Отамуроди қаламрави Туркманистонро дар бар гирифта, тақрибан 635 километр тӯл мекашад. Масири дуввум танҳо Айваҷи Тоҷикистонро дар бар мегирад ва аз он ҷо ба Тагонгузари Афғонистон расида, масири қаблиро такрор мекунад. Он 445 км тӯл дорад. Масири сеюм ва кӯтоҳтарин, ки 160 километр тӯл хоҳад дошт, аз Бешкенти Тоҷикистон шурӯъ шуда, аз Калдор ва Ҳайратони Афғонистон мегузарад ва то Келифи Туркманистон мерасад.

Вазорати фавоиди оммаи Афғонистон эълон кардааст, ки 335 километри роҳи оҳани мазкур аз ҳудуди ин кишвар мегузарад ва сарони қавмӣ ба Кобул рафтаанд, то бифаҳманд, ки ин масир аз Бандари Шерхон мегузарад ё хайр?

Сармоягузории қисмати афғонистонии роҳи оҳани «Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон» - ро Бонки осиёии рушд ба зимма гирифта, эълон доштааст, ки барои ин тарҳ 335 миллион доллар ҷудо мекунад.

Манобеъи мо дар бораи ин ки дар Кобул ба сарони қавмии чор вилояти шимоли Афғонистон чӣ посух додаанд, иттилое надоранд.

Бандари Шерхон гузаргоҳи марзии Афғонистон дар соҳибили рӯбарӯи гузаргоҳи Панҷи роёни Тоҷикистон аст, ки тариқи бузургтарин пул ин ду кишварро васл мекунад.

Ин қатор 2 сол боз дар Хатлон "дармондааст"
Ин қатор 2 сол боз дар Хатлон "дармондааст"
Тоҷикистон тарҳи роҳи оҳани муштарак бо Афғонистону Туркманистонро як василаи муҳим барои коҳиш додани вобастагии феълан саддарсадиаш аз роҳи оҳани Узбакистон мешуморад. Мақомоти Душанбе ин кишвари ҳамсояро пайваста ба эҷоди мавонеъ дар роҳи транзити қаторҳои Тоҷикистон айбдор мекунанд.

Ду сол пеш ҷониби Узбакистон ибтидо ба баҳонаи гӯё “тахриб шудани як пули роҳи оҳан бар асари таркиши террористӣ” ҳаракати қаторҳо дар масири роҳи оҳани Тирмиз –Амӯзанг – Шаҳритӯс - Қӯрғонтеппа – Кӯлобро қатъ кард ва баъди чанде ба далели “аз лиҳози зиёновар” буданаш ин роҳро аз марзи Тоҷикистон то истгоҳи Амӯзанг комилан аз байн бурд ва вилояти Хатлони Тоҷикистонро бе роҳи оҳан гузошт.

Дар Душанбе умедворанд, ки сохта шудани роҳ тавассути Афғонистону Туркманистон Тоҷикистонро аз “шантаж”-и пайвастаи мақомоти роҳи оҳани Узбакистон халос хоҳад кард. Аммо бархе аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки агар қисмати афғонистонии ин роҳи муҳим аз манотиқи узбакнишин гузарад,ин метавонад васоилеро барои дахолати Тошканд ба фаъолияти роҳи оҳани Туркманистон - Афғонистон -Тоҷикистонро баъди сохта шуданаш ҳам боқӣ гузорад.
XS
SM
MD
LG