Аммо онҳо дар баробари сӯҳбатҳо дар бораи хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ инро ҳам мушоҳида мекунанд, ки пойгоҳи марказии нерӯҳои кӯмак ва амнияти НАТО ё ISAF таъмир ва деворҳои бетонии он бо панҷараҳои қавии оҳанӣ баландтару амнтар мешавад.
Паёмадҳои хуруҷи нерӯҳои эътилофи байнулмилал ва ба сари қудрат омадани Толибон дар хориҷ хеле вахим арзёбӣ мешавад, аммо дар дохили Афғонистон аз поён ёфтани рисолати нерӯҳои хориҷӣ мегӯянд, на аз кишварҳои пуштибон.
Ваҳид Башарӣ, як сокини вилояти Вардак, ки бо шаҳри Кобул ҳамшафат аст, мегӯяд, ҳанӯз фурсати ба ҳоли худ гузоштани Афғонистон аз сӯи ҷомиаи ҷаҳонӣ фаро нарасидааст, зеро рисолате, ки барои онҳо миллиардҳо доллар ҳазина ва ҳазорҳо сарбозро қурбонӣ дошт, ба ин шева ва бидуни натиҷа набояд анҷом бипазирад: «Агар Афғонистонро дар чунин ҳолат монанд, ки иқтисоди мо дуруст нест, нерӯҳои низомии мо омода нестанд, тамрину таҷҳиз нашудаанд, мардум дар ҳолати бӯҳронӣ қарор дорад, кори дуруст намекунанд. Агар соли 2014, ки бароянд, барои мо мояи нигаронист, ки Афғонистонро насохта, фабрикаву зиндагиашро ба роҳ намонда, куҷо мераванд? Ин чолиши хеле ҷиддӣ аст, ки мардумро нигарон кардааст ва шахсан маро ҳам».
Иддае ҳам дар Афғонистону хориҷ аз он хуруҷи нерӯҳои хориҷиро бо расидани Толибон ба қудрат дар ин кишвар тавъам медонанд. Аммо Ҷонмуҳаммад, сокини вилояти Парвон, бар ин аст, ки агар хостаи қудратҳо ва қисмате аз тарҳи бузург аст, омадани ин нерӯи санҷидашуда ягон фоҷиаи бузургеро дар пай нахоҳад дошт: «Толибони феълӣ онҳое нестанд, ки бори аввал вориди Кобул шуда буданд. Агар вориди Афғонистон шаванд, он шеваи аввалиро ҳаргиз нахоҳанд дошт. Бо як шакли модернтар, ки лоақал мухолифи телевизиону риши паст набошанд, хоҳанд омад. Масоили исломиро таҳаққуқ мекунанд, магар бо як шеваи ҷиддитар».
Дар ҳамин ҳол, дар сатҳи болоӣ мақомоти Афғонистон аз таҳаввулоти ҷадиде сӯҳбат мекунанд, ки эътидоли вазъ дар кишварро дар пай хоҳад дошт. Як генерали артиши Афғонистон, ки ба далели иҷозаи сӯҳбати аланӣ надоштанаш ҳамчун соҳибмансаб нахост номашро зикр кунем, мегӯяд, нерӯҳои хориҷӣ то даҳ соли дигар пас аз соли 2014 дар чанд пойгоҳ дар саросари Афғонистон боқӣ мемонанд, аммо ба теъдоди хеле кам, ҳудуди 20 ҳазор нафар.
Вай афзуд, тарҳе, ки ҳоло шурӯъ шудааст, тамрини 302 ҳазор нафар аз кормандони нерӯҳои амниятии Афғонистон аст, ки дар оянда пурра аз сиёсатҳо хориҷ шуда, бояд танҳо бо амният кор гиранд ва таъмини онҳоро ҳам Амрико ва кишварҳои Аврупо ба зимма хоҳанд дошт.
Дар посух ба ин суол, ки «сарнавишти Толибон чӣ хоҳад шуд ва оё маҳор кардани онҳо имкон дорад?» Фараҳманди Таманно, сарвари маркази таҳқиқоти стратегии назди вазорати корҳои хориҷии Афғонистон, гуфт, пас аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилал ягона баҳонаи Толибон, ки кишвар ишғол шудааст, аз миён меравад: «Толибон фарзандони Афғонистон ҳастанд. Ҳар гоҳ ки ба ҳукумат ворид шаванд, дар қудрат саҳим шаванд, қонуни Афғонистонро бипазиранд, ба зиндагии оддии худ баргарданд, ҳукумати Афғонистон аз онҳо истиқбол мекунад. Дасти онҳо ба гармӣ фишурда мешавад, аммо табиист, ҳукумат бо ҳар нерӯе, ки бар хилофи арзишҳои ба даст омада тайи 10 -12 соли ахир бошад, бо тамоми нерӯ хоҳад ҷангид».
Иддае аз коршиносон бо ишора ба Покистон, ки аксар вақт дар ноамниҳои ҳамсоякишвараш муттаҳам мешавад, мегӯянд, решаҳои ноамниву бесуботӣ на фақат дар Афғонистон, балки дар тамоми минтақа ҳанӯз қавиянд.
Хонмуҳаммад Вазирӣ, муовини вазири марзҳо дар замони ҳукумати Довудхон ва коммунистони Афғонистон, мегӯяд: «Феълан ҳам дар сарзамини Покистон дар абъоди васеъ марокизи онҳо дида мешавад. Танҳо дар Вазиристони Шимолӣ аз ҳамин қувваҳои маҷмӯии террористон гузориш дода мешавад. Ин барои чӣ аст? Амрико то ба ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки дар хоки Покистон ин марказҳоро ба паймонаи бузург таҳоҷум бубараду нобуд кунад. Аммо ин вазъ Покистонро қонеъ мекунад ва ҳамлаҳо сари марокизи террористӣ ҳоло бо ҳамлаҳои ҳавоӣ маҳдуд шудаанд. То он замон, ки ин марокиз аз байн бурда нашаванд, на фақат Афғонистон, балки ҷомиаи ҷаҳонӣ ҳам аз ин дарди сарҳо раҳо нахоҳад шуд».
Аммо иддае дигар аз коршиносон мегӯянд, Афғонистон тайи 12 соли ахир ба ҳукумати мутамарказ, суботи нисбӣ, нерӯҳои амниятӣ даст ёфт, бо кишварҳои ҷаҳон паймонҳои стратегӣ баст ва узвияти чандин созмонҳои ҷаҳониву байнулмилалиро ба даст овард, аз ин хотир, хуруҷи нерӯҳои байнулмилал аз ин кишварро наметавон ба маънои барбод рафтани дастовардҳои ҷаҳонӣ фаҳмид.