Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раббонӣ: "Имкон нахоҳем дод террористон ба Тоҷикистон осеб расонанд" ВИДЕО


Вазири умури хориҷии Афғонистон гуфт, ки ба ҳеҷ сурат ба гурӯҳҳои террористӣ имкон нахоҳанд дод, ки аз қаламрави он кишвар ба Тоҷикистон осеб расонанд. Салоҳиддин Раббонӣ рӯзи 16 феврал пас аз мулоқоташ бо Сироҷиддин Аслов дар Душанбе гуфт, ки бо ҳамтои тоҷикаш роҷеъ ба нигарониҳои амниятии ҳар ду кишвар сӯҳбат намуданд ва ҷониби Тоҷикистонро мутмаин карданд, ки ба ҳеҷ сурат иҷозат нахоҳанд дод, ки гурӯҳҳои тахрибкор аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон осеб расонанд.

Раббонӣ: "Имкон нахоҳем дод террористон ба Тоҷикистон осеб расонанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Сироҷиддин Аслов ва Салоҳиддин Раббонӣ, ки баъд аз мулоқот ва машваратҳои дуҷонибаи ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду кишвар, дар рӯбарӯи хабарнигорон сӯҳбат мекарданд, ба тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар чолишҳои амниятӣ дар минтақа, таъкид карданд.

Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон гуфт, ки ба гурӯҳҳои террористӣ имкон нахоҳанд дод, ки аз қаламрави он кишвар ба Тоҷикистон осеб расонанд.

Мақомоти Афғонистон пайваста мегӯянд, ки аъзои гурӯҳҳои ифротие ба мисли Ҳаракати исломии Узбакистон дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷамъ шудаанд ва дар ҳамин минтақаҳо тамрини ҷангӣ ва омодагӣ мегиранд. Мақомоти тоҷик ҳам борҳо аз таҷаммӯи гурӯҳҳои ҷангӣ дар минтақаҳои шимоли Афғонистон ҳаммарз бо вилоятҳои Хатлон ва Бадахшони Тоҷикистон нигаронӣ кардаанд.

Сироҷиддин Аслов ва Салоҳиддин Раббонӣ дар ин нишасти муштараки хабарӣ ба татбиқи тарҳҳои иқтисодӣ ва энежӣ дар минтақа таъкид намуда ва онро барои барқарории сулҳ дар Афғонистон зарур хонданд. Тарҳҳои минтақавӣ назири КАСА-1000 ва бунёди роҳи оҳани сеҷониба миёни Туркманистон, Афғонистон ва Тоҷиистон (ТАТ), аз муҳимтарин тарҳҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар ба шумор мераванд.

Сироҷиддин Аслов дар идомаи сӯҳбатҳояш гуфт, ки ду кишвар дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Созмони Ҳамкории Исломӣ ҳамкорӣ намуда ва Тоҷикистон аз узвияти комили Афғонистон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай пуштибонӣ менамояд.

Вазири умури хориҷии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ рӯзи 15 феврал бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Қарор аст Салоҳиддин Раббонӣ дар ҷараёни ин сафар бо раиси ҷумҳур ва раиси Маҷлиси Олии Тоҷикистон низ мулоқот карда ва дар бораи таҳкими муносибатҳо ва ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, транзитӣ, фарҳангӣ ва мубориза бо чолишҳои муштараки ду кишвар баҳс ва табодули назар намоянд.

Тоҷикистон бо Афғонистон марзи бештар аз 1300 километрӣ дорад, ки посбонии бисёре аз минтақаҳои он сахт аст ва харҷи зиёд металабад. Ин марзи тӯлонӣ яке аз роҳҳои қочоқчи маводи мухаддир аст ва солона дар он даҳҳо кӯшиши убури ғайриқонунӣ ва даргирӣ байни марзбонони тоҷику қочоқбарон ба қайд гирифта мешавад.

XS
SM
MD
LG