Вайва Катинейтит, як аккоси 29-солаи литвониёӣ, ки муқими шаҳри Прага аст, маҷмӯаи аксҳояшро аз Афғонистон, ба намоиш гузошт. Вай соли 2015 ба панҷ вилояти шимоли Афғонистон сафар карда буд ва танҳо 20 акси баргузидаашро пешкаши аврупоиҳо кард. Ба назари тамошобинон, дар намоишгоҳ акси ҷавонзане, ки ҳангоми бомбаборони ҷунбиши Толибон дар хонааш дар вилояти Форёби Афғонистон захм бардоштааст, бозёфти нодири аккос дониста шуд.
Вайва Катинейтит мегӯяд, ки таърихи гирифтани ин аксро хуб дар хотир дорад: "Қиссаи аксгирии ман хеле ҷолиб аст. Он кампири дар акс буда маро ба наздаш даъват кард ва куртаи он ҷавонзанро аз гиребонаш кушоду бо ишора ба ман гуфт, ки акс гир. Он духтарак бисёр шарм медошт ва намехост, ки ман акс гирам, аммо зани дар наздаш буда пофишорӣ мекард, то ман акс бигирам."
Вайва дар радифи ин акс даҳҳо тасвири дигарро зери номи рангҳои Афғонистон дар шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чех ба намоиш гузошт. Ӯ соли 2015 барои инъикоси вазъи феълии ин кишвари ҷангзада тавассути аксҳо ба панҷ минтақаи Афғонистон сафар карда буд. Вайва Катинейтит дар бораи ин сафари худ мегӯяд, пеш аз он, ки ба онҷо сафар кунад, тасаввур мекард танҳо рӯи ойинаи дастгоҳи суратгириаш рангҳои хокистариву зард намоён мешавад, чун осори ҷангу ғам фақат ин рангҳоро ифода мекунад. Аммо онҷо аксаран бо рангҳои сабзу гулобӣ рубарӯ шуд, ки баръакси тасаввураш буд.
Ин аккоси ҷавон дар муаррифии аксҳояш гуфт, ки бештар аксҳояшро на аз зовияи ҷанг ва зӯроварӣ, балки мубориза барои ормонҳои миллӣ ва ҳисси умед ба фардои мардуми Афғонистонро ифода менамояд. Мартина Масакова, сокини шаҳри Прага, ки Афғонистонро дар телевизионҳо ҳамеша ғарқи хуну мотам дидааст, мегӯяд, дар ин аксҳо рангҳои дигарро аз он кишвар пайдо кардааст.
Мартина Масакова мегӯяд, ки "бо вобастагӣ ба терроризм, ҷанг, маводи мухаддир симои ин кишвар ба маънии манфӣ муаррифӣ шудааст. Инҷо бештар таъсири расонаҳо бузург аст, ки онҳо танҳо ҳамин самти Афғонистонро инъикос мекунанд, на тарафи дигарро. Вале ин суратгир муваффақ шудааст, ки лаҳзаҳои хушбахтии сокинону кӯдаконро ҳам ҳам сабт кунад."
Афғонҳои муқими Прага мегӯянд, ки ҳарчанд як зани аврупоӣ ба кишвари ҷангзада рафтаву тасвир бардоштанаш кори бисёр нодир аст, вале метавонист Афғонистонро аз ин ҳам бештару беҳтар муаррифӣ созад.
Ба гуфтаи Ҷаббори Бариол, як шаҳрванди Афғонистон, сокини Прага, "аз нигоҳи композитсия, ки худи акс бояд чӣ чизеро ва чӣ саҳнаеро бозгӯ кунад, бояд каме коркард мешуд ва ба таври комил аксбардорӣ мегардид. Масалан, як аксе, ки дар он лаганди дастшӯӣ аст, бояд офтоба ҳам ҷой дода мешуд, ки саҳнаро пурра мекард. Барои аврупоиён ҳар як ҷузиёт муҳим аст ва шояд агар баъзе аксҳоро бурида пешниҳод мекард ҳам, боз ҷолибтар мешуд."
Вале Вайва Катинейтит мегӯяд, дар ин намоишгоҳ танҳо ҷузъе аз аксҳояшро пешниҳод кардааст ва садҳо акси дигарро дар бойгонии эҷодиаш нигаҳ доштааст. Вай ният дорад баҳори имсол боз ба Афғонистон сафар кунад ва садҳо акси дигарро ба хотираи таҷҳизоти аккосиаш сабт намояд. Муҳим аз ҳама, мехоҳад рангҳои Афғонистонро, ки дурбини вай сабзу рӯшан дидааст, дар намоишгоҳе ба сокинони онҷо низ пешниҳод кунад.