Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманаӣ хост, ки Аҳмадинажод президент нашавад


Маҳмуди Аҳмадинажод
Маҳмуди Аҳмадинажод

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ аз Маҳмуди Аҳмадинажод хостааст, ки дар интихоботи навбатии президентӣ дар Эрон иштирок накунад. Матни изҳороти Хоманаӣ рӯзи 26 сентябр дар вебсайти дафтари раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ нашр шуд. Интихоботи президентӣ дар Эрон тобистони соли оянда баргузор мешавад.

Маҳмуди Аҳмадинажод, аз ҷумла Ҳолокост ё қатли оми яҳудиёнро "афсона" ва омилҳои ҷанг дар Афғонистону Ироқро "мармузу торик" хонда буд.

Хоманаӣ дар бораи далели мухолифати худ бо номзадии дигарбораи Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури пешини Эрон, гуфтааст, "ширкат накарданаш ба нафъи худи ӯст ва агар дар интихобот иштирок кунад, боис ба эҷоди фазои дуқабатӣ дар Эрон хоҳад шуд". Изҳороти нави раҳбари Эрон дар шароите баён шудааст, ки Маҳмуди Аҳмадинажод аз моҳҳо пеш сафари худро ба вилоятҳои ин кишвар оғоз карда ва, ба гуфтаи бархе мақомҳои давлатӣ, ин сафарҳо ба худ либоси таблиғоти интихоботӣ гирифта буданд.

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ гуфтааст, "як оқо (Аҳмадинажод) омад пеши ман. Ман ҳам бо мулоҳиза ба салоҳи ҳоли худи он шахс ва салоҳи ҳоли кишвар гуфтам, ки дар фалон қазия (интихобот) ширкат накунед." Хоманаӣ изофа кард, вуруди Аҳмадинажод ба интихоботро ба зарари вай ва кишвар медонад, аммо дар ин замина амр ва наҳй накардааст. Ӯ афзудааст, ин тавсия ба Маҳмуди Аҳмадинажод дастур ё амр нест ва танҳо гуфта, ки салоҳ намедонад, вай дар интихобот ширкат кунад.

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ

Раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ гуфтааст, "инсон бояд он чизеро, ки мебинад ва мефаҳмад ва фикр мекунад, ки ба нафъи бародари муъминаш аст, бояд ба ӯ бигӯяд." Тайи рӯзҳои охир бархе аз чеҳраҳои усулгаро, аз ҷумла Муҳаммадризо Боҳунар эълон карда буданд, ки Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидоре бо Аҳмадинажод вайро аз номзадӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ боздоштааст.

Хоманаӣ дар бахши дигаре аз суханони тозаи худ гуфт, таҳти таъсири касе қарор надорад ва аз бисёре аз афрод иттилооти бештаре дорад ва аз фазои кишвар ғолибан бештар аз афроди дигар шинохт дорад.

Маҳмуди Аҳмадинажод дар тобистони соли 2005 раиси ҷумҳури Эрон интихобот шуда ва то соли 2013 раёсати Ҷумҳурии Исломиро бар уҳда дошт. Вай замоне ба курсии президенти Эрон нишаст, ки мири шаҳри Теҳрон ва фарди начандон шинохта буд. Ӯ дар интихоботи ҷанҷолбарангези соли 2009 низ бори дигар барои панҷ сол ба курсии раёсати ҷумҳури Эрон нишаст, вале бар хилофи давраи қаблӣ, дар панҷ соли ахири раҳбарии худ бо мухолифатҳои зиёде чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ рӯ ба рӯ шуд.

Маҳмуди Аҳмадинажод, аз ҷумла аз минбари Созмони Милали Муттаҳид қазияи Ҳолокост ё қатли оми яҳудиёнро «афсона» ва омилҳои ҷанг дар Афғонистону Ироқро "мармузу торик" хонд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Маҳмуди Аҳмадинажод
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Маҳмуди Аҳмадинажод

Бо ин вуҷуд, дар даврони раҳбарии Маҳмуди Аҳмадинажод, муносибатҳои Тоҷикистону Эрон дар сатҳи бисёр баланд қарор гирифт ва ба фарқ аз раҳбарони қаблии давлати Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод тавонист бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дӯстии хеле наздик пайдо карда, равобити, ба таъбири ҳарду, “бародарона”-еро ба роҳ андозад.

Тоҷикистон дар ивази кумакҳои саршори иқтисодии Теҳрон, аз Ҷумҳурии исломӣ дар истодагариаш дар баҳси барномаҳои ҳастаӣ бо Ғарб ҳимоят мекард ва ҳамеша ба зарурати ҳалли ин баҳс аз роҳҳои дипломатӣ исрор меварзид. Дар ҳар сурат, дар аҳди Аҳмадинажод нигоҳи қаблан ғайридӯстонаи Душанбе нисбат ба Теҳрон, ки аз ҳимояти Ҷумҳурии Исломӣ аз мухолифини исломии давлати Эмомалӣ Раҳмон дар даврони ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми Тоҷикистон маншаъ мегирифт, комилан иваз шуд ва Душанбе Эронро ба ҳайси як муттаҳиди муҳими худ дар арсаи минтақа ва ҷаҳон пазируфт.

Маҳмуди Аҳмадинажоди 59-сола баъди хотимаи раёсати ҷумҳуриаш барои тадрис ба донишгоҳ баргашт. Ӯ унвони номзади илм дар арсаи нақлиётро дорад ва қабл аз карйераи сиёсиаш дар донишгоҳ дарс мегуфт.

XS
SM
MD
LG