Бино ба гузоришҳои расида аз Эрон, Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлис ё парлумони Эрон ва намояндаи Қум рӯзи якшанбе, 10 феврал ҳангоми суханронӣ дар ҳарами Фотимаи Маъсума, яке аз зиёратгоҳҳои шиаён дар шаҳри Қум ба эътирози ҳаводорони кафанпӯши Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳур рӯ ба рӯ шуд. Лориҷонӣ дар ин макони муқаддас ба муносибати 34-ӯмин солгарди инқилоб суханронӣ мекард.
Аммо дар ҷараёни суханронии вай ҳаводорони Аҳмадинажод, ки тақрибан 100 нафар буданд, ба сӯи Лориҷонӣ мӯҳрҳои намозро мепартофтанд. Лориҷонӣ дар чунин вазъ маҷбур шуд суханрониашро қатъ кунад ва паси саҳна биравад. Мухолифатҳои ҷиноҳҳои Эрон дар ҳоле шиддат ёфтааст, ки маъракаи интихоботии раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар наздик мешавад.
Бино ба навиштаи сомонаҳои интернетии Эрон, пеш аз қатъи суханронии Алии Лориҷонӣ чанд нафар аз ҷонибдорони Маҳмуди Аҳмадинажод дар минбар пушти сари Алии Лориҷонӣ қарор гирифтанд ва бар зидди вай шиор медоданд. Вай ҳамоно ба суханрониаш идома медод. Ҳатто ба сӯи Лориҷонӣ кафшҳо ҳам партоб шуд ва ба вай лаънат мефиристоданд. Ҷонибдорони Лориҷонӣ пеши минбарро гирифта дастҳои худро боло бардоштанд, то мӯҳрҳо ва кафшҳо ба Лориҷонӣ барнахӯрад. Бо вуҷуди ин ҳаводорони Аҳмадинажод панҷараҳои қатори пешро чаппа карданд ва ба Лориҷонӣ, раиси парлумон ҳамлавар шуданд. Дар ин ҳангом посбонони Лориҷонӣ хостанд вайро аз ҳарами Фотима берун бибаранд. Вале боз ҳам ҳаводорони кафанпӯши Аҳмадинажод пеши роҳи вайро гирифтанд.
Хабаргузориҳои Эрон навиштаанд, ҷонибдорони Аҳмадинажод дар даст шиорҳои “Зинда бод баҳор!”, “Ту ба мо ҷуръати тӯфон додӣ” дар даст доштаанд.
Дар бораи сабабҳои ин моҷаро дар матбуоти Эрон хабаре ба нашр нарасидааст, вале таҳлилгарон мегӯянд, ки ин рӯйдод метавонад бо моҷарои ахири Лориҷониву Аҳмадинажод дар парлумон иртибот дошта бошад. 10 рӯз пеш зимни суханронии худ дар маҷлис Аҳмадинажод бародар ва аҳли хонаводаи Лориҷониро бо фасоди молӣ муттаҳам ва дар ин бора навореро ҳам дар парлумон пахш кард.
Ҳоло ин ду ҷониб, яъне Аҳмадинажод ва Лориҷонӣ, ки ҳар як мехоҳад вориди муборизаҳои интихоботӣ шавад, фасоди молии якдигарро ифшо мекунанд. Алиризо Кирмонӣ, таҳлилгари умури Эрон дар радиои Озодӣ мегӯяд:
“Оқои Аҳмадинажод бисёр алоқа дорад, ки яке аз наздикони вай раиси ҷумҳурии оянда бошад, то масири вай ва кори вайро дӯстонаш битавонанд идома диҳанд”.
Вале то ҳол ҷиноҳи Аҳмадинажод номзадии касеро эълон накардааст, зеро онҳо метарсанд, ки мумкин аст салоҳияти вайро барои интихобот таъйид накунанд. Бо назардошти чунин вазъ Аҳмадинажод хеле боэҳтиёт пеш меравад. Оқои Кирмонӣ мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд Шӯрои Нигаҳбон номзади ҷонибдорони Аҳмадинажодро рад хоҳад кард.
“Шаке нест, Шӯрои Нигаҳбон, ки салоҳияти номзадҳоро таъйид мекунад, салоҳияти номзади ҷонибдорони Аҳмадинажодро таъйид нахоҳад кард ва ин боиси боло гирифтани танишҳо дар Эрон аз ҳамин ҳоло шудааст”.
Оқои Кирмонӣ мегӯяд, дар Эрон ҳама нисбати якдигар парвандаҳои сӯистифодаи молӣ доранд ва ҳар гоҳ лозим шавад, ин парвандаҳоро ифшо мекунанд:
“Гуфта шудааст, оқои Аҳмадинажод, пеш аз давраи раёсати ҷумҳурӣ, вақте ки шаҳрдори Теҳрон будааст, наздик ба 80 миллион доллар гум шудааст, маълум нет, ки ба куҷо рафтааст”.
Дар гузашта Оятулло Хоманеӣ, раҳбари рӯҳонии Эрон аз Аҳмадинажод ҳимоят мекард ва мегуфт, ки “назари оқои Аҳмадинажод аз ҳама ба назари вай наздиктар аст”. Баъд аз ин суханон касе ба ин фасоди молии Аҳмадинажод пофишорӣ намекард. Вале ҳоло ин тавр нест ва доираҳои наздик ба Хоманеӣ барои раёсати ҷумҳурӣ дар бораи номзадии Алӣ Акбари Вилоятӣ, вазири хориҷаи даврони раёсати ҷумҳурии Рафсанҷонӣ, Ҳаддоди Одил, шахси наздик ба Хоманеӣ ва Қолибоф, шаҳрдори кунунии Теҳрон бештар сӯҳбат мекунанд.
Аммо дар баробари ин, парвандаҳои фасоди молии Аҳмадинажодро, ки ҳеҷ гоҳ баста нашуда буд, дубора рӯи об мебароранд.