Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳур дар ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон рӯзи 20 октябр бо сафирони Тоҷикистон ва Узбакистон муқими Кобул Шарофиддин Имомов ва Ёдгор Шодмонов ба таври ҷудогона мулоқот анҷом додааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Афғонистон, дар дидори Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо Шарофиддин Имомов, ки баъд аз зӯҳри рӯзи душанбе доир шуд, дар мавриди густариши равобити дуҷониба дар арсаҳои мухталиф, аз ҷумла нақлиёт, энержӣ, тарҳҳои зербиноӣ ва бунёди роҳи оҳан табодули назар сурат гирифтааст.
Ашрафғанӣ Аҳмадзай зимни сипос аз идомаи интиқоли барқи Тоҷикистон дар ҷараёни зимистон ба Афғонистон умедворӣ кардааст, ки Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа дар ояндаи наздик ба маркази энергияи барқ табдил мешаванд. Ба гуфтаи манбаъ, дар ин мулоқот Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Кобул гуфтааст, ки кишвараш омодааст дар арсаҳои мухталиф бо Афғонистон ҳамкорӣ намояд.
Афғонистон манотиқи шимолашро асосан аз ҳисоби барқи Тоҷикистон таъмин мекунад. Ин нукта дар рӯзҳои бебарқии зимистон ҳамеша мояи ҳадсу гумонҳое мешуд, ки мардуми Тоҷикистон худ барқ надораду давлат барқро ба он сӯи Ому мефурӯшад.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Афғонистон дар иттилоияи дигар мегӯяд, ки оқои Аҳмадзай рӯзи гузашта ҳамчунон бо Ёдгор Шодмонов, сафири Узбакистон дар Кобул мулоқот карда ва дар бораи бунёди роҳҳо ва масоили амниятӣ сӯҳбат намудаанд. Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар мулоқот бо сафири Узбакистон муносиботи он ду кишварро "таърихӣ" хондааст, ки ба гуфтаи ӯ, гувоҳи ин равобити таърихӣ, муносибот миёни шаҳрҳои Балх ва Бухоро мебошад.
Дар ин мулоқот Ашрафғанӣ Аҳмадзай гуфтааст, ки Афғонистон мехоҳад аз тариқи Узбакистон ба бозорҳои Аврупо роҳ ёбад. Ӯ бо ишора ба ин ки Узбакистон зарфиятҳои хуби сохтмонӣ, аз ҷумла муҳандисони ботаҷриба дорад, гуфтааст, ки кишвараш алоқаманд аст, то аз ин зарфиятҳо истифода намояд. Оқои Аҳмадзай хотирнишон кардааст, ки терроризм мафиатҳои муштараки ҳар ду кишвар ва минтақаро ба хатар андохтааст ва бинобар ҳамин алайҳи онҳо муборизаи ҷиддӣ бояд сурат бигирад.
Ишораи Аҳмадзай ба таҳдиду хатарҳо ба амнияти ду кишвар дар ҳолест, ки Ҳаракати исломии Узбакистон -- як гурӯҳи бархоста аз шаҳрвандони Узбакистон дар Вазиристони шимолии Покистон ва минтақаҳои шимолии Афғонистон фаъол аст ва ба амнияти дигар кишварҳои минтақа низ таҳдид мекунад.
Аммо сафири Узбакистон Ёдгор Шодмонов гуфтааст, ки кишвараш хоҳони сулҳу субот дар Афғонистон буда ва бо ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ ҳамкориҳояшро дар бахшҳои нақлиёт, энержӣ, бунёди роҳи оҳан, тиҷорат ва транзит бо Афғонистон густариш хоҳад дод.
Тоҷикистон ва Узбакистон -- ду ҳамсояи дар ба девор бо Афғонистон, садҳо километр марзи муштарак бо ҳам доранд ва дарёи Ому онҳоро аз ҳам ҷудо мекунад. Ба дунболи суқути режими Толибон дар Кобул, муносибатҳои миёни ин ду кишвар бо Афғонистон густариш ёфта ва ҳаҷми табодули молу коло ба миллионҳо доллар мерасад. Содироти барқ ба Афғонистон, рақобатеро дар ин бозор миёни кишварҳо ба бор овардааст.