Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оқоев дар нопадид шудани миллионҳо доллар муттаҳам мешавад


Камиссия давлатӣ ба хулосае расидааст, ки Аскар Оқоев ва 10 нафар ёронаш дар имзои қарордоди кони Кумтор ва гум шудани миллионҳо $ гумонбар ҳастанд.

Аммо Аскар Оқоев-раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ, иттиҳомоти марбут ба қарордоди кони Кумторро рад кард. Ин қарордодро дар соли 2003 ширкати “Киргизолтин”-и Қирғизистон бо ширкати Center Gold-и Канада имзо кард ва ҳоло он баҳсҳои зиёдеро дар порламон ва ҷомеа ба бор овардааст. Кони тиллои Кумтор дар шимоли Қирғизистон, дар баландии беш аз 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст ва ҳоло даромади он бештар аз 10 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Моҳи июни соли 2012, аз ҳисоби намояндагони порламон ва аъзои ҳукумат комиссияи ҳукуматӣ ташкил шуд ва он шарту шароити имзои қарордоди соли 2003-ро баррасӣ кард. Ин комиссия дар хулосаҳои худ 10 нафарро барои таҳия ва имзои ин қарордоди ғайриодилона муттаҳам кард.

Бо назардошти хулосаҳои коммисия хабарнигори РО аз Оқоев пурсид, ин қарордод дар давраи раёсати вай имзо шуд, чаро саҳмияи ҷониби Қирғизистон он вақт камтар буд?

Оқоев дар посух гуфт, ки дар давраи раҳбарии ӯ, яъне то соли 2005 ҳеҷ гоҳ чунин қарордод имзо нашудааст ва ӯ ҳеҷ гоҳ бар зарари кишвар ва мардуми худ ин гуна қарордодҳо имзо накардааст. “Дар давраи раёсати Боқиев додситонӣ ва ҳукумат ин қарордодро тафтиш карданд ва чизе наёфтанд. Вале ҳоло ҳама ангушти ишора ба сӯи ман баланд мекунанд”.

Аскар Оқоев мегӯяд, мехостанд, ки дар соли 2001 дар ин бора қарордод имзо кунанд, вале ҳукумати ӯ худдорӣ кардааст, зеро он вақт нархи тилло дар бозорҳои ҷаҳонӣ хеле поин, яъне аз 260 то 400 доллар барои ҳар килограмро ташкил медод ва наметавонист масорифи истихроҷи тиллоро пӯшонад. Вале дар соли 2003 вақте, ки нарх дар ҷаҳон боло рафт, зарурати истихроҷи тилло дар Қирғизистон дубора матраҳ шуд. Ба гуфтаи Оқоев, дар соли 2004 Қирғизистон даромади хуб гирифт: “Баъд аз имзои қарордод Қирғизистон дар соли 2004 1,5 миллиард доллар аз истихроҷи тиллои Кумтор ба даст овард. Ҳанӯз ҳам кор дар ин кон идома дорад, вале касе намепурсад, ки даромади он ба куҷо меравад”.

Оқоев мегӯяд, ки дар замони раёсати вай ширкати муштараки Канада-Қирғизистон бо номи Center Gold дар назди кони Кумтор Бунёди вижае ташкил кард ва аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои ширкат дар ин бунёд 86 миллион доллар ҷамъ шуд. Вале баъди барканории ӯ аз мақом ин пулҳо ғайб задаанд. Оқоев тамасхуромез мегӯяд, “магар ин пулҳоро барои инқилоб сарф кардаанд?”

Хабарнигор аз Оқоев пурсид, чаро қарордод соли 2003 дар порламон ба тасвиб нарасид, то баъд аз он роҳ барои иҷрои он боз шавад?
Оқоев мегӯяд, қабл аз имзои қарордод дар соли 2003 коршиносони мустақил ба Канада сафар карданд ва ҷиҳатҳои манфиву мусбати ин қарордодро омӯхтанд. Сипас онҳо хулосаҳои худро ба порламон ва ба ҳукумат фиристоданд. Ба таҳияи ин қарордод коршиносон ҷалб шуда буданд. Оқоев ба ин тартиб аз ҷавоби мушаххас ба ин суол мегурезад.

Аз Оқоев пурсида шуд, ки тибқи гуфтаҳо дар қарордод саҳми Қирғизистон бештар ва саҳми ширкати хориҷӣ камтар нишон дода шудааст, вале вақте, ки истихроҷи тилло сар шуд, ҳама чиз баръакс шуд. Бештари тилло ба хориҷа мерафт. Шумо бо ин суол чӣ мегӯед?
Аскар Оқоев ин суханонро иддаое беш намедонад ва мегӯяд, ки он ба ҳақиқат дуруст намеояд.

Дар соли 1994 Қирғизистон бо ширкати Cumtor-и Канада дар бораи истихроҷи тиллои Кумтор қарордоде дошт ва дар он саҳми Қирғизистон 67 дарсад ва саҳми Cumtor-и Канада 33 дарсадро ташкил медод. Хабарнигор бо такя ба хулосаҳои коршиносон мепурсад, агар ин қарордод дар шакли аввалӣ боқӣ мемонд, Қирғизистон метавонист 3-4 миллиард доллар ба даст орад.
Вале Оқоев ин гуфтаҳоро рад мекунад ва мегӯяд, ки танҳо баъд аз соли 2003 аз тилло даромади хуб ба даст меомад, чун нархҳо он вақт дар бозорҳои ҷаҳонӣ боло рафтаанд.

Аскар Оқоев моҳи марти соли 2005 дар поёни эътирозҳои мардумӣ Қирғизистонро тарк кард ва ҳоло устоди Донишгоҳи Маскав аст.
Вале ин нукта ҷолиб аст, ки кони тиллои Кумтор ҳамеша дар меҳвари фаъолиятҳои ҳукуматҳои мухталифи Қирғизистон қарор доштааст.
Масалан, Қурмонбек Боқиев низ дар давраи раёсати ҷумҳуриаш дар соли 2009 дар бораи кони тиллои Кумтор қарордоди нав имзо кардааст ва бар асоси он саҳми Қирғизистон 33 ва саҳми ширкати Cumtor-и Канада 67 дарсадро ташкил медиҳад. Ин қарордод то ҳол эътибор дорад.

Гузашта аз ин Қирғизистон 1600 ҳектор масоҳати атрофи кони Кумторро дар ихтиёри ширкати Канада гузаштааст, то онҳо дар ин майдон ҷустуҷӯи тиллоро давом диҳанд. Коршиносон мегӯянд, истихроҷи тилло дар умқи зиёд масорифи зиёд дорад, барои ҳамин Қирғизистон ба ин таносуби саҳмияҳо розӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG