Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди афзоиши аҳолӣ. "Амалиёт"-и дигар дар Русия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар Русия китоби наверо дар бораи оиладорӣ муаррифӣ карданд, ки барои хонандагони мактаби миёна пешбинӣ шудааст. Назарҳо яксон нест. Дастурамал аз он сар мешавад, ки вазифаи аввалини оила ба дунё овардани фарзанд аст. Дар саҳифаи сеюми китоб акси президент Владимир Путин дар канори хонаводаи серфарзанде аз вилояти Сахалин тасвир ёфтааст. Худи ӯ аз оилааш ҷудо шудааст.

Омӯзгор Дима Зитсер мегӯяд, “китоб аз панҷ бахш иборат аст ва шахсе бо насаби Останина ба мо мефаҳмонад, ки оила барои чӣ лозим аст. Ҳоло ҳайрон мешавед, оила барои зиёд кардани насл лозим будааст. Он ҷо гап дар бораи шумораи муайяни кӯдакон меравад. Ҳарчӣ бештар, ҳамон қадар беҳтар."

Муаллифони китоб ба хонандагони мактаб дар бораи имкониятҳои издивоҷ дар 18-солагӣ фаҳмонда, талаб кардаанд, ки намунаи “оилаҳои солим ва носолим”-ро биёранд.

Сергей Чернишов, таърихшинос ва бунёдгузори “Новоколлеҷ”, гуфт, "дилгиркунанда ва куҳна аст. Маълум аст, ки онро мансабдоре навиштааст. Ҳар хонандае, ки китоби синфи 8-умро мекушояд, дар саҳфаи сеюм онро мепӯшад.”

Замимаи диҷитол ё электронии китоб аз санҷишҳо иборат аст. Масалан, кӯдак бояд корҳои хонаро байни аъзои он тақсим кунад.

Дар Русия ба хонандагон дарси оиладорӣ меомӯзанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:34 0:00

Ҳаммуалифи китоби “Оилашиносӣ” – Ксения Мосунова дар Русия ҳамчун блогер, равоншинос ва муаллифи озмуни “Ин дар мо оилавист” маъруф аст. Ин озмун бо сарпарастии Владимир Путин мегузарад. Ба ҷуз “Оилашиносӣ” Мосунова ба омӯзиши ба номи илме бо номи “Родология” ё наслшиносӣ ё шаҷарашиносӣ машғул аст ва тибқи он ӯ мушкилу нокомии одамро ба ҳолатҳое рабт медиҳад, ки дар гузашта бо ниёкони ӯ рух додааст.

"Мафҳуме аст бо номи гени камбизоатӣ. Агар гузаштаҳои ту камбағал буданд, ин ба мо як осоре мегузорад. Мо аз пули зиёд метарсем, барои ба даст оварданаш талош ҳам намекунем,” – шарҳ дод Карина Мосунова, ҳаммуаллифи китоби “Оилашиносӣ” дар Русия.

Ба шуҳрати баҳсбарангези Мосунова, вакили маъруфи рус Андрей Клишас ҳам таваҷҷуҳ кард ва гуфт, ки кӯдакони ӯ ин китобро нахоҳанд хонд. Ҷонибдори машҳури сонсури интернет Елена Мизулина аз додситонӣ хост, Мосуноваро дар масъалаи қаллобӣ тафтиш кунад.

Сергей Чернишов, таърихшинос ва бунёдгузори “Новоколлеҷ”, гуфт, "ин китоби хеле шигифтангез аст. Дар он аз ҷанбаҳои динии издивоҷ дар Ислом ва Буддизм гирифта, то дастури ин ки пас аз издивоҷ бояд чӣ кор кард, оварда шудааст. Он ҷо боз чунин суолҳое ҳаст, ки масалан, оё издивоҷи Софӣ Берс ва Лев Толстой дар асоси муҳаббат ва эҳтироми ҳамдигар асос ёфта буд ё на? Ман, масалан, намедонам, ба ин суол чӣ посух диҳам. Вале кӯдакони синфи 8-ум бояд ҷавоб гӯянд.”

Дар маросими муаррифии китоб дар Маскав, вакил ва ҳаммуаллифи он Нина Останина гуфт, “яке аз ҳадафҳои ин тарҳи мо афзоиши аҳолии Русия аст.” Ӯ гуфт: "Ба мо барои таъмини истиқлоли миллӣ амалиёти махсуси демографӣ лозим аст. Амалиёт дар майдони ҷанг не. Майдони мо ин мубориза барои ҳифзи арзишҳои мо аст - арзишҳо бояд на танҳо дар оила, балки дар мактаб низ ҳифз карда шаванд.”

Ба ин тартиб, дар Русия дар доираи иқдоми "амалиёти махсуси демографӣ" дастикам дар се минтақа барои ҳомила шудани духтарони мактабхон ёрипулӣ ҷорӣ шуд. Баъзе аз коршиносон нигаронанд, ки ин метавонад ба ташвиқи ишқварзию зоймони пеш аз вақт сабаб шавад.

XS
SM
MD
LG