Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди радду бадал. Амрико ва Украина бар сари захираҳо ба созиш расиданд


Доналд Трамп ва Владимир Зеленский
Доналд Трамп ва Владимир Зеленский

Манбаъҳои огоҳ ба хабаргузории "Рейтерс" гуфтаанд, ки Амрико ва Украина бар сари пешнависи қарордоде, ки дастрасии Вашингтонро ба манбаъҳои табиии Украина дар ивази ҳимоят аз Киев фароҳам мекунад, ба созиш расиданд.

Гузориш рӯзи 25-уми феврал ва баъди он нашр шуд, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфт, Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ният дорад охирҳои ин ҳафта барои имзои қарордод ба Вашингтон сафар кунад.

Ба гуфтаи ду манбаи огоҳ, сафари Зеленский ба Вашингтон рӯзи 28-уми феврал, як ҳафта баъд аз он сурат мегирад, ки раҳбарони ду кишвар якдигарро танқид карданд.

Доналд Трамп, ки талош мекунад ба зудӣ ба ҷанги Русия дар Украина поин диҳад, гуфтааст, агар созише ба даст биояд, нерӯҳои сулҳбон бояд дар Украина ҷобаҷо шаванд. Аммо Маскав бо ҷобаҷойии нерӯҳои НАТО ҳамчун нерӯи посдори сулҳ мухолифат кардааст.

Шитоби Трамп барои поён додан ба ҷанги Украина ин нигарониро ба миён овардааст, ки Амрико мумкин аст имтиёзе ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бидиҳад, ки бо амнияти Украина ва Аврупо дар мухолифат қарор дорад.

"Рейтерс" менависад, ҳанӯз маълум нест, ки Украина ҳамон тавре ки мехоҳад, тавонистааст замонатҳои амниятӣ аз Амрико бигирад ё ин ки дар ивази манбаъҳои табиии худ танҳо ёриҳои низомии бештаре аз Вашингтон хоҳад гирифт.

Яке аз манбаъҳои огоҳ ба "Рейтерс" гуфтааст, ки баҳс миёни Киев ва Вашингтон дар бораи фиристодани кумакҳои низомии бештар барои Украина ҳанӯз идома дорад ва ба натиҷа нарасидааст.

Трамп ҳафтаи гузашта Зеленскийро "диктатор" хонд ва гуфт, ки ё бояд ҳарчӣ зудтар созиши сулҳро қабул кунад ё кишвари худро аз даст бидиҳад. Зеленский низ гуфт, ки раисҷумҳури Амрико "асир"-и маълумоти ғалати ҷониби Русия шудааст.

Як манбаи огоҳ ба шарти ифшо нашудани номаш ба "Рейтерс" гуфтааст, Кохи Сафед ба Зеленский пешниҳоди ин сафарро додааст. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти ду кишвар бо ин пешнавис мувофиқат кардаанд ва мехоҳанд, ки онро имзо кунанд.

Трамп аз Украина мехоҳад садҳо миллиард доллар кумакҳоеро, ки ҳукумати Ҷо Байден ба Киев кардааст, пас бидиҳад ва ин созиш метавонад имкони дастрасии Иёлоти Муттаҳидаро ба маъданҳои Украина фароҳам кунад.

Як манбаи огоҳи дигар низ гуфтааст, Зеленский дар сафари худ ба Вашингтон бо намояндагони Конгресс мулоқот хоҳад кард, аммо мумкин аст, ки ин барнома тағйир кунад.

Владимир Зеленский аз имзои пешнависи қаблии тавофуқи захираҳои маъданӣ худдорӣ карда ва гуфта буд, ки ин пешнавис ҳеч замонати амниятӣ барои Украинаро дар бар намегирад. Киев ҳамчунин эътироз карда буд, ки Вашингтон хоҳони дастрасӣ ба 500 миллиард доллар сарвати табиии Украина аст, дар ҳоле, ки кумакҳои ИМА ба Украина чанд маротиба камтар аз ин будааст.

Трамп низ дар посух ба ин суол, ки Украина дар ивази қарордоди захираҳои маъдан чӣ чизе дарёфт хоҳад кард, гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида то кунун 350 миллиард доллар, аз ҷумла, таҷҳизоти низомӣ, ба Киев додааст. Ӯ ҳамчунин дар посух ба ин суол, ки Амрико то чӣ вақт ба Украина таҷҳизоти низомӣ хоҳад дод, гуфт, "мумкин аст барои муддате идома кунад ё шояд то замоне ки бо Русия созише дошта бошем". Аммо ӯ дубора пешбинӣ кард, ки ҷанг метавонад ба зудӣ поён ёбад.

Украина дорои захираҳои бойи табиӣ аст, ки Иттиҳоди Аврупо онро маводи муҳим медонад. Ин захираҳо шомили маводи саноатӣ ва сохтмон, филизоти гаронбаҳо ва ғайриоҳанӣ ҳастанд. Захираҳои графити Украина низ 20 дарсад аз манбаъҳои ҷаҳониро ташкил медиҳад. Моддае, ки унсури калидӣ дар сохти батареяҳои мошинҳои электрикӣ ва реакторҳои ҳастаӣ аст.

XS
SM
MD
LG