Дар App Storе-и Эппл агар аппҳои вижа аз Тоҷикистон ҷустуҷӯ кунед, чизи зиёде пайдо намекунед, ба ғайр аз ду апп, ки бо забони англисӣ ва барои хориҷиён аст.
Яке аз ин эппликейшнҳо Go Study Tajik ном дорад, ки ба хориҷиён кӯмак мекунад, забони тоҷикӣ ёд бигиранд. Эппликейшни дуввум ба хориҷиёне, ки майли саёҳат ба Тоҷикистон доранд, кӯмак мекунад, то роҳгум назананд. Ин апп Travel to Tajikistan ном дорад ва дар бораи кишвар ва ҷойҳои дидании он маълумот медиҳад.
Аммо агар дар худи Тоҷикистон ҳам бошед, эппликейшнҳои махсус барои кишвар пайдо намекунед, зеро App Storе-и Эппл танҳо чанд вақт пеш ба рӯи Тоҷикистон боз шуд. Онгуна ки дар “Айком”, фурӯшгоҳи расмии Эппл дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аппҳои хосе ҳастанд, ки аз тарафи муҳандисони тоҷик таҳия шудаанд, вале дар бозор ҳанӯз онҳоро пайдо намекунед. Ба гуфтаи намояндагони “Айком” дар Тоҷикистон, бо афзоиш ёфтани маҳбубияти Айфон дар Тоҷикистон, ба истилоҳ “молҳои тоҷикӣ” дар бозори Эппл ҳам зиёд хоҳад шуд ва талош барои сохтани аппҳои тоҷикӣ зиёд аст.
Аммо агар мухлиси мусиқии тоҷикӣ ҳастед, интихоб дар бозори мусиқии Эппл, яъне Ай Тюн (iTunes) бештар аст. Аз ҷумла метавонед, таронаҳои овозхони фалаксарои маъруфи тоҷик Давлатманд Холовро тақрибан 10 доллар бихаред.
Аз байни овозхонҳои поп ва ҷавон дар бозори Эппл албоми таронаҳои Садриддини Наҷмиддин низ ҳаст, ки барои шунидани он дар Айфони худ бояд тақрибан 10 доллар бипардозед. Сабтҳои студияи “Суруш” бо номи Golchin 1, 2, 3 ва 4 ҳаст, ки гулчини таронаҳои овозхонҳои попи Тоҷикистон аст, ба мисли Шабнам, Манижа, Баҳром Ғафурӣ ва Сироҷиддини Фозилу Зикрулло ҳаст. Як таронаи гурӯғлӣ ҳам ҳаст, ки сабти замони Шӯравист ва онро ҳам метавонед, тақрибан ба қимати як доллар бихаред.
Ба ғайр аз инҳо, гимни замони Шӯравии Тоҷикистонро ҳам мефурӯшанд, ки шояд на ҳама муштоқи шунидани он бошанд. Воқеан, агар Шумо ҳам аппи махсусе дар бораи Тоҷикистон медонед, нависед.