...Набиҷон ҳамарӯза даҳ соат дар сартарошхонаи воқеъ дар як тангкӯчаи шаҳри Хуҷанд, дувумин шаҳри бузурги Тоҷикистон, машғули кор аст. Мизоҷони ӯ зиёданд. Набиҷон номи мустаори ин ҷавони хуҷандист ва ӯ мегӯяд, ки аз ин пеш одамон асосан барои мӯйсаргирӣ меомаданд, аммо ҳоло - бештар барои тарошидани риш. Акнун дар хиёбонҳои шаҳр одамони ришдорро тақрибан намебинед, - мегӯяд ӯ.
Эҳсоси хатар аз сӯи “Давлати исломӣ” ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро мақомоти Тоҷикистонро водор кардааст, ки барои аз бех баркандани ҳама омилу равандҳои “бегона”-ву хатарбори мазҳабӣ талош варзанд. Ва аз ин рӯ занони ҳиҷобпӯш ва мардоне, ки ришҳои дарозу ғӯлӣ доштанд, дар маркази таваҷҷӯҳ қарор гирифтанд. Баъзе мавридҳое буданд, ки ходимони пулис мардони ришдорро дар кӯчаву бозор таъқиб мекарданд ва идораи пулис мебурданд. Ва вақте раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи Модар дар моҳи март занони ҳиҷобпӯшро барои бегонапарастӣ танқид ва аз занони либоси миллипӯш ситоиш намуд, ҳама инро чун ҳушдор қабул карданд.
Дар натиҷа чеҳраи хиёбонҳои Душанбе каме дигар шуд. Ҳамзамон бо муваффақ шудани ҳукумат дар ҷилавгирӣ аз либоси мазҳабӣ пӯшидани тоҷикон, хатари тафриқа миёни ҷомеъаи дунявӣ ва мусалмонҳои муҳофизакор боло рафтааст.
Аз нигоҳи таҳлилгарон, дар ин гуна вазъ таъқибу саркӯбӣ метавонад натиҷаи баръакс диҳад ва ҳатто баъзеҳоро ба роҳи хатарнок ҳидоят кунад. Ҷон Ҳитершоу, таҳлилгари масоили Тоҷикистон дар Донишгоҳи Эксетери Бритониё мегӯяд, дар ҳоле баъзеҳо аз тарс дастурҳои ҳукуматро иҷро мекунанд, бархе дигар пинҳонкор ва ҳатто ситезаҷӯ мешаванд.
Тарс аз Исломи ситезаҷӯ дар Тоҷикистон бесабаб нест– дар кишвар ҳанӯз ҳам захмҳои ҷанги шаҳрвандӣ пурра шифо наёфтаанд. Ҳамагӣ бист сол пеш нерӯҳои исломиву демократӣ алайҳи нерӯҳои пуштибон алайҳи ҳукумат меҷангиданд. Дар ин ҷанг сад ҳазор нафар ҷон бохтанд.
Баъд аз ҷанг ҳам вазъ пурра ба эътидол наомадааст, мегӯяд Ҳелен Тибо, муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар донишгоҳи Монреали Канада. Ӯ ба ҳайси намуна аз фирори гурӯҳи зиндониён аз маҳбаси маркази шаҳри Душанбе ва набардҳо бо гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ дар водии Рашт дар соли 2010 ва ду бор – солҳои 2012 ва 2014 алайҳи ҳукумат бархостани гурӯҳҳои маҳаллии Бадахшон ёдовар мешавад.
МАНЪИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
Баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ ва имзои созиши сулҳи тоҷикон нерӯҳои мӯътадили исломӣ аз ягона ҳизби исломии сабтиномшуда дар минтақа соҳиби чанд курсӣ дар ҳукумат шуданд. Аммо манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва ҳабси гурӯҳе аз фаъолони ин ҳизб дар моҳи сентябри соли равон ин хатарро ба миён меорад, ки ҷойи холишудаи нерӯҳои мӯътадили исломиро гурӯҳҳои ифротгаро ишғол мекунанд.
Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари масоили мазҳабӣ, мегӯяд, ки афроди норозӣ аз мавқеи нарму таҳаммулпазири раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ дар сохтори ҲНИТ ҳамеша вуҷуд доштанд ва дар посух ба бархӯрдҳои ҳукумат дар баробари ин ҳизб аз раёсат иқдомҳои шадидтарро тақозо мекарданд. Вале ҳоло бо баста шудани ҳизб ва дар хориҷа будани раиси он, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки ҳамин бахши афроди норозиву тундрав “ташаббусро” ба дасти худ бигиранд. "Аъзои радикали ҳизб албатта орзу мекарданд, ки ҲНИТ пароканда шавад ва онҳо бо баҳонаи дилсардӣ аз ҳизб ба гурӯҳҳои радикали исломӣ бипайванданд. Онҳо ҳамеша Кабириро зери тозиёнаи танқид мегирифтанд, ки бо ҳукумати Тоҷикистон созиш карда буд. Акнун интиқод мекунанд, ки “дидед, чӣ тур шуд?”- гуфт Фаридун Ҳодизода.
Аз нигоҳи таҳлилгар, ин қазия шояд дар оянда барои ҳукумат мушкилсоз шавад, зеро баъид нест, ки ҲНИТ ба пинҳонкорӣ гузарад ва бештар радикалӣ шавад.
Баъд аз бастани ҲНИТ, ки дар қаламрави шӯравии собиқ ягона ҳизби расман сабтиномшудаи исломӣ буд, мухолифини мазҳабии Тоҷикистон акнун дар ҳукумат намояндае надоранд. ҲНИТ дар интихоботи баҳсбарангези парлумонии моҳи март ду мандати худро аз даст дод ва инак фаъолияташ расман манъ шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон иддао дораед, ки нишон додани "ҷойи" Ислом дар ҷомеъа барои қатъи парвариши афроди ситезаҷӯ ва пайвастани ҷавонони тоҷик ба сафи гурӯҳи "Давлати исломӣ" зарур аст. Додситонии кулли Тоҷикистон моҳи июли соли равон изҳор намуд, ки беш аз 420 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия ва Ироқ меҷанганд.
Ин иттилоъ ду моҳ баъд аз он нашр шуд, ки моҳи май нашри як навори видеоӣ дар интернет бо изҳороти фармондеҳи ОМОН-и вазорати умури дохилаи Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов дар бораи пайвастанаш ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” кишварро такон дод. Гулмурод Ҳалимов гуфт, ки ӯ ба маҳдудсозиҳои ҳукумат барои пӯшидани либоси мазҳабӣ дар мактабу идораҳо ва адои фаризаҳои мазҳабӣ, аз ҷумла, намозгузорӣ эътироз кардааст.
Тоҷикистон ҳамин тавр, моҳи сентябр шоҳиди як ошӯби дигар шуд. Дар ҳамлаҳо ба шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ваҳдат ва як бинои вазорати дифоъ дар шаҳри Душанбе беш аз 20 нафар ба ҳалокат расиданд. Сабабҳои ин ҳодиса то ҳол рӯшан нестанд, ҳарчанд ҳукумати Тоҷикистон билофосила ситезаҷӯёни исломӣ, аз ҷумла, муовини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзодаро дар талоши табаддулоти давлатӣ айбдор кард. Генерал Назарзода, ки фурсате барои изҳороти шифоҳӣ наёфт ва дар амалиёти низомӣ дар дараи Ромит кушта шуд, дар гузашта тавассути ҲНИТ дар ҳукумат мақом гирифта буд. Ва ошӯби ӯ дар ниҳоят сабаби асосии баста шудани ҲНИТ эълон гардид.
ОЗОДИҲОИ МАЗҲАБӢ ВА ДУРОҲАИ БӮҲРОНӢ?
Дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳоло теъдоди занону мардони мазҳабипӯш коҳиш ёфтааст, ки ин боиси хушнудии афроди дунявигаро шудааст. Вале бисёре аз мусалмонҳои муҳофизакор инро чун дахолат ба озодиҳои фардияшон арзёбӣ мекунанд.
Манзура, як зани мазҳабӣ, ки дар Душанбе мағозаи хурди атриёт дорад, мегӯяд, ӯ маҷбур шудааст либосеро интихоб кунад, ки ҳам ба Аллоҳ писанд аст ва ҳам ба ҳукуматдорон. Моҳе пеш мансабдорон ба ӯ гуфтанд, ки набояд либоси бегона ба тан кунад ва Манзура аз тарси он ки муҷаввизи фурӯши атриётро аз ӯ мегиранд, ҳиҷоби сиёҳро аз сар бадар кард. Акнун ӯ куртаи муҷаллали остиндароз ва поҷома мепӯшад ва сару гарданашро бо рӯймоли сурх мепечонад. "Акнун ҳама бадани ман аз рӯи қойидаҳои шариат пӯшонида шудааст," - мегӯяд Манзура.
Ҳамзамон бо маъракаи маҳдудсозиҳо дар роҳи дини ислом, ҳукумат таъқиби мухолифини дунявӣ ва афроди мӯътадилеро, ки метавонанд вазъи кишварро ноором кунанд, идома дод. Умаралӣ Қувватов, поягузории "Гурӯҳи 24", моҳи март дар шаҳри Истамбули Туркия ба таври асроромез кушта шуд. Хонаводаи ӯ дар ин куштор мақомоти Тоҷикистонро айбдор мехонад. Ҳизби дигари мухолифи давлат –“Тоҷикистони нав” билофосила баъд аз таъсисаш аз байн бурда шуд ва муассиси ҳизб Зайд Саидовро бо иттиҳоми таҷовуз ба номус ва ҷиноёти молиявӣ ба 29 соли маҳбас маҳкум карданд.
Ҷон Ҳитершоу мегӯяд, ки даҳ ё дувоздаҳ сол пештар фазо дар Тоҷикистон хело бозтар буд. Ҳам барои матбуот ва муҳимтар аз он барои ҳизбҳои зиёди мухолиф, ки метавонистанд ҳар изҳороти муҳимро пахш кунанд. Аммо ҳоло вазъ хеле фарқ мекунад, меафзояд ин пажӯҳишгар.
Норозигиҳо аз маҳдудиятҳо дар ҳолест ки Тоҷикистон дар вазъи басо мушкили иқтисодӣ қарор дорад. Ҳар нафари шашум дар дохили кишвар ҷойи кор надорад ва маҷбур аст, ки дар Русия кор карда ба хонаводааш пул фиристад. Чанде қабл Бонки Ҷаҳонӣ Тоҷикистонро “пойбандтарин кишвар аз маблағҳои муҳоҷирон” номид ва таъкид кард, ки бо бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия ва коҳиши қурби рубли русӣ рушди иқтисоди Тоҷикистон ҳам заъиф шуд. Ба иттилои ин ниҳоди молиявӣ, соли гузашта рушди маҳсулоти нохолиси дохилии Тоҷикистон 6,7 дар сад буд, дар ҳоле, ки як сол пеш рушди 7,4 дар сада сабт шуда буд. Ҳадс зада мешавад, ки соли 2015 рушди маҳсулоти нохолиси дохилии Тоҷикистон то 3,2 дар сад коҳиш меёбад.
Вазъи бади иқтисодӣ, маҳалгароӣ ва Исломи сиёсӣ – се омили асосии шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ баъд аз дарёфти мустақилияти Тоҷикистон номбар мешаванд. Мардум он вақт шиква мекарданд, ки ҳукумат ва иқтисодиёт дар қабзаи мансабдорони як вилоят ва баъзе аз раҳбарони замони шӯравӣ аст. Имрӯз ҳам мардум мегӯянд, ки мансабҳои волоро ҳамшаҳриҳои Эмомалӣ Раҳмон ишғол кардаанд ва намояндагони дигар манотиқи Тоҷикистон интихобе ба ҷуз мардикорӣ дар хориҷи кишвар надоранд.
..Набиҷон дар сартарошхонааш дар Хуҷанд аз серкорияш қаноатманд аст. Ӯ барои кӯтоҳ кардан ё тарошидани риш 5 сомонӣ (муодили 0.75 доллар) мегирад ва мизоҷон барои кӯтоҳ кардани мӯйи сар ҳам ба ӯ ҳамин маблағро мепардозанд. Ҳар як мизоҷи ӯ ба ҳисоби миёна се бор дар ду ҳафта ба сартарошхона меояд ва ин барои Набиҷон даромади хуб меоварад. Ва ӯ мегӯяд, ки аз сиёсати Эмомалӣ Раҳмон розист...