Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парванда алайҳи қотили сардори маҳбаси Кӯлоб


Додситонии вилояти Хатлон алайҳи маҳбуси маҳбасхонаи муваққатии Кӯлоб Умед Тешаев ба иттиҳоми куштори сардори ин муассиса, парванда боз кардааст.

Додситони вилояти Хатлон алайҳи маҳбуси Маҳбасхонаи муваққатии шаҳри Кӯлоб Умед Тешаев, ки сардори маҳбасхонаи ин шаҳр полковник Умар Қаюмовро рӯзи якшанбе ба қатл расонида буд, бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, парванда боз кард.

Парвина Ализода, сухангӯи Раёсати ислоҳии маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 18-уми феврал ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки рӯзи душанбе додситони вилояти Хатлон алайҳи маҳбуси Маҳбасхонаи муваққатии шаҳри Кӯлоб Умед Тешаев бо моддаи 104-и кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне бо амали куштори ваҳшиёна, парванда боз кард.Ба гуфтаи манбаъ, феълан аз тарафи муфаттишони додситонии вилояти Хатлон тафтишоти ҳодисаи куштори сардори СИЗО-и Кӯлоб полковники 65-сола Умар Қаюмов аз тарафи маҳбус Умед Тешаев, ки бо зарби қайчӣ ӯро куштааст, идома дорад.

Ба иттилои дафтари матбуотии раёсати ислоҳии маҳбасҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон, Умед Тешаев қаблан дар хонаи маишии «Ғайрат» сартарошӣ
мекардааст ва Умар Қаюмов, сардори маҳбасхонаи ин шаҳр барои ба тартиб даровардани мӯй сараш ба наздаш мерафтааст. Бинобар ин, вақте Умед Тешаевро ба СИЗО мебаранд, ҳамон ҷо ҳам Умар Қаюмов ӯро барои ба тартиб даровардани мӯй сараш даъват мекунад.

Иззатулло Шарифов: "Чунин ҳодисаро интизор набудем"

Як маҳбуси Маҳбасхонаи муваққатии шаҳри Кӯлоб Умар Қаюмов, сардори маҳбасхонаи ин шаҳрро ба қатл расонидааст. Дафтари матбуоти раёсати ислоҳии маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон душанбеи 17-уми феврал бо тасдиқи ин хабар ба радиои "Озодӣ" гуфт, дирӯз, якшанбеи 16-уми феврал, тақрибан соати 16:00, маҳбус Умед Тешаев сардори СИЗО-и Кӯлоб полковники 65-сола Умар Қаюмовро бо зарби қайчӣ куштааст.

Иззатулло Шарифов, сардори Сарраёсати зиндонҳои Тоҷикистон дар сӯҳбат ба «Озодӣ» бо тасдиқи хабар афзуд, ҷиҳати омӯзиши ҷузъиёти ҳодиса гурӯҳи корӣ равона шудааст. Вай афзуд: «Мо чунин як ҳодисаро интизор набудем. Ғайр аз ин шодравон раҳбари маҳбасхона низ интизор набуд ин амалро. Шояд худи ҳамон маҳбус низ намехост ин корро. Ҳоло тафтишот идома дорад. Аз рӯй қонун ҳар чизе ҳаст, бо далелҳо пешниҳод мешаванд. Ин дар ҳаёт ва таърихи система бори аввал аст чунин мешавад.»

Ба иттилои дафтари матбуотии раёсати ислоҳии маҳбасҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон, Умед Тешаев, ки қаблан дар хонаи маишии «Ғайрат» сартарошӣ мекардааст, Умар Қаюмов, сардори маҳбасхонаи ин шаҳр барои ба тартиб даровардани мӯй сараш ба наздаш мерафтааст. Бинобар ин вақте Умед Тешаевро ба СИЗО мебаранд ҳамон ҷо ҳам Умар Қаюмов ӯро барои ба тартиб даровардани мӯй сараш даъват мекунад.

Парвин Ализода, сухангӯй раёсати ислоҳии маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт: «Дар дохили СИЗО ҳам Умед Тешаевро ба назди роҳбари маҳбасхона мебаранд, ки мӯйи сарашро метарошаду дигар номаълум чӣ тавр ин корро анҷом медиҳад. Азбаски рӯзи якшанбе буд, бештари кормандон дар истироҳат буданд. Бинобар ин, дар зиндон дар назди раҳбари маҳбасхона касе набудааст.»

Тибқи иттилои ғайрирасмӣ Умед Тешаев қаблан дар хонаи маишии «Ғайрат»-и шаҳри Кӯлоб ба ҳайси сартарош кор мекард ва барои куштори як нафар бо 54 зарби корд зиндонӣ шуда буд. Додгоҳи Кӯлоб қаблан Умед Тешаевро бо ҷурми куштори Абдурасул Алиев ба 17,5 соли зиндон маҳкум карда буд. Умед Тешаев рӯзи 31 августи соли гузашта дар дохили сартарошхонаи худ дар маркази шаҳри Кӯлоб ба бадани Абдурасул Алиев 54 корд зада буд.

Он вақт гуфта мешуд, ки гӯё ин ду нафар додугирифти пулӣ доштаанд ва сабаби муноқиша ҳам муомилаи қарзӣ будааст. Ба гуфтаи як манбаъ, Абдурасул Алиев ба сартарошхонаи Умед Тешаев омада, дарро аз дохил маҳкам мекунад, вале баҳси онҳо дар ниҳоят ба кордкашӣ кашидааст.

Аммо ин дар ҳолест, ки мақомоти интизомии шаҳри Кӯлоб аз шарҳи қазия худдорӣ мекунанд. Сардори ШКД-и минтақавии Кӯлоб, Абдулваҳҳоб Искандаров дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиёи Озодӣ гуфт, шарҳи қазия ба онҳо рабт надорад: «Шарҳи ҳодиса ба салоҳияти прокуратура аст. На ба ШКД. Дуздиву роҳзанӣ мешуд, мо шарҳ медодем, аммо ин ба салоҳияти мо нест.»

Умар Қаюмов хатмкардаи факулати забони русии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб буда ва мактаби олии ҳуқуқшиносии вазорати корҳои дохилии Узбакистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос дар соли 1988 хатм намуда ва беш аз 20 сол дар низоми маҳбасхонаҳо кор кардааст. Тайи тақрибан 15 соли охир ӯ сардори маҳбаси Кӯлоб буд. Полковник Умар Қаюмов мебоист соли гузашта бознишаста мешуд, аммо бо дарназардошти хизматҳои шоистааш ӯро водор кардаанд, ки ба иҷрои вазифааш идома диҳад.
XS
SM
MD
LG