Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев: Фашистони замонавӣ сар баланд мекунанд


Барои нахустин бор як президенти ҷумҳурии Осиёи Миёна дар мазҳари ом аз фаъолияти гурӯҳҳои нажодпараст дар Русия ошкоро интиқод кард.

Дар рӯзи таҷлил аз 71-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизм, раиси ҷумҳурии Қирғизистон аз таҳдиди "фашизми муосир" дар Русия ҳушдор дод. Алмосбек Отамбоев рӯзи 9 май дар шаҳри Бишкек, дар маросими поси хотири қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳон гуфт, ки ҷавонони имрӯза набояд мафҳуми ғалабаро фаромӯш кунанд.

Отамбоев гуфт, "солҳои ҷанг садҳо ҳазор муҳоҷир аз Русия омада, дар хонаҳои сокинони Қирғизистон бо сарпаноҳ ва ғизо таъмин шуданд. Хонаводаҳои одӣ бо муҳоҷирони рус охирин пораи нон ва либоси худро тақсим карданд. Бисёр муҳоҷирон дар ин ҷо ватани дуюми худро пайдо карданд, фарзандони ятим соҳиби волидони нав шуданд. Ман дар ин бора мехостам, ки ба шаҳрвандони Русияи бародар ёдовар шавам, дар маконе, ки, мутаассифона, фашистони замонавӣ – скинҳедҳо сар боло мекунанд."

Президент Отамбоев дар идома гуфт, ки баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бисёр сокинони Қирғизистон маҷбур шуданд дар Русия барои рисқу рӯзӣ бираванд. "Саноат ва соҳаи кишоварзӣ хароб шуд ва садҳо ҳазор шаҳрванди Қирғизистон маҷбур шуданд барои кор ба Русия раванд. Онҳо намегӯяд, ки онҳоро бепул нону хона диҳанд. Онҳо маҷбуранд барои худ

ва оилаҳояшон рӯзӣ ҷустуҷӯ кунанд ва саҳми худро ба иқтисоди Русия гузоранд. Онҳо ҳақ доранд, ки аз Русия эҳтиром ва қадрдониеро интизор бошанд, ки замоне дар солҳои душвори ҷанг қирғизҳо ба муҳоҷирони Русия пешкаш кардаанд," - таъкид дошт ӯ.

Нигарониҳои Алмосбек Отамбоев дар заминаи фаъолияти гурӯҳҳои нажодпараст дар Русия дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳафтаи гузашта дар метрои шаҳри Маскав гурӯҳи ҷавонҳое боздошт шуданд, ки дар заминаи бегонаситезӣ ба чор шаҳрванди Қирғизистон ҳамла карданд. Пулис ин афродро боздошт карда, аз рӯи моддаи "авбошӣ" парванда боз намуд ва зоҳиран эътирофи худи боздоштшудаҳоро дар бораи узви "гурӯҳи скинҳед" будан ва дар заминаи бегонаситезӣ анҷом додани ин ҳамларо нодида гирифт.

Вале ин барои нахустин бор аст, ки як раҳбари ҷумҳурии Осиёи Марказӣ аз минбари баланд ва ҳам ошкоро дар ин бора бо лаҳни интиқодӣ сӯҳбат мекунад.

Отамбоев: Муҳоҷирон ҳақ доранд қадрдонӣ шаванд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00

Дар гузашта, дар Тоҷикистон ва ё кишварҳои дигари ин минтақа ҳамлаҳои бераҳмонаи гурӯҳҳои бегонаситез ба сокинони минтақаи Осиёи Марказӣ бештар вокуниши шадиди ҷомеаи шаҳрвандиро ба бор овардааст, то мақомоти

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

маҳаллӣ. Таҳлилгари тоҷик Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, ки ёд надорад кадоме аз раҳбарони минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон ба чунин лаҳн аз гурӯҳҳои бегонаситез дар Русия интиқод карда бошанд.

Ӯ гуфт, далели ин ки Отамбоев дар ҷашни Ғалаба дар ин бора сӯҳбат кард, бештар ба шахсияти ӯ бастагӣ мегирад, ки одат дорад озодона ва дар мазҳари ом назарашро ба масоили доғ баён кунад. Айни замон, ба гуфтаи Муллоҷонов, дар Тоҷикистон мақомот дар ингуна ҳолатҳо бештар дар андешаи инанд, ки равобитро бо Русия бад накунанд.

Баъд аз ҳодисаи ахири марги мармуз ва фоҷеабори тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров дар як идораи пулиси шаҳри Санкт-Петербург Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар мулоқоташ бо раиси ҳукумати Русия Дмитрий Медведев дар Душанбе таҳқиқи одилонаи ин қазия ва муҷозоти гунаҳкоронро тақозо карда буд.

Ин вокуниш баъд аз чанд моҳи баҳсу баррасиҳои шадиди ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам матбуоти тоҷик ва рус садо дод.

XS
SM
MD
LG