Аун Сан Су Ҷӣ, барандаи ҷоизаи Нобел, ки амалан раҳбари ҳукумати Мянмар аст, бори аввал пас аз оғози хушунатҳо дар минтақаи мусалмоннишини Роҳинҷа ва овора шудани садҳо ҳазор нафар "хушунати ғайриқонунӣ" ва "ҳама нақзи ҳуқуқи башар" дар он минтақаро маҳкум кард.
Хабаргузории "Ройтерз" рӯзи 19-уми сентябр гузориш дод, ки Аун Сан Су Ҷӣ ҳамчунин эълом кард, "алайҳи ҳама афроде, ки бар хилофи қонуни кишвар амал мекунанд ва ҳуқуқи башарро нақз менамоянд, чора хоҳем андешид. Новобаста аз онки динашон, нажодашон ва мавқеияти сиёсиашон чист."
Су Ҷӣ дар изҳороти нави худ гуфтааст, ки бидуни нажод ва мавқеияти сиёсӣ ва дин, афроде, ки дар хушунатҳо даст доштанд, дар назди қонун ҷавоб хоҳанд дод.
Хонум Су Ҷӣ ваъда додааст, ки барои баргардондани қисме аз 410 ҳазор мардуми оворашуда ба Мянмар талош мекунад. Ин барандаи Ҷоизаи Нобел ҳамчунин аз инки афроде дар ин даргириҳо дучори ранҷу мусибат шудаанд, изҳори таассуфи амиқ кардааст.
Аун Сан Су Ҷӣ дар изҳороти худ аз артиши Мянманр, ки қудратро дар даст дорад, интиқод накард ва танҳо гуфт, аз панҷуми сентябр ба ин тараф ҳеҷ гуна амалиёти низомӣ дар ин кишвар аз сӯи артиш анҷом нашудааст. Вай гуфт, аз инки мешунавад шумори зиёде аз мусалмонон ба тарафи марзи Бангладеш мегурезанд, нигарон аст ва ҳукумати ин кишвар дар ҷустуҷӯи сабабҳои ин беруншуданҳои густурда мебошад.
Бо вуҷуди ин изҳорот, ниҳодҳои ҳуқуқи башар ҳамчунон Аун Сан Су Ҷиро интиқод намуда ва мегӯянд, ки хонум Су Ҷӣ ва ҳукумати ӯ хушунатҳо ва нақши артиш дар онро нодида гирифтанд. Хушунатҳо дар Мянмар аз авохири моҳи август оғоз шуд. Мақомоти Мянмар мегӯяд, ки ниманизомиёни мусалмони мухолифи ҳукумати он кишвар дар оғоз даст ба ҳамла заданд ва артиш ба онҳо посух додааст.
Бар асари ин ҳамлаҳо садҳо тан аз мусалмонони Роҳинҷа кушта ва даҳҳо ҳазор тани дигар овора шуданд. Хонум Аун Сан Су Ҷи ҳамчунин гуфтааст, ки Мянмар зери фишорҳои байналмилалӣ дар ин замина қарор намегирад ва дар пайи ёфтани "роҳи ҳалле пойдор" барои поён додани ин даргириҳо аст.
Созмони Милали Муттаҳид амалиёти густурдаи артиш дар минтақаи Роҳинҷа дар ғарби Мянмарро, наслкушӣ номидаааст. Аун Сан Су Ҷи, мушовири баландпояи ҳукумати он кишвар, ки ба таври амалӣ раҳбарии ин кишварро ба ӯҳда дорад, бидуни ишора ба ин иттиҳом, афзудааст, ки кишвараш аз қонун итоат мекунад ва ба он пойбанд мебошад. Вай дар як суханронӣ дар пойтахти он кишвар, нақзи ҳуқуқи башар ва "хушунатҳои ғайриқонунӣ"-ро маҳкум карда ва афзудааст, ки Мянмар ба сулҳу субот ва ҳокимияти қонун пойбанд аст.
Аун Сан Су Ҷӣ, ки солҳо ба ин тараф ба унвони қаҳрамони демократияхоҳӣ дар кишваре бо аксарияи буддоӣ ва ҳукумати низомиён шинохта мешуд, пас аз хушунатҳо алайҳи мусалмонон, ба шиддат мавриди интиқод қарор гирифтааст. Су Ҷӣ дар изҳороти нави худ аммо гуфтааст, ки бидуни нажод ва мавқеияти сиёсӣ ва дин, афроде, ки дар хушунатҳо даст доштанд, дар назди қонун ҷавоб хоҳанд дод.
Ҳодисаҳои Мянмар вокуниши бисёре аз кишварҳои ҷаҳонро барангехт. Амрико рӯзи душанбеи 18-уми сентябр аз раҳбарони ин кишвар хост ба хушунатҳо поён диҳанд ва барои паноҳандагони имкони расонидани кӯмакҳои башадӯстона ва бозгашт ба хонаҳояшонро фароҳам кунанд.
Нозирони ҳуқуқи башар мегӯянд, чораҳои хушунатомези артиш, ба ҳадафи коҳиши шумораи мусалмонон ва ба таври барқасдона сурат гирифтааст. Артиши Мянмар ин иддаоро рад карда ва мегӯяд, барои дифоъ аз ҳамлаҳои шибҳинизомиёни мусалмон, маҷбур шуд даст ба ҳамлаи низомӣ бизанад.
Дар ҳамин ҳол, вазири умури хориҷии Чин низ ба Дабири кулли СММ гуфтааст, ки Пекин аз талошҳои ҳукумати Мянмар барои ҳифзи амнияти миллӣ ва пешгирӣ аз ҳамлаҳои хушунатбори ахир дар минтақаи Роҳинҷа, ҳимоят мекунад. Мусалмонони Роҳинҷаи Мянмар, ки беш аз як миллион нафар ҳастанд, аз тарафи ҳукумати ин кишвар ҳамчун муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва на шаҳрвандони мянмарӣ, шинохта мешаванд.
Аун Сан Су Ҷӣ аз вожаи "роҳинҷаӣ" барои хитоб кардани ақалияти мусалмони ин кишвар истифода накард, аммо гуфт, ки ҳукумат талош мекунад байни мусалмонон ва будоиёни ин кишвар сулҳу субот ва ҳамбастагӣ ба вуҷуд оварад.
Ба гуфтаи вай, ҳукумати Мянмар ният дорад тавсияҳои як ҳайати мустақили таҳқиқ ба раҳбарии Куфи Анон, дабири кулли пешини СММ барои беҳбуд ва муҳофизат аз ҳуқуқи башар дар ин кишварро низ амалӣ кунад. Мушовири баландпояи ҳукумати Мянмар ҳамчунин гуфт, афроде, ки ба унвони муҳоҷир дар ин кишвар шинохта мешаванд, бидуни ҳеҷ мушкиле дар амнияти комил ба кӯмакҳои башардӯстона дастрасӣ хоҳанд дошт.