Қирғизистон яке дигар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба зудӣ пӯшидани ниқоби исломиро манъ мекунад, ки либоси дарози сиёҳест, аз сар то ба пойи занонро ба ғайр аз чашмонашон мепӯшонад. Аз рӯзи якуми феврал агар касе дар Қирғизистон бо ниқоб бигардад ва ба дасти маъмурони милиса афтад, то 20 ҳазор сом ва ё 230 доллар ҷарима мешавад.
Ҳиҷобу риш аз дер боз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, масъалаи доғ ва мавриди баҳси ҷомеа аст, чун ҳукуматҳои дунявие доранд, ки афзоиши нуфузи ислом ва мазҳабӣ шудани ҷомеа метарсанд. Вакилони мардумии Қирғизистон гуфтаанд, ки манъи ҳиҷоб бинобар таъмини амният зарурист, чун иҷоза намедиҳад, ҳуввияти инсон шиносоӣ шавад. Мухолифон мегӯянд, ки манъи пӯшидани ниқоб занонро аз ҳаққи интихоби либос маҳрум мекунад.
“Бахше аз арзишҳои мост”
Манъи ниқоб бар асоси Қонун дар бораи танзими дин аст. Содир Ҷабборов. Онро рӯзи 21-уми январ имзо кард ва дар матни қонун ба ҷойи ниқоб калимаи “фаранҷӣ” омадааст, ки дар Осиёи Марказӣ дар гузашта истифода мешуд, вале ҳоло нест. Айни замон пӯшидани либосе манъ аст, ки “имкон намедиҳад, шахс дар идораҳои ҳукуматӣ ва маконҳои умумӣ шинохта шавад.” Дар Осиёи Марказӣ зери ин мафҳум ниқобро дар назар доранд.
Вакилони мардумӣ ва рӯҳониёни тарафдори давлат таъкид мекунанд, ки қонуни нав пӯшидани ҳиҷобро манъ намекунад, ки фақат сару гардани занро аз “номаҳрамон” пӯшида нигаҳ медорад. Қирғизистон ҳоло ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба занону духтарон иҷоза медиҳад, ба мактабу муассисаҳои давлатӣ бо ҳиҷоб ворид шаванд.
Соли гузашта вақти пешниҳоди қонун ба вакилон, Нурланбек Шакиев, раиси порлумон гуфт: “Ҳеҷ маҳдудияте дар пӯшидани ҳиҷоб нахоҳад буд. Модарону хоҳарони мо ҳамеша ҳамчун анъана аз барои дин ҳиҷоб мепӯшиданд.” Пӯшидани ниқоб дар кишварҳои арабӣ маъмулӣ аст. Агарчӣ дар Қирғизистон набуд, вале солҳои ахир дар байни занони муҳофизакори кишвар роиҷу роиҷтар мешавад.
Баҳсу ҷадалҳои сахт
Баҳсҳои доғ дар бораи ниқоб дар Қирғизистон солҳои дароз аст, ки идома дорад. Афзудани теъдоди занони ниқобпӯш сабаб шуд, ки 10 сол пеш дар Қирғизистон маъракаеро ба зидди он ва бо номи “Мо куҷо равонаем” ба роҳ андозанд. Шарофатхон Маҷидова, яке аз вакилони мардумӣ соли 2023 баъди сафараш ба вилояти ҷанубии Ӯш маъракаи дигареро ба роҳ андохт, чун ба гуфтаи ӯ аз дидани теъдоди зиёди занони ниқобпӯш ба ваҳшат афтод. Ӯ дар як ҷаласаи порлумон гуфт: “Ҳар чаҳорумин зан дар Ӯш ниқоб мепӯшад ва теъдоди онҳо рӯз ба рӯз меафзояд.”
Дар маъракаи Маҷидова, ҳамчунин риши мардонро ҳам ҳадаф гирифтанд, ки аломате аз муҳофизакории динӣ дониста мешавад. Вакили қирғиз аз ҳукумат ва порлумон хост, ки пӯшидани ниқоб ва риши дарозро манъ кунанд, зеро барои амнияти кишвар “хатарнок” ҳастанд.
Идораи муфтиёти Қирғизистон, ки тобеи ҳукумат аст, ошкоро гуфтааст, ки “пӯшидани ҳиҷоб барои занон фарз аст, аммо ниқоб не.” Ба қавли мунтақидон қарори ҳукумат, занонро аз ҳукумат дур мекунад ва ё занони ниқобпӯшро дар инзиво ва ё танҳоӣ мегузорад.
Ба номи амният
Дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ба мисли Қазоқистону Тоҷикистону ва Узбекистон пӯшидани ҳиҷоб дар мактабу муассисаҳо ва идораҳои давлатӣ манъ кардаанд. Маъмурони интизомӣ дар Тоҷикистону Туркманистон ва Узбекистон ҷавонони ришдарозро дар кӯчаву бозорҳо дошта ва маҷбур ҳам кардаанд, ки покиза онро битарошанд.
Саркӯби озодиҳои динӣ ҳамеша бо номи “таъмини амният ва муҳофизаи анъанаҳои миллӣ” пеш бурда мешавад. Мақомоти Осиёи Марказӣ таъкид мекунанд, ки либосҳои миллии онҳо ҳеч камие аз ҳиҷобу дигар либосҳои исломӣ надорад ва бар фармудаҳои шариат дар бораи либоси занон мувофиқ аст.
Туркманистон пӯшидани ниқобро расман манъ накардааст, вале аз занон талаб мешавад, ки дар ҷойи кор ва маконҳои умумӣ либоси миллӣ бипӯшанд. Айни замон аз ин кишвар ҳам гузориш шудааст, ки ба занон фармон додаанд, ҳиҷобашонро бадар кунанд. Дар Тоҷикистон пайваста пӯшидани либоси миллӣ тарғиб мешавад ва пӯшидани “либосҳои бегона”-ро ишорае ба либосҳои исломист, кори нодуруст ва хилофи расму русуми миллӣ меноманд.