"Мегӯянд, "резултат" дода метавонед?"
Рамазони Хуршед, намояндаи Додситонии вилояти Суғд, боздошт ва ҳабси Атмия Азимоваро натиҷаи “муроҷиати чанд шаҳрванд” донист. Вай дар нишасти матбуотӣ дар оғози моҳи август гуфт: “Бар асоси қисми дуи моддаи 247 (қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Бо сабаби барқарор накардани зарари расида чораи пешакии ҳабс татбиқ гардид.”
Вай афзуд, ки Азимова аллакай аз озодӣ маҳрум карда шудааст, аммо муҳлати зиндони ӯро нагуфт. Барои қаллобӣ дар қонуни ҷиноии Тоҷикистон аз 5 то 8 сол зиндон пешбинӣ шудааст.
Атмия Азимоваро дар баҳори имсол бар асоси парвандае, ки Шуъбаи корҳои дохилии Хуҷанд боз кард, дастгиру зиндонӣ карданд. Мавқеи худаш, вакили мудофеъ ё наздиконаш ба ҳукми нави ӯ маълум нест.
Худаш як сол пеш дар суҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бар асоси шикояти чор коршарикаш ӯро тафтиш доранд. Ҳарчанд исрор дошт, ки бо онҳо мушкил надорад ва дар зери косае нимкосае ҳаст.
"Агар қарзи чор нафарро дар умум гӯем, гап дар бораи 70 ҳазор сомонӣ меравад. Ҳозир ҳам маҳсулоти онҳоро гардонда метавонам. То ба 100-200 ҳазор сомонӣ бор мегирам ва мефурӯшам. Дар як мавсим то 400 ҳазор сомонӣ ба мардум кӯрпа дӯхта медиҳем," – гуфта буд ӯ.
Атмия Азимова дар ҳамин видео аз санҷишу фишори маъмурони милиса дар Хуҷанд низ шикоят дошт: "Мегӯянд, "резултат" дода метавонед ё барои натиҷа ҳамкорӣ карда метавонед? Ман гуфтам, ҳоло бо ин корҳо машғул нестам ва барои ҳамин аз чор тараф пул гирифта кор мекунам. Барои он ки ба кори ҳаром даст назанам."
Вокуниши мақомоти умури дохилӣ маълум нест.
"Халал ба ҳаёти озодонаи шахс"
Атмия Азимова дар соли 2013 бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир ҳашт сол зиндонӣ шуда, бар асоси қонуни афв пеш аз муҳлат озод шуд. Сипас коргоҳи дӯзандагиро барои ҳамтақдиронаш таъсис дод.
Ҳоло дари корхонааш бо санади бе муҳру имзои масъулони нозирони андоз бастааст. Сохтмони бинои коргоҳеро, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сар карда буд, низ нотамом монд.
Ҳомиёни ҳуқуқи инсон бо таваҷҷуҳ ба қазияи Атмия Азимова мегӯянд, зиндониёни собиқ дар Тоҷикистон аз ҷумлаи шахсони осебпазир ҳастанд.
"Баъзе аз маҳкумшудагон аз даъвату бозпурсӣ ва зери назорати қатъӣ қарор доштанашон мегӯянд. Аз нуқтаи назари онҳо ин ба ҳаёти шахсӣ, ба ҳаёти озодонаи онҳо халал мерасонад. Дар ҳақиқат, суол медиҳанд, ки чӣ хел бояд бошад. Дар кадом ҳолатҳо назорат кардани онҳо тибқи қонун раво аст," -- гуфт ҳуқуқдон Дилафрӯз Самадова.
Дар зиндону боздоштгоҳҳои Тоҷикистон тақрибан 15 ҳазор нафарро нигоҳ медоранд. Тақрибан панҷсад нафари онҳо зан ҳастанд. Баъзе аз онҳо бар асоси қонуни афв ва бархе дигар бо адои ҳукм озод мешаванд.
"Табъиз ва бекории занони собиқи зиндонӣ дар Тоҷикистон" як нигаронии Созмони Милал ва созмонҳои дигар аст. Мушкиле, ки Атмия Азимова мехост як гӯшаашро ҳал кунад, аммо ба орзуяш нарасид.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед: