Баъд аз таътили солинавӣ дари корхонаву бозорҳо дар Русия боз шуд ва мақомоти ин кишвар дигарбора ба “шикор”-и муҳоҷирон оғоз кардаанд.
Нерӯҳои пулис ва Горди Миллии Русия рӯзи 14-уми январ дар “Принтс Плаза”-и Маскав (назди метрои “Теплий стан”) даҳҳо муҳоҷирро дастгир намуданд.
Дар наворҳое, ки корбарон ба Радиои Озодӣ фиристоданд, саҳнаи фирори муҳоҷирон дида мешавад. Бархе даст пушти ҳам дар назди мошини пулис тасвир ёфтаанд.
Пайвандони яке аз муҳоҷирони боздоштшуда рӯзи 15-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, "пулис ба касе раҳм накард. Тақрибан 300 муҳоҷирро, ки аксарашон тоҷикистонӣ буданд, бо худ бурд." Номи мусоҳиби мо ба далели амниятӣ нашр намешавад.
Расонаҳои Русия навиштанд, даҳҳо муҳоҷире, ки будубошашон қонунӣ набуд, дар маркази “Принтс Плаза”-и Маскав боздошт шуданд.
Мақомоти Русия мегӯянд, соли 2024 беш аз 80 ҳазор муҳоҷирро аз Русия ихроҷ кардаанд. Маълум нест, чӣ теъдоде аз онҳо муҳоҷирони тоҷик ҳастанд. Ҷониби Тоҷикистон гуфта буд, ки танҳо дар ним соли аввали 2024 17 ҳазор тоҷик аз Русия ронда шуданд.
Видеоро дар инҷо бинед: