Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пуламонро мехоҳем, на ҳабсашро." Баҳси қариб $3 млн. дар Душанбе


Ин афрод худро ҷабрдида мешуморанд
Ин афрод худро ҷабрдида мешуморанд

Гурӯҳе аз сокинон дар Душанбе иддао доранд, ки соҳибкор Одинамо Давлатова бо ваъдаи овардани электромобил ё худравҳои барқии арзон аз тақрибан 80 кас ҳудуди 30 миллион сомонӣ (қариб 3 миллион доллар) гирифта, ваъдаашро иҷро накардааст. Ин зан ҳоло дар боздошт аст. Наздиконаш аз суҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ карданд.

Эмомалӣ Сагизов, сокини шаҳри Душанбе, ки худро ҷабрдида мешуморад, рӯзи 28-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, моҳи ноябри соли 2024 ба Одинамо Давлатова барои харидани даҳ мошин тақрибан якуним миллион сомонӣ супурда буд

"Се-чор мошин гирифтаму тамом. 775 ҳазор сомонии ман дар дасташ мондааст. На пули боқимондаро гирифтам, на мошинҳои ваъдагиро," – шикоят кард ӯ.

Тавре сокинон нақл карданд, барои харидани мошин асосан аз бонк ва шиносҳо қарз гирифта буданд ва ҳоло дар вазъияти ногуворе мондаанд.

"Ӯ ваъда кард, ки бо 160 ҳазор сомонӣ мошини "Aion" меорад, лекин наовард. Қаблан бо чашми худамон дидем, ки мошини чанд нафарро ҳуҷҷат карда дод. Бовар кардем, ки фиреб намедиҳад. Ҳоло мефаҳмем, он вақт худравҳоро аз Хуҷанд оварда, ба муштариён бо нархи арзон медодааст. Барои ҷалби боварӣ, барои пул ҷамъ кардан," -- иддао кард Азамат Мустафоқулов, сокини шаҳри Душанбе.

Азамат ва ҳамроҳонаш барои харидани электромобил расман бо ширкати "Давлатова Саида" қарордод доранд. Дар он муҳлати дастрас кардани мошинҳо ба муштариён то як моҳ пешбинӣ шудааст.

Видео дар инҷост:

"Мошин наоварданд, аз пуламон маҳрум шудем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар миёнаҳои моҳи феврали имсол дар асоси шикояти муштариён Одинамо Давлатова, мудири ширкати "Давлатова Саида"-ро бо гумони қаллобӣ дастгир кард.

Яке аз шахсони наздик ба Одинамо Давлатова бе зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот ӯро як дафъа раҳо карда, вале дигарбора боздошт намудаанд. Вай афзуд: "Қариб ду моҳ якҷоя кор кардем. Он вақт чунин мушкилӣ набуд. Писараш дар Чин буд. Пулро ба ӯ равон мекард. Писараш аз он тараф ба Тоҷикистон мошин мефиристод. Дигар чизеро намедонам."

Раҳоӣ ва дигарбора боздошт шудани Давлатоваро афроде, ки худро ҷабрдида медонанд, низ тасдиқ карданд. Усмон Имомов, яке аз ҳамсуҳбатони дигари мо, гуфт, "ба муфаттиш ваъда додааст, ки 15 рӯз озод кунед, пули мардумро бармегардонам. Пулро надод, боз маҳкам карданд. Мо мехоҳем, пуламонро баргардонад, ҳабси ягон кас ба мо фоида намеорад."

Радиои Озодӣ рӯзи 28-уми март ба пайвандон ва вакили мудофеи Одинамо Давлатова муроҷиат кард, аммо посухе нагирифт. Худи ин зан дар суҳбати пешинааш гуфта буд, ки бо сабаби ид дар Чин роҳҳо муваққатан баста шуд ва ӯ сари вақт натавонист мошинҳоро ба муштариён расонад.

Мақомот ҳам ба ҷуз аз нашри як хабарномаи расмӣ қазияро шарҳ надодаанд. Дар ин байн онҳое, ки садҳо ҳазор сомонии худро "гум" кардаанд, мунтазири посух мондаанд.

XS
SM
MD
LG