Дар ин мулоқот созишномаи истихроҷи маъданҳои Украина, ки ҳадафи аслии мулоқот буд, ба имзо нарасид ва нишасти матбуотии муштарак низ баргузор нагашт.
Трамп дар бори вохӯрӣ дар пойгоҳи иҷтимоии худ Truth Social навишт: "Мо имрӯз дар Кохи Сафед мулоқоти хеле пурмазмун доштем. Бисёр чизҳое фаҳмида шуд, ки бе чунин суҳбат дар зери чунин оташ ва фишор ғайри қобили фаҳм буданд. Он чӣ ки ба воситаи эҳсосот берун меояд, аҷиб аст ва ман муайян кардам, ки президент Зеленский ба Сулҳе, ки дар он Амрико ширкат кунад, омода нест, зеро вай эҳсос мекунад, ки ширкати мо ба ӯ дар музокирот бартарии калон медиҳад", - навиштааст Трамп дар паёми худ. "Ман бартарӣ намехоҳам, ман СУЛҲро мехоҳам. Вай ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Дафтари Гирди азизи мо беэҳтиромӣ кард. Ӯ метавонад, вақте баргардад, ки омодаи сулҳ бошад."
Зеленский Кохи Сафедро пеш аз муҳлат дар пайи мулоқоте тарк кард, ки дар он ӯ ба ӯҳдадориҳои амниятии ИМА таъкид кард ва гуфт, ки “набояд бо қотил созиш кард” ва бо ин ошкоро ба президенти Русия Владимир Путин ишора кард, дар ҳоле ки Трамп гуфт, Украина бояд гузашт кунад ва Киев бояд аз ҳимояти ИМА сипосгузор бошад.
Рӯзи 28 феврал, пас аз дастфишорӣ дар нахустин мулоқот баъди ба қудрат расидани Трамп дар моҳи гузашта, ду раҳбар дар назди дурбинҳо гуфтугӯи сард дошта, бо баланд кардани садо баҳсеро идома доданд, ки Трамп як ҳафта пеш оғоз карда, Украинаро оғозгари ҷанг ва Зеленскийро "диктатор" номида буд.
Трамп, ки баъд аз президент интихоб шудани Зеленский дар соли 2019 бо ӯ муносибати душвор дошт, гуфт: "Шумо аслан ҳамчун каси миннатдор рафтор намекунед. Ин чизи хуб нест." Вай афзуд, “бо чунин шева кор кардан хеле сахт хоҳад буд.”
"Шумо ҳаёти миллионҳо одамро ба қимор мегузоред",-- гуфт Трамп. "Шумо бо Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ қиморбозӣ доред ва коре, ки шумо мекунед, хеле беэҳтиромист ба кишваре, ки аз ончӣ бисёриҳо мегӯянд, бештар пуштибониятон кардааст."
Дар наворҳои видеоӣ аз рафти мулоқот дида мешавад, ки Трамп ва Зеленский сухани якдигарро мебуриданд ва президенти ИМА ба меҳмони худ гуфт: "Кишвари шумо гирифтори мушкили бузург аст. Шумо ғалаба накарда истодаед... Шумо як имкони худодод доред, ки ба воситаи мо аз ин мушкил хуб берун шавед... Шумо қартае надоред." Дар посух Зеленский гуфтааст, ки ба ин ҷо барои қартабозӣ наомадааст.
Таваҷҷуҳ ба ин мулоқот аз он ҷо буд, ки дида шавад, оё Иёлоти Муттаҳида ба ҳимояти бештар аз Украина майл хоҳад кард ва чӣ гуна замонати сулҳро бо Русия хоҳад дод.
Интизор мерафт, ки ду ҷониб созишномаи умумии дастрасии Амрикоро ба маъданҳои Украина имзо кунанд. Пеш аз ҷанҷол Зеленский ба хабарнигорон дар Кохи Сафед гуфт, ки ӯ умедвор аст, ки созишномаи истихроҷи маъданҳо барои Украина як қадаме ба пеш хоҳад буд ва гуфт, ки мехоҳад бо Трамп муфассалтар сӯҳбат кунад, ки Иёлоти Муттаҳида барои кишвараш чӣ корҳо хоҳад кард.
Трамп гуфт, ин созиш бо Киев "хеле одилона" хоҳад буд ва оташбас дар ҷанги Русия зидди Украина "бисёр наздик аст". Вай гуфт, ки Украина бояд ба созиш расад.
Пеш аз дидор дар Кохи Сафед, Зеленский бо як ҳайати дуҷонибаи Сенат, ки Украина дар он аз пуштибонии қавӣ бархурдор аст, мулоқот кард. Вай дар ин дидор ба зарурати идомаи кӯмаки низомӣ таъкид намуд. Вай инчунин бо Франклин Грэм, як пешвои евангелист, ки дар дохили ҳизби ҷумҳурихоҳон нуфуз дорад, мулоқот кард. Дар давоми рӯз Зеленский дар Пажӯҳишгоҳи Ҳудзон, як маркази таҳлилии консервативӣ суханронӣ хоҳад кард.
Дар арафаи мулоқот бо Зеленский Трамп дар гуфтугӯ бо вазири умури хориҷии Бритониё Кейр Стармер, муносибаташ бо Украинаро нармтар карда буд ва ба суханони вазир, ки чаро ӯ Зеленскийро "диктатор" номид, гуфт, "Оё ман инро гуфтам? Ҳеч бовар намекунам, ки ман инро гуфта бошам."
Трамп инчунин гуфта буд, ки ба Зеленский "бисёр эҳтиром" дорад ва украиниҳо "хеле далерона мубориза бурданд".
Президенти ИМА ҳамчунин созишномаи коркарди маъданҳои Украинаро тарҳи бузурге барои рушд номида, гуфта буд, ки ин тавофуқ ба Иёлоти Муттаҳида имкон медиҳад, қисме аз кумакҳои се соли ахираш ба Украинаро ҷуброн кунад ва ҳамзамон рушди иқтисодии Украинаро таъмин намояд.
Гуфтугӯ