Бар асоси як дастури шифоҳии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ирсоли СМС ё паёмак тариқи ҳама ширкатҳои мобилии кишвар дастнорас шудааст. Манбаи Радиои Озодӣ дар яке аз ширкатҳои мобилии кишвар ин иттилоъро тасдиқ кард, аммо навбатдори “ТСЕЛЛ” ба хабарнигори мо, ки аз хадамоти ин ширкат истифода мекунад, гуфт, "далелаш мушкили фаннист" ва афзуд, "ҳамаи масдудиятҳо баъди 11 октябр бардошта хоҳанд шуд".
Масъулони Хадамоти алоқа ҳам дар посух ба суоли хабарнигори мо гуфтанд, “шояд мушкили фаннӣ бошад”, аммо кӯшишҳо ва санҷишҳо нишон доданд, ки аз тариқи ҳеч ширкати мобилӣ намешавад паёмак ирсол кард. Ҳатто онҳое, ки дар "баланс"-ашон маблағе надоранд, наметавонанд, ба хонавода ва дӯсти худ паёмак фиристанд, ки "муштарӣ занги Шуморо интизор аст".
“Сайтбандӣ” дар Тоҷикистон
“Сайтбандӣ” дар Тоҷикистон дигарбора дар сархати ахбори расонаҳои дохиливу хориҷӣ қарор гирифта, мояи нигаронии сокинон, бавижа онҳое шудааст, ки кору зиндагиашон бо интернет пайванд дорад.
Сарчашмаҳои гуногун шумораи сомонаҳои “басташуда”-ро байни 200 то 300 тахмин мезананд, аммо касе то ҳол дақиқ намедонад, ки чанд сомона ва мушаххасан кадом торнамоҳо дастнорас шудаанд?
Роҳбари Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет Асомуддин Атоев, ки рӯзи 7 октябр бо Озодӣ сӯҳбат мекард, низ мегӯяд, рӯшан нест, оё феҳрасти мушаххаси вебсайтҳои масдудшуда вуҷуд дорад ё на? Ӯ афзуд: “Мо ҳоло талош дорем, бифаҳмем, ки ҳамин рӯйхат ҳаст ё на. Аммо дар ҳар сурат тахмин зада мешавад, ин ба ҳамон навори таҳқиромез( посухи соҳибкори фирорӣ Шарофиддин Гадоев ба фишори мақомоти Фархор ба аҳли хонаводаи ӯ - Озодӣ) вобаста аст. Ба ҳар сурат, танзимгари соҳа бо роҳҳои ғайриқонунӣ дастрасӣ ба интернетро масдуд мегардонад, вале бо чунин шева онҳо наметавонанд ба ҳадаф бирасанд. Баръакс бо ин кор таваҷҷӯҳро ба ҳамон бештар мекунанд.”
Корбарон мегӯянд, аз субҳи якшанбе ба ин тараф шабакаҳои Фейсбук, Вконтакте, YouTube ва чанд сомонаи дигари хабарии дохилию хориҷӣ барои муштариёни ширкатҳои интернетрасони Мегафон, “Сатурн”, Tcell, “Мегафон” ва “Билайн” маҳдуд шудааст. Муштариёни ширкати “Бабилон” баръакс мегӯянд, ки онҳо ҳоло дар дастрасӣ ба ягон сомона мушкил надоранд. Масъулони интернет-кафеҳои Душанбе мегӯянд, муштариёни онҳо аз тариқи сомонаву барномаҳои садшикан метавонанд ба дилхоҳ сомонаву шабака воридшудаву аз онҳо истифода кунад: “Масалан Фейсбук, Ютюб дар ин маркази интернетии мо, ки аз интернети ширкати Сатурн истифода мекунад, баста аст. Аммо муштариён тариқи анонимайзер ё дигар барномаҳо вориди ин сомонаҳо шудаву навору маълумотҳои зарурии худро мегиранд.”
Вале ончӣ бори аввал садо медиҳад, ин аст, ки чандин садшикан ва анонимайзерҳо низ акнун дар Тоҷикистон баста шудаанд ва яке аз корбарони фаъоли Фейсбук Абӯсаиди Хуҷандӣ менависад, ҳар садшикане, ки ӯ истифода мекунад, пас аз чанде дастнорас мегардад. Вай изҳори ҳайрат кардааст, ки шояд барномаи махсусе садшиканҳоро низ ҳадаф қарор додааст.
Бисёре аз ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, розӣ нестанд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ва умуман интернет бо ҳадафҳои сиёсӣ ё ҷудоиандозӣ истифода шаванд. Аммо, меафзоянд онҳо, сайтбандӣ ҳам сабаб мешавад, ки мардум ва кишвар осеб бинанд.
Ҷамшед, як мусоҳиби мо, ки дар ширкати атриёт кор мекунад, мегӯяд, кори онҳо бештар ба муошират аз тариқи интернет вобаста аст ва бо масдуд шудани сомонаҳо онҳо ҳам зиёни молӣ мебинанд: “Мо бештар аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бояд бо ширкатҳои хориҷӣ ва муштариёни худ сӯҳбат мекунем. Ва ҳар бор басташавии сомонаҳо ба кори мо мушкил ва ба тиҷоратамон зарар мерасонад. Албатта, ин 2-3 рӯз шояд чандон зарари ҷиддӣ наорад, аммо аз он нигаронем, ки дар сурати идома кардани ин вазъ кори мо ҳам бештар зарар хоҳад дид.”
Аммо Шавкат, мусоҳиби дигари мо, ки дар соҳаи сайёҳӣ фаъолият дорад, мегӯяд, сайтбандиҳо дар Тоҷикистон метавонад ба соҳаи ҷаҳонгардӣ таъсири манфӣ расонда, боиси боз ҳам коҳиш ёфтани шумори сайёҳон дар ин кишвар гардад: “Аз ҳама чизи асосӣ барои онҳо интернет аст. Масалан, як сайёҳ мехоҳад бидонад, ки дар куҷо як хизматрасонии нав барои сайёҳон аст, вале наметавонад ба сомонаи дилхоҳ ворид шаваду бубинад. Барои соҳаи туризм интернет бисёр муҳим аст. Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки сомонаҳо баста мешаванд, аммо вақте ба ширкатҳои интернетрасон занг мезанӣ, мегӯянд, намедонем, сабабаш чист? Ҳатто худи ширкатҳо намедонанд. ”
Расман шумори корбарони интернет дар Тоҷикистон наздик ба 4 миллион арзёбӣ мешавад ва теъдоди муштариёни алоқаи мобилӣ бо назардошти онки бархе чанд шумораи телефон доранд, 11,3 миллион шумурда мешавад.
Қисман маҳдуд будани интернет дар Душанбе дар ҳолест, ки дар шимоли кишвар аксар сокинон 3 рӯз боз ба интернет комилан дастрасӣ надоранд. Сокинони вилояти Суғд мегӯянд, танҳо аз тариқи телефон ва тавассути баъзе ширкатҳои дастраскунандаи интернет, мешавад аз сомонаву оҷонсиҳои интернетии хабарӣ истифода кард, аммо роҳи онҳо ба шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамоно бастааст.
САҲА: Тоҷикистон дастрасии озод ба Интернетро таъмин кунад
Cозмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) шоми 7 октябр бо пахши як изҳорот масдуд шудани даҳҳо сомонаи интернетӣ дар Тоҷикистон, бо шумули Vkontakte, YouTube ва Facebook-ро раванди нигаронкунанда номид. Дуня Миятович, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот дар пайи дастнорас шудани сомонаҳо дар Тоҷикистон аз мақомоти ин кишвар хост, то дастрасии бидуни маҳдудият ба Интернетро таъмин кунанд.
Дуня Миятович дар изҳороташ гуфт, “батакрор масдуд кардани сомонаҳои интернетӣ дар Тоҷикистон дар чанд моҳи охир раванди ташвишовар ва нороҳаткунанда мебошад. Чунин навъҳои иқдомоти маломатомез ба ҳуқуқи бунёдии башар барои дарёфт в анашри маълумот, ҳамчунин ба озодии матбуот зиён меорад.”
Тақрибан аз 3 октябр ширкатҳои интернетрасон дар Тоҷикистон, бино ба хабарҳо, дастрасӣ ба даҳҳо сомонаву шабакаи иҷтимоиро маҳдуд карданд. САҲА мегӯяд, дар бораи маҳдудиятҳо дар роҳи дастрасӣ ба интернети мобилӣ аз шимоли Тоҷикистон низ гузоришҳо ба даст мерасанд, вале мақомоти Тоҷикистон ҳар навъ даст доштани худ дар дастнорас шудани сомонаҳоро рад мекунанд. Дуня Миятович гуфт, “мақомот масъули таъмини дастрасии бидуни маҳдудияти тамоми мардум дар Тоҷикистон ба иттилоъи чопиву интернетиянд. Ҳар навъ маҳдудияти эҷодшуда бояд дар чорчӯби қонун, мутаносиб ва бар асоси ҳукми додгоҳ сурат бигирад.”
САҲА танҳо дар соли ҷорӣ инак бори сеюм аст, ки аз дастнорас шудани сомонаҳои интернетӣ дар Тоҷикистон интиқод мекунад.