Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатари пулшӯӣ ва таъмини терроризм: Тоҷикистон дар ҷои 3-юм


Дар як раддабандӣ Тоҷикистон аз лиҳози таҳдиди афзоиши шустушӯи пул ва таъмини молии терроризм дар байни 152 кишвар ҷои сеюмро гирифтааст.

Бино ба таҳқиқоти нави Пажӯҳишгоҳи идоракунӣ, марказаш дар Базели Швейтсария, Тоҷикистон аз нигоҳи таҳдиди афзоиши шустушӯи пул ва таъмини молии терроризм дар байни 152 кишвари дунё дар мақоми сеюм меояд. Ин гузориш бо номи Basel Anti-Money Laundering Index (Шохиси зидди пулшӯии Базел) танҳо таҳдиди афзоиши шустушӯи пул ва таъмини молии терроризм дар Эрону Афғонистонро аз Тоҷикистон болотар дарёфтааст. Тибқи ҷадвали 10-баллии муҳаққиқони швейтсарӣ, таҳдиди афзоиши шустушӯи пул ва таъмини молии терроризм дар Эрон 8,59, дар Афғонистон 8,48 ва дар Тоҷикистон 8,26-ро ташкил медиҳад.

Дар даҳгонаи кишварҳои рӯбарӯ ба чунин таҳдид ҳамчунин 5 кишвари қораи Африқо – Гвиней-Бисау(дар ҷои 4-ум), Мали(5), Мозамбик(7), Уганда(8) ва Свазиленд (дар мақоми 9-ум) ва ду кишвари осиёӣ – Камбоҷа (ҷои 6-ум) ва Мянмар ё Бирма (дар мақоми 10-ум) ҷой гирифтаанд.

Ва баръакс кишварҳои аз таҳдиди афзоиши шустушӯи пул ва таъмини молии терроризм поктарини дунё аксар аз қораи Аврупо будаанд. Тибқи ин ҷадвали 10-баллӣ, мизони чунин таҳдид барои Финландия, барои мисол, ҳамагӣ 2,53, дар Эстонияя 3,19 ва дар Словения 3,41 баровард шудааст.

Ба ин тартиб, аз миёни кишварҳои пасошӯравӣ афзоиши шустушӯи пул ва таъмини молии терроризм камтар аз ҳамаба Эстония ва аз ҳама бештар ба Тоҷикистон таҳдид мекунад. Украина, ки баъди Тоҷикистон дар байни кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷои дуюм меояд, дар раддабандии умумӣ дар ҷои 42-юм, Қирғизистон дар ҷои 56 ва Русия дар мақоми 57-ум омадаанд.

Муаллифони ин гузориш мизони аз ҳама пойинтарини таҳдиди афзоиши шустушӯи пул ва таъмини молии терроризмро дар Узбакистон мушоҳида кардаанд. Ин кишвар дар раддабандии Шохиси зидди пулшӯии Базел дар зинаи 107-ум қарор дорад.

Пажӯҳишгоҳи идоракунии Базел бори чорум аст, ки Шохиси зидди пулшӯияшро нашр мекунад.

Муаллифони гузориш гуфтаанд, ки раддабандии кишварҳоро бар асоси 14 нишондиҳанда бар пояи маълумоти бози созмонҳое, ки FATF (Financial Action Task Force, ё Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул), Бонки ҷаҳонӣ, созмони “Шаффофияти байналмилалӣ” ва Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ таҳия кардаанд. Ин 14 нишондиҳанда, ки баҳои умумии ҳар кишвар бар асоси он муайян карда мешавад, аз ҷумла то куҷо иҷро шудани муқаррароти зидди пулшӯӣ, сатҳи фасод, меъёрҳои молиявӣ, омилҳои сиёсӣ ва ҳукми қонун дар ин кишварҳоро дар бар мегирад.

Муаллифон мегӯянд, вазъ дар Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон назар ба як соли пеш тағйир наёфт ва ба ин далел, онҳо дар сархати кишварҳои рӯбарӯ ба таҳдиди афзоиши пулшӯӣ ва таъмини молии терроризм боқӣ монданд.

Аммо ин дар ҳолест, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли гузашта хабар дода буд, ки FATFТоҷикистонро аз “рӯйхати сиёҳ”-и кишварҳои таҳти назораташ берун кардааст. Душанбе бо ифтихор эълон карда буд, ки ба ин тартиб, “Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ба зинаи баландтар баромад.” Бино бар иттилоияи дафтари матбуоти Бонки миллӣ, FATF рӯзи 24 октябр қарор кардааст, ки "бино бар пурра мутобиқ гардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсияҳои FATF ва мавриди амал қарор гирифтани онҳо, Тоҷикистон аз реҷаи мониторинг бароварда шуда, ба қатори кишварҳое, ки комилан ба талаботи ин ташкилот ҷавобгӯ ҳастанд, ворид карда шавад.“

3 сол пеш дар Бонки миллии Тоҷикистон идораи мониторинги молӣ ташкил шуд, ки як вазифаи умдааш ҷилавгирӣ аз маблағҳои ғайриқонунӣ ба дастомада, сармоягузории терроризм ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ аст. Ҳамин тавр дар моҳи марти соли 2013 Тоҷикистон дар Кодекси ҷиноияш бандҳоеро ворид кард, ки барои пулшӯӣ ҷазоҳои шадидтар таъйин мекунад.

Душанбе то кунун дар бораи кадом мавридҳои мушаххасу сабшудаи пулшӯӣ дар Тоҷикистон гузориш надодааст, вале бархе чунин маворид дар пайи аудити Бонки Миллӣ дар соли 2008 рӯ зада буд. Дар пайи он аудит аз ҷумла дар бораи беш аз 800 миллион доллар пулҳое сӯҳбат мешуд, ки дар раванди ҳаллуфасли масъалаи қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор “обулой” шудааст. Аудити Бонки Миллӣ ҳамчунин нишон дода буд, ки бархе аз ширкатҳо, корхонаҳо дар минтақаҳои офшори Бритониё, Амрико ва Қибрис, намояндагиҳои худро номнавис карда, даромадҳои худро дар бонкҳои хориҷӣ ва асосан дар минтақаҳои офшори барои Душанбе дастнорас нигоҳ медоранд.

XS
SM
MD
LG