Бархе аз сокинон мегӯянд, нархи билети парвозҳое, ки ширкати “Тоҷик Эйр” ба баъзе аз шаҳру ноҳияҳои дурдасти кишвар роҳандозӣ кардааст, гарон мебошад.
Солеҳ Юсуфов, сокини бознишастаи шаҳри Кӯлоб рӯзи 13-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, аз роҳандозӣ шудани парвоз миёни Душанбе ва Кӯлоб хушҳол аст, аммо тавони сафар бо ҳавопайморо надорад.
“Нархи таксӣ арзонтар аст. Дар 300 сомонӣ қариб 4 нафар бо таксӣ аз Душанбе ба Кӯлоб мераванд. Агар бо ҳавопаймо ба Кӯлоб равӣ нархи билет 300 сомонӣ аст ва боз аз фурудгоҳ то дохили шаҳр 50 сомонии дигар медиҳӣ. Агар ду кас равӣ, 700 сомонӣ мешавад, ин пули як маош аст. Бо ронандаҳои таксӣ суҳбат кунӣ, бо 60 сомонӣ ҳам мебаранд. Ба назари шумо, аз ҷиҳати иқтисодӣ кадомаш хуб аст?”, -мепурсад ин сокини Кӯлоб.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Пас аз таваққуфи шашсола, “Тоҷик Эйр” парвозҳояшро ба Хоруғ, Кӯлоб, Панҷакент, Ховалинг ва Рашт оғоз кард. Дар идораи фурӯши билетҳои ширкат гуфтанд, идомаи парвозҳо ба шумораи мусофирон бастагӣ дорад.
“Як ҳафта шуд, ки ба Хорӯғ парвоз накарда истодаем. Кӯлоб ҳам ҳамин хел аст. Ҳоло боду ҳаво безеб мебошад. Рӯзи ҷумъа ва шанбе парвоз дорем. Агар мусофир дошта бошем, парвоз анҷом мешавад. Билети парвоз ба Ғарм 350 сомонӣ аст. Рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа парвоз ҳаст. Билети шаҳри Панҷакент 400 сомонӣ арзиш дорад ва парвоз рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе, якшанбе анҷом мешавад. Мусофирони Панҷакенту Кӯлоб кам аст. Ба Ғарм, Ховалинг ва Хорӯғ парвозҳо анҷом шуда истодаанд”, - гуфтанд дар идораи фурӯши билетҳои “Тоҷик Эйр”.
Талошҳои батакрори мо барои дарёфти назари расмии ширкати “Тоҷик Эйр” дар марвиди парвозҳои маҳаллӣ ва муваффақияту мушкилоти онҳо бенатиҷа буданд. Масъулони ширкат дар аввал номаи расмӣ талаб карданд, вале бо вуҷуди пешниҳоди нома ва тамосҳои батакрор ҳозир нашуданд ба суолҳои “Озодӣ” посух гӯянд.
Абдурақиб Қодиров, коршиноси соҳаи роҳу нақлиёт ба Радиои Озодӣ гуфт, ширкати “Тоҷик Эйр” дар ҳоле метавонад, дар масирҳои дохилӣ муваффақ ва худкифо шавад, ки ҳавопаймоҳои замонавиву каммасраф ворид кунад.
“Табиист, ки дар қадами аввал нархҳо гарон ҳастанд. Агар фазои рақобатнок эҳё шавад ва ҳавопаймоҳое, ки харҷи камтар доранд, дастрасӣ пайдо кунанд, ширкати “Тоҷикэйр” метавонад бозори хидматрасонии ҳавопаймоии маҳаллиро пурра дар ихтиёри худ бигирад. Ширкат ҳоло имкони онро надорад, ки ба хатсайрҳои байналмилалӣ рӯ оварад. Зеро барои ин ҳавопаймоҳои бузург лозим ҳастанд. Ин ширкат метавонад ба бозори дохилии ҳавопаймоӣ такя намуда, вазъи молии худро беҳтар кунад ва дубора ширкати миллӣ будани худро барои мардум собит созад”, - мегӯяд Абдурақиб Қодиров.
Ширкати давлатии "Тоҷик Эйр" чанд соли охир бо мушкили ҷиддии молӣ рӯ ба рӯ аст. Баъзе аз ҳавопаймоҳои “Тоҷик Эйр” дар фурудгоҳҳои хориҷӣ ҳабс шудаанд. Як таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дода буд, ки "Тоҷик Эйр" аз идораи андоз, бонкҳо, фурудгоҳҳо ва хадамоти техникӣ зиёда аз 40 миллион доллар қарздор шудааст. Дар пайи баҳс бо "Скайроуд лизинг", як ҳавопаймои "Тоҷик Эйр"-ро дар фурудгоҳи Внуковои Маскав ҳабс карданд.
Мудири “Тоҷик Эйр", Парвиз Шодмонзода моҳи январи имсол гуфт, аллакай 500 ҳазор долларро ба ҳисоби "Скайроуд лизинг" гузарондаанд ва қарор аст 1,5 миллион доллари дигарро пардохт кунанд. Ба гуфтаи Шодмонзода баъди созиш бо "Скайроуд лизинг" онҳо ҳавопаймои худро аз фурудгоҳи Внуково оварда, барои таъмир ба Узбекистон мефиристанд. Аммо рӯшан нест, ки ширкати “Тоҷик Эйр” кай аз буҳрон берун омада, парвозҳо ба хориҷи кишварро дубора оғоз мекунад.