Сокинони ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара ин шабу рӯз гӯш ба қиморанд, ки комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи табодули 12-гектарӣ заминҳои баҳснок ба чӣ натиҷа хоҳанд расид. Дар сурати ризояти ҷонибҳо, ин қитъҳои баҳсӣ аз деҳаҳои Сомониёни Исфара ва Куктоши Бодканд дода хоҳад шуд ва ба қавли бархе аз коршиносон ин танҳо роҳи ҳалли мусбат ва ё беҷангу ҷидоли муайян кардани хатт ва аломатгузории марз аст.
Нишасти ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 5 ноябр дар Бишкек оғоз ёфта, рӯзи шанбе низ идома хоҳад кард. Аз ин пеш Абдураҳмон Маматалиев, муовини нахуствазири Қирғизистон гуфта буд, Эмомалӣ Раҳмон ва Алмосбек Отамбоев тавофуқ кардаанд, ки ба ҳангоми муайян кардани хатти марз ва аломагтгузории он аз харитаҳои куҳна истифода нахоҳанд кард. Ӯ гуфта буд, ба ин далел онҳо ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки дар қадами аввал 12-гектарӣ заминҳои баҳсиро дар миёни деҳаи Куктош ва Сомониён табодул кунанд.
Аммо сокинони ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, ки рустои Сомониён дар қаламраваш воқеъ аст, мегӯянд, ин қадар ба ин додугирифт хушбин нестанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, Сомониёну Кутош маҳалли муноқишхези марзии байни Исфара ва Бодканд буда, байни сокинон сари истифода аз оби наҳр ва роҳи нақлиётии ягона низоъ мехезад.
Бори охир байни сокинони ин 2 деҳаи марзӣ аввали моҳи августи соли равон сари тақсими об ва васеъ кардани роҳи қабристони қирғизҳо муноқиша сар зад ва аз ду ҷониб 13 нафар маҷруҳ шуданд. Дар пайи гуфтушунид ҳамсояҳо роҳи гӯристонро чанд метр васеъ ва роҳи оби каналро барои якдигар боз карданд.
Зимнан, ин гуна пешниҳоди табодули замин байни Қирғизистону Тоҷикистон дар як маҳалли баҳснок барои бори аввал садо медиҳад. Вале мақомоти расмии Тоҷикистон назари худро дар бораи ин пешниҳод то ҳол баён накардааст.
Сокинони деҳаи Сомониёни Чоркӯҳ мегӯянд, онҳо эҳтимоли табодули заминро аз забони бархе аз мақомоти маҳаллӣ шунида ва аз расонаҳо хондаанд, вале аз ҷузъиёти он пурра огоҳ нестанд. Яҳё Воҳидов, муовини мудири мактаби Чоркӯҳ мегӯяд, агар мақсади Қирғизистон аз ин пешниҳод ҳалли мушкилоти сокинони қирғиз дар ин минтақаи баҳснок бошад, ба он даст хоҳанд ёфт, вале чоркӯҳиён ба ҳалли мушкили худ аз ин амал хушбин нестанд:
“Дар он замине, ки Қирғизистон талаб дорад, дар паҳлӯи қабристон 20-30 оилаи қирғизи Куктош дар як анклав ё ҷазирақаламрави байни Чоркӯҳ зиндагӣ мекунанд. Қирғизҳо мехоҳанд, аз Тоҷикистон қитъаи заминро гирифта, аз деҳаи Куктош то деҳаи дигари худ Яккауруг, наздикии деҳаи Хоҷаи Аъло, роҳи мустақили худро созанд. Баъдан ин деҳаи ҷудомондаро ба роҳи Бодканд пайваст хоҳанд кард.”
Мусоҳиби дигари Радиои Озодӣ аз ҷамоати Чоркӯҳ бо номи Ҳамидулло мегӯяд, ҳоло роҳи ин қитъаи муҳими байни Чоркӯҳу Хоҷаи Аълоро сарҳадбонҳои ҳар ду ҷониб назорат мекунанд, вале “бо гирифтани замин Қирғизистон имкон пайдо мекунад назорати пурраи он роҳро ба дасти худ гирад ва деҳаи Хоҷаи Аълоро ба “анклав” табдил диҳад. Ғайр аз ин, эҳтимоли ба ихтиёри қирғизҳо гузаштани обанбори рӯди Исфара дар ин маҳал ҳам пеш меояд. Обанборе, ки сокинони Исфараро бо оби ошомиданӣ таъмин мешаванд.”
Ба гуфтаи мусоҳибони мо, табодули заминро сокинони Куктош ба намояндагони ҳукумати худ пешниҳод намуда, вале касе назар ва ризояти сокинони Чоркӯҳро дар ин маврид напурсидааст. Бахусус, ки Қирғизистон ин қитъаи бисёр муҳимро аз Тоҷикистон бо роҳи табодул гирифтанист. Як манбаи наздик ба музокироти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон мегӯяд, ҷаласаи Бишкек маълум хоҳад кард, ки оё Бишкек ин навбат тарҳи додугурифти заминро ба ҳайати Тоҷикистон пешниҳод хоҳад кард ё хайр.
Ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, ҳоло ҷонибҳо дар таъини марз аз рӯи харитаҳои солҳои 1925, 1959 ва 1989 ба тавофуқ ва пешрафти чашмгире даст наёфтаанд. Ва дар ҷаласаҳои охири Комиссияи муштараки марзбандӣ пешниҳодҳое ҳам садо додааст, хати марз аз рӯи “воқеият” муайян карда шавад, яъне ҷое, ки қирғизҳо зиндагӣ доранд, ба ихтиёри Қирғизистон гузарад ва ҷойе, ки тоҷикон ба сар мебаранд, ба харитаиТоҷикистон ҳамроҳ карда шавад.
Дар ҷаласаи Бишкек ҳайати Тоҷикистонро Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад ва аз вилояти Суғд, Рустам Раҳматзода -- муовини аввали раиси вилоят низ иштирок дорад. Онҳо рӯзи 3 ноябр ба Бишкек сафар кардаанд ва қарор аст ҷаласаҳо 3 рӯз, то 7 ноябр идома ёбад. Вале мусоҳиби мо мегӯяд, тағйири ҳайати ҳукумати Қирғизистон рӯзи панҷшанбеи 5 ноябр, ки Абдураҳмон Маматалиев, ноиби сарвазири ин кишвар, ҳамзамон раҳбари ҳайати ин кишвар дар ҷаласаҳои марзбандиро низ аз вазифа дур андохт, эҳтимол кори ҷаласаи навбатиро низ ақибтар андозад.
То ҳанӯз аз 976 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо 504 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст. Идомаи баҳси ду кишвар бар сари қисматҳои боқимондаи марз, аз ҷумла, такяи Қирғизистон ба харитаи соли 1958 ва такя кардани Тоҷикистон ба харитаи қадимтари соли 1925, мунҷар ба он шуд, ки Душанбеву Бишкек аз соли 2006 ба ин тараф дар раванди таъин ва аломатгузории марзҳояшон дигар хеле ба кундӣ пеш мераванд.