Дар Душанбе нахустин фурӯшгоҳи махсуси либос боз шуд, ки дар он пироҳанҳо ва пойафзоли сарояндагони маъруфи Тоҷикистонро метавон харид. Ин шоу-бутик, бо номи “Топ-Медиа” дар маркази бозори “Пойтахт -90 ”ҷойгир шуда, феълан аз он ҷо либосҳои саҳнавии 7 овозхонро метавон дастрас кард.
Муассиси ин фурӯшгоҳ Беҳрӯз Зеваров, ки раҳбари ширкати “Топ-медиа” аст, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ҳоло Меҳринигори Рустам, Зулайхо Мамадшоева, Фирӯза Ҳафизова, Зайнура Пулодова, Таҳмина Ниёзова ва Суруш Холов куртаҳои худро ба фурӯш баровардаанд. Дар ин баробар Нигина Амонқулова, Фарзонаи Хуршед ва Ҷонибеки Мурод ҳам ба ин бутик либос пешниҳод хоҳанд кард.
Беҳрӯз Зеваров гуфт, андешаи таъиси “шоу-бутик”-ро аз овозхони маъруфи Русия Филлип Киркоров гирифтааст, ки дар маркази савдои “Вегас”-и Маскав соҳиби фурушгоҳ будааст. “Аз ин “шоу-бутик ”ҳамроҳ бо либосҳои овозхонон, дискҳои лисензионии сарояндагони тоҷикро низ харидан мумкин аст. Маблағе, ки аз фурӯши онҳо ба даст меояд, қисме ба худи овозхонон дода мешавад ва боқимонда барои кудакони ятиму бепарастор сарф мегардад. ”
Беҳрӯз Зеваров афзуд, либосҳое, ки дар “шоу-бутик”-пешниҳоди харидорон шудаанд, ягона буда, ҳамагӣ як бор аз сӯи овозхонон дар сабти клип ва ё ҳангоми иҷрои оҳанг дар саҳна пӯшида шудаанд. 90 дарсади ин куртаҳо кори даста буда, аксаран аз тарафи тарроҳони тоҷик таҳия шудаанд.
Ба гуфтаи Беҳрӯз ҳарчанд ин либосҳо бо нархи гарон фармуда шудаанд, бо нархи нисбатан арзон яъне аз 400 то 2500 сомонӣ фурӯхта мешаванд. Феълан аз ҳама куртаҳои қимматарро Зайнура Пӯлодова ва Меҳринигори Рустам пешниҳод намудаанд, ки то 2-ним ҳазор сомон қимат доранд.
Овозхони тоҷик Меҳрнигори Рустам дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ними либосҳояшро ба шоу-бутик овардааст.
Меҳринигор мегӯяд, аз ин пештар мухлисони зиёдаш аз ӯ дархости харидории куртаҳояшро мекардаанд ва ҳоло онҳо имкон доранд аз мағозаи махсус ва бо тартиби муайян либосҳои табъи дилашонро дастрас намоянд. “Куртаҳои саҳнавиям дар хона чунон зиёд буданд, ки ман ба Беҳрӯз Зеваров гуфтам, оё мешавад ҳамин куратҳоро ба фурӯш барорем? Баъдан Беҳруз ба хориҷа сафар кард ва пас аз бозгашт ба ман гуфт, ки сюрприз дорад. Сюрпризаш таъсиси ҳамин мағоза буд. Албатта, дар аввал барои ман ба фурӯш гузоштани куртаҳоям кори осон набуд ва ман зиёд дар ин бора фикр кардам, чун ин куртаҳо барои ман бисёр арзиши баланд доранд, чун таърихашон бой аст. Ман дар саҳнаҳои калон ва дар озмунҳо бо ин либосҳо баромада будам, соҳиби ҷоизаҳо гаштам, аз ин хотир фикр мекунам бояд бо нархи баландтар фурӯхта шавад.”
Меҳринигор гуфт,ӯ аксаран куртаҳояшро Умед Неъматов тарроҳи тоҷик таҳия мекунад, ва барои ҳар як курта ба ҳисоби миёна то 500 доллар сарф кардааст.Ин овозхони ҷавон тасмим дорад, бо он маблағе, ки аз куртаҳои фурӯхташудааш ба даст меояд, либосҳои нави саҳнавӣ фармоиш диҳад.
Аммо Фирӯза Ҳафизова, овозхони дигари тоҷик, мегӯяд, то имрӯз либосҳои саҳнавии худро барои мухлисонаш ба ивази “як дуо ” тақдим мекард. Ин овозхон гуфт, ба мағозаи “Топ-медиа” шаш пироҳанашро худро овардааст. “Ман либосҳои худро зиёд дар хона нигоҳ намедорам ва дар сурати ғайр аз зиёд будани куртаҳо дар хона намегунҷидам.Вақте Беҳрӯз дар мавриди таъсиси мағоза хабардор кард, ман бениҳоят хурсанд шудам. Ман гуфтам маблағе, ки ба даст меояд барои ман лозим нест, бигзор барои афроди ниёзманду камбизоат тақсим карда шавад. Агар ҳамаи мо овозхонон чунин иқдом кунем, бисёр кори савоб мешавад.”
Шаҳроми Абӯбакр, яке аз дигар овозонони тоҷик ҳам куртае дорад, ки беш аз 600 доллар нарх дошта, дар хориҷа харида шудааст. Аммо ҳоло ба гуфтаи Шаҳром дар Душанбе, низ мағозаҳои брендии зиёде кушода шудаанд, ки аз он ҷо мешавад куртаву шим харид ва дар саҳнаҳо баромад кард. Ӯ идеяи таъсиси “шоу-бутик”-ро дастгирӣ мекунад ва омодааст, аз ҳамин тариқ либосҳои худро барои ҳаводоронаш пешниҳод намояд. Шаҳром гуфт, “мухлисони зиёде ҳастанд, ки мехоҳанд дӯстдории худро тариқи пушидани либоси овозхонон ба сарояндаи дӯстдоштаашон нишон диҳанд. Ҳоло имконияти хуб барояшон фароҳам шудааст.”
Беҳрӯз Зеваров фурӯшгоҳи худро пуле меномад, ки овозхононро бо мухлисонаш пайванд хоҳад кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар хориҷи кишвар либосҳои овозхонон ва шахсиятҳои маъруф аксран дар музояда ба фурӯш рафта, даромади он корҳои хайрия сарф мешавад.