Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз ҳаводиси Бостон. Мағзшӯии ҷавонон кори киҳост?


Ҳаводиси ахир дар Бостон суолеро дар меҳвари баҳсҳои маҳофили сиёсӣ қарор дод, ки чаро бархе аз ҷавонони Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар Амрико тундгаро мешаванд?

Нуриддин Шамсов, сафири Тоҷикистон дар ИМА, мутмаин аст, ки мавзӯи пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ ба ҷавонони тоҷики муқими Амрико рабте надорад. Ба гуфтаи ӯ, то ҳол ягон далели робитаи ин ҷавонон бо ифротгароҳо дар дохил ё берун аз Амрико мушоҳида нашудааст. “Ман дар чанд аёлат, аз ҷумла, Небраска ва Ню-Йорк бо донишҷӯёне, ки аз Тоҷикистон омадаанд, ва ҷавонони дигар мулоқот доштам ва яқин кардам, ки онҳо бо таҳсил машғуланд ва баъзеяшон аз рӯи имконашон кор ҳам мекунанд. Онҳо соле як-ду бор ба консулгарии сафорат ҳам меоянд ва мо бо онҳо сӯҳбат мекунем ва аз сӯҳбату рӯҳияашон маълум аст, ки аз ҳама гуна гурӯҳҳои тундрав дуранд”, мегӯяд дипломати тоҷик.

Ҳамзамон ӯ иқрор мекунад, ки теъдоди на он қадар бузурги ҷавонон дар манзилҳояшон ё дар масҷид намоз мегузоранд ва ин фаризаи илоҳиро иҷро мекунанд. Нуриддин Шамсов бо ишора ба таҷрибаи кораш дар Аврупо
Нуриддин Шамсов
Нуриддин Шамсов
меафзояд, ки ҳам дар он қора ва ҳам дар Амрико рӯҳияи тундгароӣ ва ифротгароӣ асосан дар аққалиятҳои миллии Қафқози Русия – чеченҳо, доғистониҳо ва қабардинҳо мушоҳида мешавад. “Менталитет ё мафкураи ҷавонони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, тоҷикҳо комилан дигар аст ва тундравӣ хоси онҳо нест”,-мегӯяд сафири Тоҷикистон дар Амрико.

Аз ин пеш дар ИМА ду шаҳрванди Узбакистон бо далели ифротгароӣ ва терроризм боздошт шуданд. Яке аз онҳо Улуғбек Қодиров бо ҷурми тарҳрезии сӯиқасд ба ҷони раисиҷумҳур Барак Обама барои 15 сол маҳкум ба маҳбас шуд. Ӯ моҳи феврали соли гузашта эътироф карда буд, ки мехост дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ Обамаро ба қатл расонад. Улуғбек Қодиров тавассути интернет бо нафаре, ки эҳтимолан узви созмони исломии узбак будааст, барномаи қатли сарвари Амрикоро машварат карда, дар пайи харидани силоҳ шудааст. Мақомот мегӯянд, фурӯшандаи силоҳ яке аз ходимони амниятӣ буд. Қодиров соли 2009-ум ба хотири таҳсил дар риштаи тиб раводиди сафар ба ИМА гирифт, вале ба ягон донишгоҳ муроҷиат накардааст.

Дигар шаҳрванди Ӯзбакистон Ҷамшед Мухторов 21 январи соли 2012 дар фурудгоҳи Чикаго дар ҳоле, ки қасди парвоз ба Истамбулро дошт, аз сӯи Бюрои федероли тафтишот (FBI) боздошт шуд. Бар пояи иттилои ин ниҳоди амниятӣ, аз моҳи марти соли 2011 то лаҳзаи ҳабсаш ҳар қадами Ҷамшед зери назар буд, ҳар сӯҳбати телефонӣ, тамоми додугирифти имейлӣ ва ҳар амалаш дар компютер ё ройона, ҳамаи ҳаракатҳояш сабт мегашт.Маъмурони FBI аз ин иқдом баъди он кор гирифтанд, ки Ҷамшед Мухторов моҳи феврали соли 2011 аз хонааш дар шаҳраки Аврораи аёлати Колорадо на танҳо вориди сомонаи интернетӣ ё торнамои Иттиҳоди Ҷиҳоди Исломии Узбакистон шуд, балки бо намояндаи он “Муҳаммад” дар тамос будааст.

Парвина Ҳомидова, хабарнигори тоҷик муқими Вошингтон мегӯяд, як теъдод ҷавононе, ки аз Осиёи Марказӣ ба Амрико меоянд, дар кишвари бузургу бегона эҳсоси танҳоӣ мекунанд, ба вижа онҳое, ки забонро намедонанд ва бо фарҳанги мардуми бумӣ ошно нестанд. Вазъи душвор онҳоро барои он таҳрик медиҳад, ки ба масҷид раванд ва на аммо ба хотири намозгузорӣ, балки барои дарёфти пуштибонӣ ва кӯмаки молиявӣ. Бисёрии онҳо дар масҷид аз кӯмак бархурдор мешаванд, аз бузургсолон машварат мегиранд ё бо ёрии дигарон соҳиби ҷойи кор мешаванд.

Мусоҳиби мо меафзояд, ҳамзамон ҷавонон дар Амрико аз озодие бархурдор мешаванд, ки дар зодгоҳашон аз он маҳрум буданд, яъне касе монеъ барои
намозгузорияшон намешавад ва ба чӣ гуна либос пӯшидану риш доштан ё надоштанашон таваҷҷуҳ намекунад. Ва маҳз ҳамин накҳати озодӣ, ба гуфтаи ӯ, шояд баъзеҳоро саргум месозад, ки аз чӣ гуна пойбанди афкори ғайр шудану ба доми гурӯҳҳои ифротгаро афтоданашон бехабар мемонанд.

Парвина Ҳомидова мегӯяд, ки агар дар Амрико як созмони бузурги нерӯманди тоҷикон ташкил мешуд, ҷилавгирӣ аз вуруди ҷавонон ба гурӯҳҳои машкуки исломӣ осонтар мебуд.

Аз тундгароии ҷавонони Осиёи Марказӣ дар Амрико ва ҳаводиси Бостон рӯзи душанбе дар мулоқоте дар дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо ҳузури сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиот ҳам таъкид шуд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҳизб, хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз мулоқоти сафир ва намояндаи вазорати умури хориҷии Амрико – ошноӣ бо назари масъулини ҳизб дар бораи озодии дин дар Тоҷикистон ба хотири таҳияи гузориши вижаи Департаменти давлатии Амрико буд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар посух ба суоли сафири ИМА дар бораи ангезаҳои ҳамлаи гумонбарони қафқозии марафони Бостон гуфтааст, гумон аст касоне, ки ҳамларо анҷом додаанд, ба хотири дин ё кишварашон ба он даст зада бошанд. Ба гуфтаи ӯ, дар Амрико ва бисёр кишварҳо гурӯҳҳое мавҷуданд, ки дар ҷомеъа фазо ва афкори ғайр месозанд ва, аз ҷумла, барои ҷалби таваҷҷуҳ суолеро матраҳ мекунанд, ки чаро Амрико кишварҳои исломиро ба хоку хун мекашад. Зимнан, дар Тоҷикистон ҳам афроде зиёданд, ки зери таъсири афкори шабакаҳои хориҷӣ қарор доранд. Муҳиддин Кабирӣ афзудааст, дар мулоқот бо тоҷикони муқими Амрикову Русия ӯ пайваста таъкид мекунад, ки аз пайи ин афкор нараванд ва ҳуввияту ҳайсияти тоҷиконаи худро ҳифз кунанд.
XS
SM
MD
LG