Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви номи Бобак Занҷонӣ аз рӯйхати таҳримҳои Бритониё


Бобак Занҷонӣ дар байн
Бобак Занҷонӣ дар байн

Номи Бобак Занҷонӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам фаъолияти чанде аз ширкату бонкҳоро ба роҳ монда, аммо соли гузашта дар Эрон боздошт шуда буд, аз рӯйхати таҳримҳои Бритониё лағв шудааст.

Бритониё эълон кард, исми Бобак Занҷонӣ -- миллиардери боздоштшудаи эрониро, ки дар Тоҷикистон ҳам фаъолияти ширкати "ِAsian Express" ва "Контбонк"-ро ба роҳ монда буд, аз лист ё феҳристи таҳримҳояш хориҷ кардааст. Мақомоти Бритониё мегӯянд, таҳримҳои ин кишвар алайҳи донишгоҳи санъатии шариф ва ширкати миллии нафткаши Эрон ҳам лағв гардидаанд.

Дар баёнияи Вазорати дороии Бритониё омадааст, ин тасмим рӯзи 3 октябри соли ҷорӣ ва дар пайи судури ҳукми додгоҳи умумии Аврупо гирифта шудааст. Дар ҳоле исми Бобак Занҷонӣ аз феҳристи таҳримҳои Бритониё хориҷ шуда, ки ӯ дар Эрон дар зиндон ба сар мебарад ва қувваи қазоия бар муқобилаш иттиҳомоти зиёдеро эълон кардааст.

Занҷонӣ соли 2012 ҳадафи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо қарор гирифт. Он вақт Иттиҳодияи Аврупо аз ӯ ба унвони “яке аз чеҳраҳои калидӣ” дар муомилоти нафтии Эрон ном бурда буд. Пас аз таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо, Вазорати дороии Иёлоти Муттаҳида низ Бобак Занҷонӣ ва ширкатҳои ӯро ба иттиҳоми интиқоли миллиардҳо доллар аз тарафи ҳукумати Эрон ва нодида гирифтани таҳримҳои байналмилалӣ дар робита ба барномаҳои ҳастаӣ ё атомии Теҳрон дар феҳристи таҳримҳояш қарор дод.

Бобак Занҷонӣ, ки ба гуфтаи худаш молики беш аз 70 ширкат ва даҳҳо миллиард доллар сармоя дар Эрон ва хориҷ аз он мебошад, соли гузашта ба иттиҳоми фасоди молӣ боздошт ва равонаи зиндон гардид. Яке аз иттиҳомоти аслӣ алайҳи Бобаки Занҷонӣ, пардохт накардани қарзҳояш ба вазорати нафти он кишвар унвон шудааст. Бар асоси гузоришҳое, ки расонаҳои дохилии Эрон нашр кардаанд, Амираббос Султонӣ, як узви кумитаи пайгирии парвандаи Бобак Занҷонӣ дар Маҷлиси ин кишвар ҳафтаи гузашта бо ишора ба парвандаи ӯ гуфта буд: “Се ё чаҳор вазир ва масъулони ҳукумати Маҳмуди Аҳмадинажод, аз ҷумла вазири дороӣ, раиси Бонки Марказӣ ва вазири нафт дар ин масъала даргир буда ва бояд посухгӯ бошанд.”

Дар парвандаи Бобак Занҷонӣ номи Тоҷикистон низ ҷой дорад ва то кунун чанд бор баҳсҳо миёни Теҳрону Душанбе сурат гирифтааст. Баҳси охир дар моҳи августи соли ҷорӣ дар пайи ҳарфҳои Бежан Номдори Зангана, вазири нафти Эрон сар зад, ки ӯ гуфт, "ду миллиарду 700 миллион доллар бо имзои чанд вазир ва раиси кулли Бонки марказӣ дар даврони президентии Аҳмадинажод ба ҳисоби бонкиии ҷаълии Бобак Занҷонӣ дар Тоҷикистон гузаронда шуда ва ҳама аз байн рафт."

Пас аз ин изҳороти вазири нафти Эрон, Бонки миллии Тоҷикистон дар номаи ҷавобӣ ба ин иддаои ӯ дар торнамои худ навишт, "изҳороти мазкур, агар воқеан ҳам ӯ чунин гуфта бошад, асос надорад, зеро ташкилоти қарзии тобеъ ба Бобак Занҷонӣ (ҶСП БС “Конт”) дар он давра то ҳанӯз таҳти таҳримҳои байналхалқӣ қарор дорад. Аз ҷумла, дар асоси эъломияи махсуси Вазорати молияи ИМА №13382, аз 11.04.с.2013, хизматрасонии интиқолҳо ба ва аз ҷониби ташкилоти мазкур ба ташкилотҳои қарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастури махсуси Бонки миллии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2013 боздошта шудааст. "

Сарусадоҳо дар мавриди интиқоли пули нафти Эрон ба ҳисобҳои Бобаки Занҷонӣ ба Тоҷикистон ҳанӯз пас аз боздошти ӯ бархоста буд, вале мақомоти Тоҷикистон онро рад карданд. Вакилони парлумони Эрон қаблан гуфта буданд, Занҷонӣ 2 миллиарду 600 миллион доллари вазорати нафтро пардохт накарда, санади ҷаълиеро нишон додааст, ки гӯиё аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дода шуда, пардохт шудани ин пул ба вазорати нафти Эронро тасдиқ мекунад. Аммо Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, гувоҳиномаи бонк зоҳиран сохта аст.

Бобак Занҷонӣ тайи 10 соли ахир яке аз сармоягузорони матраҳ дар Тоҷикистон буд. Ӯро аз саҳҳомони аввалини «Конт- групп Тоҷикистон», ҳолдинги гуногунҷанбае меҳисобанд, ки ширкатҳои алоҳида, назири "Asian Express Terminal", «Конт – Таъминот», «Конт - Турист», "Asian Express Airline" ва «Конт – сохтмон» - ро муттаҳид мекунад.

Asian Express Airline ва «Kont Investment bank» дар рӯйхати ширкатҳое қарор доранд, ки аз сӯи Амрикову Аврупо таҳрим шудаанд. Бонки миллии Тоҷикистон аммо мегӯяд, ҳоло соҳибмулки ин бонк як шаҳрванди Туркия аст, на Занҷонӣ. Бино ба маълумони «Конт – групп Тоҷикистон», ин ҳолдинг то сентябри соли 2013 ҳудуди 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ ва ё беш аз 250 миллион доллари амрикоӣ ба иқтисоди Тоҷикистон сармоя гузоштааст.

XS
SM
MD
LG