Мошинҳои замоне пурқиммат ва на чандон дастраси хориҷӣ мисли “Опел”-у “Некси” ва “Мерседес”-ро имрӯз дар Тоҷикистон мешавад бо як "Камаз" картошка ё чанд тонна масолеҳи сохтмонӣ харидорӣ кард. Бӯҳрони молӣ ва камбуди пули нақд ин бозори як замон гарму серодами мошин дар Душанберо акнун сард кардааст.
Агар фурӯшандагони худравҳо дар гузашта фақат барои як "Опел"-и олмонии соли бароришаш 1994 аз 3 то 4 ҳазор доллар ва гоҳе аз он ҳам зиёд пули нақд мехостанд, акнун на танҳо мошини худро арзонтар фурӯхта наметавонанд, балки аз раҳпоии харидор хаста шуда, розӣ ҳастанд онро ба каҳу картошка ҳам иваз кунанд.
Аброр Назиров, як сокини Душанбе мегӯяд, барои сохтмони хонааш ва харидории арматур ба маблағ ниёз дошт. Барои ин хост ягон дороияш мошинро фурӯшад, аммо харидор наёфт ва ин мушкили худро бо роҳи дигар ҳал кард: “Хушбахтона нафаре пайдо шуд, ки маҳсулоти зарурӣ барои манро доштааст ва пешниҳоди ман иваз кардани арматур бо мошинро қабул карду ман ҳам сохтмони хонаро шурӯъ кардам.”
Бархе аз мошинҳои фурӯшӣ дар бузургтарин бозори мошинҳо воқеъ дар деҳаи Чимтеппа 7 моҳ боз интизори харидор мондаанд. Соҳибкорони ин бозор ҳам мегӯянд, дар бозори мошин ҳоло савдои нақдӣ қариб нест ва ин тиҷорат бештар тавассути иваз кардану бақияпулӣ додан сурат мегирад. Онҳое ҳам, ки ба пул эҳтиёҷ доранду савдои нақдӣ мекунанд, маҷбуранд, мошинро хеле арзонтар аз маблағи харидкардааш бидиҳанд.
Бархе аз тоҷирон ҳам дигар дар бозор интизорӣ харидор нанишаста, мошинҳои худро назди харидор ба маҳаллаву минтақаҳои кишвар мебаранд ва бартер мекунанд. Акбарҷон Табаров, ки барои фурӯши мошини гаронбаҳояш 2 моҳ боз харидор меҷӯяд, мегӯяд, нархи аслии мошин 50 ҳазор доллар аст, аммо “мошин нав аст ва агар аз маблағи худаш арзонтар диҳем, наметавонем хароҷоти худро рӯйпуш кунем, ҳайрон мондаем. Харидор пайдо мешавад, хона замин кирпичу семент пешниҳод мекунанд.”
Давоми 2-3 соҳи ахир арзиши мошин дар ин бозор аз 500 то 1000 доллар коҳиш ёфтааст. Аммо ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки аз рӯи зарурат мошини арзишаш баробар ба 20 ҳазор доллар бар ивази 5 ҳазор доллар фурӯхта мешавад. Раҳматулло Шарипов, муовини раиси бозори мошинҳо дар Чимтеппа мегӯяд, ҳоло дар бозор теъдоди мошинҳое, ки махсус барои тиҷорат аз ҷониби соҳибкорон ворид мешаванд, каманд:
“Асосан мошинҳое зиёданд, ки соҳибонашон дар ин вазъияти иқтисодӣ маҷбур шудаанд онро ба фурӯш гузоранд” – мегӯяд, ҷаноби Шарипов.
Бино ба иттилои Оҷонсии омор, воридоти мошин ба Тоҷикистон дар ҳудуди 4 моҳи соли ҷорӣ 50 дар сад коҳиш ёфтааст. Дар ин муддат ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 50 миллион доллар мошин ворид шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки як соли пеш воридот ба беш аз 100 миллион доллар баробар буд.
Набудани харидор ва коҳиш ёфтани воридоти мошин ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки гуфта мешавад, содироти мошин аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар беш аз 10 дарсад афзудааст.
Мошинҳо аз Тоҷикистон ба далели осон ва камхарҷ будан назар ба дигар кишварҳо, ба давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Қазоқистону Қирғизистон ва Афғонистон ва ҳатто ба худи Дубай ҳам бо нархи арзон содир мешудаанд.
Аммо тоҷирони мошин мегӯянд, танҳо бӯҳрон боис ба сард шудани бозори онҳо нашуда, болоравии қиммати боҷи гумрукӣ, андоз ва умуман мушкилу гарон шудани воридоту фурӯши мошин дар Тоҷикистон, тиҷорати онҳоро сард ва сахт кардааст.