Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили мавлуди Оқохон дар Маскав. 2 ВИДЕО


Дар Маскав созмони ҷамъиятии “Нур” 80-солагии мавлуди пешвои исмоилиҳои ҷаҳон Оқохони Чаҳорумро бо иштироки ситораҳои ҳунари тоҷик ва ҳам бадахшониҳои муқими Русия таҷлил кард. Консерте, ки 3,5 соат идома кард, 5 ҳазор тамошобинро ҷалб кард.

Дар варзишгоҳи "Лужники"-и шаҳри Маскав рӯзи 11 декабр консерти калоне ба ифтихори 80-солагии пешвои исмоилияҳои ҷаҳон Оқохони Чорум баргузор шуд. Ин барномаи фарҳангӣ, ки бо ташаббуси “Нур” – як

Дар Тоҷикистон ҳудудан 200 ҳазор пайрави мазҳаби имоилия ба сар мебаранд.

созмони ҷамъиятии бадахшониҳои Тоҷикистон дар Русия ташкил шудааст, бо иштироки овозхонҳои саршинос - Далер Назаров, Нобовар Чаноров ва гурӯҳи “Шамс”, Ҳақназар Аловатов, ҳунармандони театри мусиқиву мазҳакавии шаҳри Хоруғ ба номи Меҳрубон Назаров баргузор шуд.

Барномаи театрикунонидашуда, ки қисмати муҳими ин консертро ташкил медод, дар давоми 55 дақиқа таърихчаи мазҳаби исмоилия дар Бадахшон ва сафари шоир ва файласуф Носири Хусрав ба ин маконро қисса мекард.

Аслишо Акимбеков, яке аз ташабускорони ин консерт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 12 декабр гуфт, барнома ҳудуди 3,5 соат идома карда дар ин муддат дар маҷмӯъ 130 нафар дар саҳна ҳунарнамоӣ карданд.

Консерти сабтшуда ба муносибати зодрӯзи пешвои исмоилиҳои ҷаҳонро дар ин ҷо тамошо кунед:

Таҷлили мавлуди Оқохон дар Маскав. Анҷом
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:38 0:00

Аслишо Акимбеков мегӯяд, барои ташкили ин барномаи фарҳангӣ 2 моҳ омодагӣ диданд. “Барои ташкилоти “Нур” доир кардани чунин консертҳо мушкил нест. Зеро ҳанӯз аз соли гузашта, аз ҷашнҳои Наврӯзи тоҷикон ин ҷамъият ба баргузории консертҳои калон дар Маскав оғоз карда буд. Бештари таваҷҷӯҳ ба мӯҳтавои барномаи консертӣ равона шуд ва мо талош кардем, ки барномаро дар сатҳи олӣ баргузор кунем».

Таҷлилли зодрӯзи пешвои исмоилиҳои ҷаҳонро тавассути пахши зинда аз интернет садҳо нафар тамошо карданд. Дар Тоҷикистон ҳудудан 200 ҳазор пайрави мазҳаби имоилия ба сар мебаранд.

Таҷлили мавлуди Оқохон дар Маскав. Самандар Пулодов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:18:52 0:00

Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ ва тарҳҳои Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон

Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оқохони чор ва имоми 49-уми исмоилиҳо, рӯзи 13 декабри соли 1936 дар Женева дар хонаводаи Шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омадааст. Соҳиби дипломи таърихи Ислом аз Донишгоҳи Ҳарвард буда, муассиси Бунёди Рушди Оқохон (AKDN) аст. Вай аз соли 1957 ба имоматӣ расид ва соли 1967 Бунёди Рушди Оқохонро таъсис дод, ки дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон аз соли 1993 тарҳҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангиро татбиқ мекунад.

4 апрели соли 2012, Душанбе
4 апрели соли 2012, Душанбе

Ин бунёд саҳмияи сад дар садии ширкати мобилии “Tcell”-ро низ дар даст дошта, Бонки хурди молиявӣ ва меҳмонхонаи "Серена-Душанбе" низ ба он марбут дониста мешавад. Ҳоло дар Душанбе бузургтарин Маркази исмоилиён, ки дар 25 ҳазор метри мураббаъ ва дар маркази шаҳр қомат афрохтааст, низ фаъол мебошад. Пойдевори ин биноро ҳанӯз дар соли 2003 Карим Оқохони IV ва Эмомалӣ Раҳмон гузошта буданд ва сохтмонаш то соли 2009 идома кард. Ин бино бо сармояи Бунёди Рушди Оқохон сохта шуда ва нахустин чунин як марказ дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Фаъолияти созмони "Нур" дар Русия

Ба гуфтаи Аслишо Акимбеков, мардуми вилояти мухтори Бадахшон дар Русия ҳам муттаҳиданд ва ташкилоти “Нур” ба унвони нуқтаи фарҳангиву маърифатӣ онҳоро гирди ҳам меорад. ”Мо тақрибан бо 15 ҳазор бадахшониёни Тоҷикистон дар Русия ҳамкорӣ мекунем ва дар сурати ташкили чунин барномаҳо, барои пайдо кардани ҳунармандон ва хоҳишмандоне, ки мехоҳанд кӯмак кунанд, ҳеҷ мушкилӣ намекашем”.

Созмони минтақавии фарҳангии тоҷикистониёни “Нур” дар Русия аз соли 2001 фаоълият мекунад ва то кунун лоиҳаҳои зиёди фарҳангиву маърифатиро роҳандозӣ кардааст. Дар моҳи марти имсол ин созмон бахшида ба ҷашни Наврӯз дар варзишгҳои Лужникии Маскав овозхнҳои саршиноси Тоҷикистон ва осиёи Марказӣ Далер Назаров, Парвиз Назаров, Ситора Назарова ва Аброр Назаровро гирди ҳам оварда буд.

Далер Назаров яке аз ҳунармандони барномаи консертӣ буд
Далер Назаров яке аз ҳунармандони барномаи консертӣ буд

XS
SM
MD
LG