Ҷомеаи журналистии Тоҷикистон рӯзи 11 март аз иди касбии худро ҷашн мегирад. Журналистика дар тӯли бештар аз 10 соли ахир дар Тоҷикистон дар қатори ихтисосҳои бонуфуз ҷой гирифтааст ва ҳоло ҷавонони зиёде орзуи хабарнигор шуданро доранд. Масъулини созмонҳои журналистӣ мегӯянд, ҳудудан 70 дарсади саҳифаҳои расонаҳои мустақил имрӯз дар ин кишвар бо қалами хабарнигорони ҷавон пур мешавад.
Дар рӯзи матбуоти тоҷик, дар сӯҳбате бо Нуриддин Қаршибоев, раиси шӯрои ВАО, дар робита ба кору касбият ва мушкилоту таҳдидҳо ба хабарнигорони ҷавон пурсидем. Ӯ нахуст аз саҳми журналистон ҷавони тоҷик дар расонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ гуфт:
Нуриддин Қаршибоев: Хабарнигорони насли миёна ва бузургтар ҳоло бештар дар нашрияҳои давлатӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ мондаанд. Ҳоло тавре мебинем, ҳам дар саҳифаҳои интернет, ҳам нашрияву ҳам дар фазои радио телевизион, бештар ҷавонон ба назар мерасанд. Мешавад гуфт, дар маҷмӯъ имрӯз теъдоди ҷавонон дар расонаҳои кишвар аз нисф зиёд аст, вале дар нашрияҳои мустақил 70 дарсади хабарнигорон ҷавононанд. Барои рушди ҳирфавияти ин ҷавонон, иқдомҳои зиёд дар пеш аст ва худи онҳо ҳам бояд барои ҳарчӣ бештар аз худ кардани меъёрҳои байналмиллалии журналистика, кӯшиш кунанд. Дар он сурат мо метавонем умед бандем, ки рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон ба марҳилаи нав оғоз мекунад.
Радиои Озодӣ: Афзоиши ҷавонон дар ин майдон аз чӣ дарак медиҳад? Нуфузи журналистика бештар шудааст ё шароит ва дарёфти кор дар ин самт беҳтар аст?
Нуриддин Қаршибоев: Дар як марҳалаи муайян имиҷи касби рӯзноманигорӣ хеле поин рафта буд. Як сабабаш иттиҳом нисбати расонаҳо ва журналистон дар ҳодисаҳои соли 1990 ва омили дигар, музди ночизи рӯзоманигорон ва набуди ҷойи кори хуб барои онҳо буд. Ба ин хотир, аксар хабарнигорони ҳирфаӣ тарки касб карданд ё ба расонаҳои байналмилалӣ гузаштанд. Дар чанд соли ахир ҳам расонаҳо ба по истодаанд. Расонаҳои мустақилу ҳам давлатӣ, ки қаблан музди ночиз мегирифтанд ва ҳоло аз кӯмакҳои бештари будҷа бархӯрдоранд. Ҳамчунин, имиҷи касби рӯзноманигорӣ ба туфайли меҳнати содиқонаи ҳамкасбони мо, ки сарфи назар аз мушкилиҳои рӯзгор ва ин соҳа ба касби худ содиқ мондаанд, боло рафт. Аз ин хотир, фикр мекунам таваҷҷӯҳ ба рӯзноманигорӣ нисбат ба 10-15 соли ахир бештар шуда, ҷавонон шавқи зиёди рӯзноманигор шуданро доранд.
Радиои Озодӣ: Ба кору касбият ё ҷасорати насли нави хабарнигорон чӣ баҳо медиҳед?
Нуриддин Қаршибоев: Ман ростӣ аз ҷасорати журналистони ҷавон хеле қаноатмандам, онҳо ба мавзӯҳои доғ даст мезананд, қисми зиёди онҳо таҳқиқоти журналистӣ анҷом медиҳанд. Албатта дастгирӣ ва кӯмак аз ҷониби созмонҳои рӯзноманигорӣ ва раҳбарони расонаҳо бояд ҳаддалимкон ба ин ҷавонони ҷасур таваҷҷӯҳ зиёд бошад ва ҳангоми пеш омадани мушкил, онҳоро танҳо нагузоранду дастгирӣ кард. То аз ин касб дилмонда нашаванд ва ба муваффақиятҳои бештар ноил шаванд.
Радиои Озодӣ: Аслан қалам ва диди насли нави рӯзноманигорон аз насли бузургтар тафовуте дорад?
Нуриддин Қаршибоев: Албатта, шароити ин насл дигар аст. Насли қаблии хабарнигорон аз имкониятҳои фанни баҳраманд набуданд, аммо дар хидмати ҳамкасбони ҷавони мо имкониятҳо васеъ аст, вале дар баробари ин имкониятҳо, яъне технологияҳои наву муосир баъзе чолишҳо ё хатарҳое ҳам ҳаст ва хабарнигорон бояд дар ин давр хеле эҳтиёткор бошад. Хулоса тафовут зиёд аст, дар журналистикаи муосир рӯзноманигор ҳам хабарнигор ва ҳам корбари имконоти фаннӣ ва иттилоотӣ аст.
Радиои Озодӣ: Чолишу хатарҳо гуфтед, чиро дар назар доред?
Нуриддин Қаршибоев: Албатта, мақсади ман таҳдид ба амнияти рақамӣ аст. Ин ҳам ба шикастани почтаҳои электронӣ, саҳфаҳои фейсбукӣ, пайгирии гуфтугӯҳои телефонӣ. Мо ҳадди аққал 6 қазияи марбут ба чунин чолишҳо дорем. Мо ин муроҷиатҳоро пайгирӣ карда, ба ҳамкасбон ҳам кӯмаки ҳуқуқии фаннӣ мерасонем ва ҳам маслиҳат медиҳем, ки ҳангоми истифода аз навовариҳои фаннӣ бояд аз барномаҳое истифода кунанд, ки амнияти рақамии онҳоро таъмин карда тавонад.
Радиои Озодӣ: Ин таҳдидҳо фикр мекунед, бештар аз кадом ҷониб сурат мегиранд ва ба чӣ далеле?
Нуриддин Қаршибоев: Феълан мо ягон далели дақиқе дар даст надорем, бинобарин фақат метавонем гӯем аз ҷониби ашхоси номаълум, ки малакаҳои хуби фаннӣ доранд, иҷро шудааст. Ин амал иқдоми ғайриқонунӣ аст. Ва ин як роҳи таҳдид ва фишороварӣ ба хабарнигор аст.
Радиои Озодӣ: Аслан дар кори хабарнигорони ҷавон боз чӣ камбуди эҳсос мекунед ва ё чӣ мушкиле дорад ин насл?
Нуриддин Қаршибоев: Пеш аз ҳама барои рушди касбии ин насл имкониятҳо хеле зиёданд, вале аз сабабе, ки ин ҷавонон ҳамеша масруф ба кор ҳастанд ва аз ин имкониятҳо дуруст истифода бурда наметавонанд. Аз сӯи дигар, барои ширкат дар тренингҳо иҷозаи раҳбарият лозим аст, барои сафар ва таҳқиқот имконияти зиёди молӣ надоранд, имконияташон маҳдуд аст. Ҳамзамон дар баъзе ҳолатҳо онҳо аз ҳуқуқ ва ахлоқи рӯзноманигорӣ сарфи назар мекунанд. Инро шояд албатта дидаву дониста накунанд, аммо дар сифати рӯзноманигорӣ, риояи ҳуқуқ ва ахлоқи хабарнигор бисёр муҳим аст. Ман бисёр мехостам ҳамкасбони ҷавони мо бештар мутолеа кунанд ва ба ҳар чизе, ки доранд қаноат накарда, талош кунанд, аз имконотҳои мавҷуда истифода баранд.