Аз ҷумла рӯзноманигорон рӯзи 11-уми феврал дар нишасти хабарии ширкати "Барқи тоҷик" пурсиданд, ки чаро низоми биллингӣ ба ҷойи сабукӣ душвориҳо пеш меорад? Намояндагони Шабакаҳои тақсимоти барқ сабабро ба хатоҳои эҳтимолии фаннӣ рабт доданд.
Заррина Абдулвоҳидова, рӯзноманигори тоҷик аз бебандуборӣ дар низоми фурӯши барқ шикоят кард. Ӯ гуфт, сокинон намедонанд дар сурати пеш омадани мушкил ба куҷо муроҷиат кунанд. Айни ҳамин мушкилро чанд корбари дигари Радиои Озодӣ ҳам доштаанд.
"Барои шумо хуб аст, ки ҳамин низомро ҷорӣ мекунед. Дар баъзе хонаҳо ба шакле рафта истодааст, ки соҳибхона намедонад, ки хат ба хонаи худаш аз куҷо меояд. Аз хонаи як ҳамсояи дигар омада истодааст,"- изҳор дошт Заррина Абдулвоҳидова.
Шамсулло Фозилов, рӯзноманигори дигари тоҷик низ дар ин нишаст шикояти сокинонро ба миён гузошт. Вай гуфт, як мушкил дар кори низоми нав ин аст, ки на ҳама муштариён дар бораи чӣ қадар будани пули истифодаи барқ паёмак мегиранд. Ин вазъ ба гуфтаи Фозилов боиси таъхир дар пардохт ва қатъи нерӯи барқ мешавад. Ҳамзамон пас аз пардохти қарз низ интиқоли барқ барқарор намешавад.
“Чаро баъд аз хомӯш кардани барқ, вақте пулашро пардохт мекунед, барқ дубора зуд фаъол намешавад? Баъдан вақте муроҷиат мекунем, мегӯянд, ки “шумо ба ҳамон Шабакаи тақсимоти барқ дар ноҳияи Сино муроҷиат кунед, зеро аз онҷо фаъол мекунанд. Онҷо меравӣ ва боз як намояндаашон меояду барқро рӯшан мекунад. Ин чӣ маъно дорад”, - пурсид Шамсулло Фозилов.
Муҳаммад Ғуломзода, масъули "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар посух ба ин суолҳои рӯзноманигорон тасдиқ кард, ки дар кори низоми биллингӣ мушкилиҳо вуҷуд дорад. Ғуломзода сабаби равшан нашудани барқро баъд аз пардохти пули истифода хатои фаннӣ номид.
«Ба фикри ман, барқи 90 дарсади муштариҳое, ки хомӯш мешавад, баъди пардохти пул дар давоми 10-15 дақиқа дубора пайваст мешавад. Ҳолатҳое, ки шумо мегӯед, умумин, бо сабабҳои техникӣ, аз ҳисоби ҳисобкунанки барқӣ ё “автомат” пеш омадааст”, - изҳор дошт ӯ.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Низоми биллингӣ бори нахуст соли 2013 дар чанд шаҳру ноҳияи Тоҷикистон аз ҷумла, Душанбе ҷорӣ карда шуд. Мақомот онро як усули халосӣ аз гум шудани пулҳои барқ, кам кардани қарз ва беҳбуди вазъи соҳа номиданд. Вале баъзе аз сокинон мегӯянд, низоми нав барои онҳо мушкилҳои навро пеш овардааст.
Ба иттилои расмӣ, танҳо дар ноҳияи Синои Душанбе зиёда аз 140 ҳазор ва дар се ноҳияи дигари пойтахт то ҳол беш аз 90 ҳазор ҳисобкунаки биллингӣ насб шудааст.
Низоми биллингӣ ба ин шакл кор мекунад, ки дар сурати тамом шудани маблағ дар корти муштарӣ, ҳисобкунак ба таври автоматӣ интиқоли барқро қатъ мекунад. Пас аз ворид кардани маблағ, интиқоли барқ бояд дубора ба таври худкор барқарор шавад.