Як духтари 17-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ, ки беш аз даҳ шабонарӯз бедарак буд, рӯзи 25-уми апрел пайдо шудааст. Сабаби аз хона рафтани наврас ва дар куҷо будани ӯ алҳол маълум нест. Наздиконаш рӯзи 25-уми апрел дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки духтарро пайдо карданд ва ҳоло бозпурсӣ мешаванд.
Моҳибиён Шарифова, модарбузурги наврас, рӯзи 24-уми апрел, як рӯз пеш аз ёфт шудани наберааш, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ рӯзи даҳуми апрел бе ягон огоҳӣ аз хона рафтааст.
"Соати 11 буд. Гуфтам, ки косаву табақҳоро шуста, хӯрок пазед, ман нафақаи бобоятонро гирифта бармегардам. Ҳамагӣ як соат дар хона набудам. Вақте баргаштаму пурсидам, ки ӯ дар куҷо аст? Хоҳараш гуфт, ҳамаи корҳоро анҷом дода, берун рафт. Гуфт, ба фурӯшгоҳ меравад," -- изҳор дошт Моҳибиён Шарифова.
Дар ин байн пулис як духтари 17-сола аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро низ зиёда аз даҳ рӯз ҷустуҷӯ кард. Даврон Шаҳбозов, падари хонадон, рӯзи 24-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки духтараш бегоҳи 13-уми апрел аз хона берун рафта, бенишон аст, аммо дертар телефонӣ паём дод, ки ӯро ёфтаанд.
Ин ду духтар танҳо наврасоне нестанд, ки рӯзҳои охир нопадид шудаанд.
Танҳо дар моҳи апрел пулиси шаҳри Душанбе хабари гум шудани даҳ наврасро нашр кард. Ҳарчанд баъзе аз онҳо бо гузашти чанд рӯз ёфт шуданд, сабаби бенишонии онҳо гуфта намешавад.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ онро ба эътироз аз вазъи хонавода, фиреби ҳамсолон, моҷароҷӯӣ ва ғайра бастагӣ медиҳанд. Равоншинос Наргис Тоймастова рӯзи 24-уми апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз хона рафтани наврасон чанд омил дорад:
"Пайдо шудани хоҳиши новобаста будан аз падару модар. Яъне, наврас мехоҳад ба таври худ ҳаракат кунаду корҳои худро пеш барад, бисёр вақт аз тарафи волидон иҷозат дода намешавад. Албатта, ҳастанд онҳое, ки бисёр озодипараст ҳастанд ва онҳо наметавонанд ин чизро тоб биоранд. Фикр мекунанд, ки вақте аз хона берун шаванд, ин мушкилашон яктарафа мешавад. Дигар мавзуъ, ин ҷавонӣ, ишқу ошиқӣ, меҳру муҳаббат пайдо кардан ва ба эҳсосот дода шудани духтарҳост."
Барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои ҳамсон, равоншинос чунин машварат дод: "Мо, албатта, бояд аз ҳолат, аз эҳсосоти фарзанди худ бохабар бошем ва аҳамият диҳем, ки барои чӣ ӯ гиря мекунад ё барои чӣ камгап шудааст ва ё ҳолате мешавад, ки вай худаш мехоҳад, гап занад, мо вақт надорем. Ин ҳама ҷамъ мешавад ва дар натиҷа ба ин ҳолат оварда мерасонад."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Дар баъзе маврид сокинони калонсол ҳам гум мешаванд, вале аз хона рафтани наврасону ноболиғон падидаи ҷудогонаи равоншиносист. Бино бар эълонҳои ниҳодҳои умури дохилии Тоҷикистон эҳтимол меравад ҳар сол то 1000 нафар гум шуда, тақрибан зиёда аз ними онҳо ёфт шаванд. Гумшудаҳое низ ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аз онҳо нишоне пайдо нагаштааст.