Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 30-юми декабр аз дидори президент Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ISI ё Хадамоти байниидоравии истихбороти Покистон хабар дод. Ба гуфтаи баъзе аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, сафари Муҳаммад Осим Малик ба Душанбе дар пасманзари шиддат гирифтани равобити Исломободу Кобул "тасодуфӣ нест".
Дар вебсайти раисҷумҳури Тоҷикистон гуфта шудааст, ки "дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои сиёсии Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла дар самти таъмини сулҳу субот, амнияти минтақаӣ ва ҳалли масоили дигари мубрами ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт." Инчунин гуфта шудааст, ки ҷонибҳо ба тақвияти ҳамкорӣ барои мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ таъкид карданд.
Чанд рӯз пеш аз ин сафар, Покистон ба қисмати ҷанубу шарқи Афғонистон ҳамла кард. Ҷойе, ки ба иттилои артиши Покистон аъзои "Таҳрики Толибони Покистон" қарор доранд. "Толибон"-и Афғонистон гуфт, дар ин ҳамла 46 сокини мулкӣ кушта шуд. Вазорати дифои ин гурӯҳи ҳоким бар Кобул рӯзи 28-уми декабр хабар дод, ки зимни ҳамлаи ҷавобӣ чандин мавзеъро дар Покистон нишон гирифт.
Душмани душмани ман?
Андрей Серенко, коршиноси умури Афғонистон, дар саҳифааш дар Телеграм ин фарзияро матраҳ кардааст, ки Исломобод бо ин чашмандози эҳтимолӣ, ки “ҷабҳаи дувум” алайҳи “Толибон” боз кунад, дар ҷустуҷӯйи ҳампаймонҳое дар минтақа аст.
“Дар ин мавзӯъ шахсияти Эмомалӣ Раҳмон метавонад гузинаи беҳтарин ба унвони миёнҷӣ бошад, зеро дафтари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо роҳбарии Аҳмад Масъуд дар Душанбе қарор дорад,” - менависад Серенко.
Мақомоти Тоҷикистон ба ҷуз аз иттилоияи расмӣ дар мавриди дидор бо Оим Малик ҳеч назаре иброз накардаанд. Як сиёсатшинос аз Душанбе, ки мавзӯи ҳамкорӣ бо Афғонистонро дунбол мекунад, ба ин сафар назари монанд дорад, вале ба миёнравии Тоҷикистон назари қотеъ надорад.
“Ба назар мерасад, дар Душанбе аз сафари ин мақоми покистонӣ зиёд хушнуд набуданд. Расонаҳои давлатӣ дидори Раҳмонро бо Осим Малик ба таври густурда бозтоб надоданд ва танҳо бо хабарҳои кӯтоҳ иктифо карданд. Ба назар мерасад, нахостанд, ки барои хушҳол кардани Покистон робитаро бо "Толибон" халалдор кунанд," – гуфт мусоҳиби мо, ки ба далоили амниятӣ номаш навишта намешавад.
Вай афзуд: "Афғонистон дар солҳои охир ба шарики ҷиддии тиҷории Тоҷикистон табдил шудааст. Дар пасманзари маҳдудиятгузории Узбекистон ба хариди сементи Тоҷикистон дар Душанбе ба афзоиш додани содироти ин навъи маводи сохтмонӣ ба Афғонистон меандешанд. Илова бар ин, тарҳи CASA-1000, ки барои Тоҷикистон аҳамияти ҳаётӣ дорад, дар ҳоли анҷомёбии марҳилаи охираш дар хоки Афғонистон аст. Барои Тоҷикистон муфид нест, ки ба хотири Ҷабҳаи муқовимат равобити шиканандаи худро бо "Толибон" вайрон кунад."
Гап ва амал
Мақомати Тоҷикистон то чанде пеш ба таври расмӣ бо ҳазфи "Толибон" аз феҳристи созмонҳои террористӣ мухолифат мекарданд. Ин ҳаракатро ба далели надоштани ҳукумати фарогир интиқод ва аз муқовимати зидди "Толибон" ба раҳбарии Аҳмад Масъуд ҳимоят мекарданд.
Дар моҳи сентябри соли 2024 расонаҳои Афғонистон аз тамосҳои ғайрирасмӣ байни роҳбарони идораҳои истихборотии Тоҷикистон ва "Толибон" хабар доданд, ки ба гуфтаи онҳо бо ҳадафи одисозии равобит анҷом шудааст. Ин хабар он замон на дар Душанбе ва на дар Кобул тасдиқ нашуд.
Ба ҷуз ин, мақомоти Тоҷикистон ҳамкориҳои иқтисодиро бо ҳукумати "Толибон" пеш бурданд Аз ҷумла, содироти барқ ба Афғонистон идома ёфт, бозорҳои наздимарзӣ ифтитоҳ шуданд ва тибқи гузоришҳои гуногун барои маҳви гурӯҳҳое дар хоки Афғонистон, ки дар Тоҷикистон террористӣ эълон шудаанд, гуфтушунидҳои махфӣ сурат гирифтааст.
Шарқшинос Зоҳир Собириён дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Исломободи ранҷида метавонад Ҷабҳаи муқовиматро пуштибонӣ кунад, аммо мавқеи Душанбе, ба гуфтаи вай, вобаста ба вазъият хоҳад буд.
"Мақомоти Тоҷикистон беҳтар медонанд, ки аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳимоят кунанд, аммо онҳо ба хотири мавқеи кишварҳои тарафдори Толибон дар минтақа, Маскав ва Пекин дар инзиво мондаанд. Онҳо маҷбуранд, ҳимояти худро камтар ошкор кунанд ва кумакҳоро ба таври ғайримустақим ироа кунанд. Бо ин ҳол, дар Душанбе ба "Толибон" эътимод надоранд ва барои ҳамин вазъиятро зери назар хоҳанд дошт," -- мегӯяд Собириён.
Покистон таърихан аз "Толибон" ҳимоят мекард ва ин гурӯҳро абзоре барои тақвияти нуфузи худ дар Афғонистон ва ҳифозат аз манофеи стратегии худ дар баробари Ҳиндустон медонист. Идораи истихбороти Покистон ба "Толибон" аз замони ташкил шуданаш кумак мекард ва барои аъзои он паногоҳ ва манобеъ медод.
Пас аз бозгашти дубораи “Толибон” ба қудрат дар соли 2021 робитаи онҳо ба Покистон бад шуд. “Толибон” истиқлоли бештаре пайдо кард ва аз ба расмият шинохтани хати Дуранд (марзи байнулмилалӣ, ки соли 1893 байни Ҳиндустони бритониёӣ (Покистони имрӯзӣ ва Афғонистон таъйин шудааст) сарпечӣ мекунанд.
Танишҳо ба далели фаъолияти гурӯҳи “Таҳрики Толибони Покистон”, ки аз хоки Афғонистон ба Покистон ҳамла мекунанд, низ бештар шуд. “Толибон”-и Афғонистон ё маҳдуд кардани фаъолияти онҳоро намехоҳанд ё тавони онро надоранд.