Ин рӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба зарурати эҳтиром ва арҷгузорӣ ба фикру ақидаи кӯдакон, дарки ҷаҳони кӯдак, таҳаммулпазирӣ даъват мекунад.
Имсол Рӯзи умумии кӯдакон ба мавзӯи «Хотима додан ба озору азияти кӯдакон» бахшида шудааст. Бунёди кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид дар ин рӯз бо нашри як баёния аз ҳама давлатҳое, ки зери санади қатъномаи ҳуқуқи кӯдак имзо гӯзоштаанд, даъват кардааст, то барои мубориза бо табъизи кӯдакон, аз чораҳои ҳатмӣ кор бигиранд.
Бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид ё ЮНИСЕФ дар баёнияи худ аз чанд ҳодисаи пурсарусадои нақзи ҳуқуқи кӯдакон дар ҷаҳон ёдовар шудааст, ки дар як соли ахир боиси ошӯби нафрати ҷомеа гашт. Аз ҷумла ҳамла ба Малола Юсуфзай, духтари 14-сола дар Покистон дар соли 2012, куштори 26 хонандаву омӯзгор дар вилояти Коннектикути Амрико ва таҷовузи гурӯҳии духтарон дар Ҳиндустону Африқо дар соли 2013. Маҳз ҳамин ҷиноятҳои пурсарусадо алайҳи кӯдакон, ки ошӯби нафрати мардуми ҷаҳонро дар пай дошт, сабаб шуд, то рӯзи умумии кӯдакон имсол ба мавзӯи хотима додани озору азияти кӯдакон бахшида шавад.
20-уми ноябри соли 1989 дар Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи ҷаҳонии ҳуқуқи кӯдак ба тасвиб расид. Ин як санади ҳуқуқии байнулмилалист, ки давлатҳоро муваззаф мекунад аз ҳуқуқи кӯдакон, ҳуқуқ ба таҳсил, дастрасӣ ба комёбиҳои фарҳангии ҷаҳон, истироҳат ва ҳаёти хушбахтонаи афтол мусоидат кунанд.
Ин санад аз 54 банд иборат аст ва ҳукуматҳое, ки онро имзо кардаанд, аз ҷумла Тоҷикистон низ ӯҳдадор шудаанд, ки на танҳо ҳаққу ҳуқуқи кӯдаконро таъмин кунанд, балки бояд рушди ҳамаҷонибаи инсонии онҳоро дар шароити озод аз гуруснагиву ниёзмандӣ, бераҳмию хушунат, истисмор ва дигар суистифодаҳо, кафолат диҳанд.