Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрди пулис бо эътирозгарон дар Киев (ВИДЕО)


Ukraine -- Protesters clash with riot police during a protest in downtown Kyiv, January 19, 2014
Ukraine -- Protesters clash with riot police during a protest in downtown Kyiv, January 19, 2014

Рӯзи якшанбеи 19 январ дар Киев - пойтахти Украина - садҳо эътирозгар бо нирӯҳои пулис даргир шуданд.

Бино ба хабарҳо, дар нимаи дувуми рӯзи 19 январ дар минтақаи атрофи варзишгоҳи "Динамо", дар наздикии бинои парлумон ва Кобинаи вазирони Украина байни тазоҳургарон ва пулис даргириҳо ба вуқӯъ пайваст. Ҳудуди 10 000 эътирозгар талош карданд, ки садди нирӯҳои вижаи пулисро бишканнад. Мақомот мегӯянд, дар ин робита бо иттиҳоми "ташкили бетартибиҳои оммавӣ" парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Эътирозгарон бо чӯбдастҳо ба пулис ҳамла бурдаанд, зеро пулис мехост онҳоро ба сӯи бинои порламон бибарад. Дар он ҷо нирӯҳои зиёди пулис саф ороста буданд ва автобусҳо низ оварда шуда буд. Пулис аз норинҷакҳои гӯшкаркунанда ва газҳои дудӣ низ истифода бурдааст.

Пахши мустақими беназмиҳои Киев дар инҷо қобили тамошост:




Даргириҳо бо нирӯҳои пулис дар Киев дар ҳолест, ки рӯзи 19 январ дар майдони марказии пойтахти Украина даҳҳо ҳазор нафар алайҳи қонуни зидди тазоҳурот ба эътироз баромаданд. Дар ҷараёни тазоҳурот мухолифон тақозо карданд, ки дар Украина интихоботи қабл аз вақти раёсати ҷумҳурӣ баргузор ва ниҳодҳои ҳукумати мардумӣ ташкил шавад.

Виталий Кличко - раҳбари ҳизби мухолифи "УДАР" дар майдон хитоб ба ҳуззор таъкид кард, ки бояд ҳайъати Кумиссиюни марказии интихобот низ нав шавад, то интихоботи зудраси раёсатҷумҳурӣ озоду одилона баргузор гардад. Кличко эълон кард, ки рӯзи душанбе ҷиноҳҳои мухолифон бори дигар ҷаласаи худро баргузор мекунанд. Вай аз сарбозону низомиён хост, ки ба тарафи ширкаткунандагони тазоҳурот гузаранд.

Ятсенюк (аз чап) ва Тяҳнибок (аз рост)
Ятсенюк (аз чап) ва Тяҳнибок (аз рост)
Олег Тяҳнибок - раиси ҳизби "Свобода” ба эътирозгарон пешниҳод кард, ки ба раванди ташкили “ниҳодҳои ҳукумати мардумӣ” оғоз кунанд. Тяҳнибок ташкили ҳукумати мардумӣ, порлумони мардумӣ ва Шӯрои мардумии шаҳрӣ дар Киевро дар назар дорад. Тяҳнибок дар майдон гуфт, бо ҷамъоварии миллионҳо имзо ба ҷонибдорӣ аз ин пешниҳод ниҳодҳои мардумӣ ҳукми қонунӣ мегиранд.

Аммо эътирозгарон аз раҳбарони мухолифон тақозо мекунанд, ки касе аз онҳо нақши раҳбари умумиро бар дӯши худ бигирад. Эътирозгарон мегӯянд, ки "Автомайдон” ва “Евромайдон” ба лидер ё раҳбари умумӣ ниёз доранд ва номи вай бояд эълон шавад, то ӯ мухолифонро ба марҳалаи баъдӣ, яъне то ба пирӯзӣ раҳнамоӣ кунад.

Раҳпаймоии нави мухолифин дар пойтахти Украина
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00
Линки мустақим

Арсений Ясенюк - раҳбари ҳизби "Баткившина" дар майдон эълон кард, ки порлумони кунунӣ, яъне Верховная Радаи Украина эътибори қонунии худро аз даст додааст, зеро ин порлумон 16 январ бо аксари оро як силсила қонунҳоеро ба тасвиб расонд, ки барои тундгароӣ ва тӯҳмат муҷозотро пешбинӣ мекунанд. Арсений Ясенюк пешниҳод кард, ки барои истеъфои раиси ҷумҳур “раъйдиҳии мардумӣ” доир ва пешнависи Қонуни Асосии нави Украина таҳия шавад.

Нирӯҳои мухолифон дар ҷараёни эътирози рӯзи якшанбе дар майдон изҳор доштанд, ки қонунҳои имзокардаи раисиҷумҳур Виктор Януковичро иҷро нахоҳанд кард ва ба он байкот эълон мекунанд.

Виктор Янукович
Виктор Янукович
Ин тазоҳурот дар ҳоле баргузор мешавад, ки рӯзи ҷумъа Виктор Янукович - раисиҷумҳури Украина қонун дар бораи маҳдудияти ҳамоишҳои эътирозии зиддиҳукуматиро имзо кард. Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ин қонунро мухолифи меъёрҳои демократӣ дар ҷомеа ва талоше барои ҷорӣ кардани “низоми диктаторӣ” арзёбӣ карданд.

Мухолифони Украина низ мегӯянд, ки Янукович бо имзои чунин қонун акнун мехоҳад дар кишвар "низоми диктаторӣ" ҷорӣ кунад. Дар қонуни нав гузоштани хаймаҳо ва микрофонҳо дар маҳалли таҷаммӯъи мардум мамнӯъ мешавад. Ин қонун барои нақзи “тартиботи ҷамъиятӣ” 15 шабонарӯз ҳабсро ҳам пешбинӣ мекунад.

Дар қонуни нав созмонҳои ғайридавлатӣ, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мешаванд, “агенти хориҷӣ” арзёбӣ хоҳанд шуд. Ин айни ҳамон қонунест, ки Русия низ соли гузашта ба тасвиб расонд.

Таҳлилгарон мегӯянд, чунин ба назар намерасад, ки ин эътирозҳо пояи ҳукумати Виктор Януковичро ба ларза дарорад. Бо вуҷуди ин, тасмими Янукович дар бораи барканории раиси дафтари раёсати ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳад, ки дар миёни доираҳои раҳбарӣ низ мухолифатҳо вуҷуд дорад. Дафтари раёсати ҷумҳурӣ дар бораи сабабҳои барканории Серҳий Лявочкин тавзеҳот надодааст. Вале хабаргузории Франс Пресс гузориш додааст, ки хонум Дарка Чепак -сухангӯи раиси ҷумҳур низ мехоҳад аз мақоми худ истеъфо диҳад.
XS
SM
MD
LG