Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ирсоли парвандаи "узв"-и Гурӯҳи 24 ба додгоҳи Сомонӣ


Додгоҳи олӣ баррасии парвандаи Умедҷон Салиҳовро ба ихтиёри додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ гузоштааст. Оқои Салиҳов барои узвият дар гуруҳи мамнӯи 24 муттаҳам мешавад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи Умедҷон Салиҳовро, ки барои узвият дар созмони мамнӯи “Гурӯҳи 24” муттаҳам мешавад, ба ихтиёри Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт гузоштааст. Худи Салиҳов мегӯяд, ӯ аслан узви “Гурӯҳи 24” набуда, балки дар ҳамоиши мухолифони тоҷик дар соли гузашта дар Новосибирск ба ҳайси корманди ФСБ-и Русия иштирок доштааст.

Як масъули дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 15 январи соли ҷорӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ниҳод баъди баррасии кӯтоҳи парвандаи Умедҷон Салиҳов зарур донистааст, он дар марҳилаи аввал дар Додгоҳи Исмоили Сомонӣ мавриди баҳс қарор гирад. Ба қавли манбаъ, азбаски Умедҷон Салиҳов аз тарафи маъмурони Вазорати умури дохилӣ боздошт шудааст, бо назардошти маҳалли ҷойгиршавии ин ниҳоди қудратӣ, парвандаи ӯро ба додгоҳи Исмоили Сомонӣ фиристодаанд.

Умедҷон Салиҳов, сокини деҳаи Хушони ҷамоати Ромити ноҳияи Ваҳдат ҳамчун узви “Гурӯҳи 24” ба чанд моддаи Кодекси ҷиноӣ айбдор дониста мешавад. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Салиҳовро тибқи моддаи 307 қисми 2 “ғасби ҳокимият”, 307 қисми 1 ”даъват ба экстремизм”, моддаи 307 қисми 3 “ҷавобгарии ҷиноӣ барои созмони гуруҳи ҷиноӣ” дар ҳамкорӣ бо созмони “Гурӯҳи 24”, моддаи 137, қисми 2 -- “таҳқири омавии президент” гунаҳкор донистааст.

Аммо вакили мудофеи Умедҷон салиҳов -- Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, зерҳимояи ӯ узви "Гурӯҳи 24" нест ва аз номи он гурӯҳ суханронӣ накардааст, балки корманди ФСБ - Хадамоти федеролии амнияти Русия аст ва бо амри ҳамин идора дар як ҳамоиши мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия ширкат кардааст. “Гӯиё Умедҷон дар Новосибирск дар як ҳамоиши "Гурӯҳи 24" ширкат карда, гуфта бошад, ки президент Эмомалӣ Раҳмон заминҳои Тоҷикистонро ба Чин фурӯхтааст ва ба истеъфо равад. Аммо ин воқеият надорад, чунки Умедҷон ҳамчун корманди ФСБ тибқи дастури раёсати ФСБ-и Русия барои назорати ин ҳамоиш омада буд ва аслан суханронӣ накардааст. Фақат чеҳраи вай дар навори видеоӣ омадаасту тамом.”

"Гурӯҳи 24", яке аз созмонҳои мухолифи давлати Тоҷикистон, дар тобистон ва авоили тирамоҳи соли 2014 дар чанд шаҳри Русия ҳамоишҳои эътирозӣ алайҳи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро барпо карда, хостори як чунин гирдиҳамоӣ дар шаҳри Душанбе ҳам шуда буд. Ҳамоиши "Гурӯҳи 24" дар Новосибирск тобистони гузашта доир шудааст.

XS
SM
MD
LG