Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти низомиёни СПАД аз мавқеи Русия дар қиболи Туркия  


Акс аз як тамрини нирӯҳои СПАД дар Арманистон. Дабири куллли СПАД Николай Бордюжа - дар марказ
Акс аз як тамрини нирӯҳои СПАД дар Арманистон. Дабири куллли СПАД Николай Бордюжа - дар марказ

Дар шароите, ки Русия мехоҳад шумори кишварҳои ҳамовози худро дар муқобили Туркия афзун кунад, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки Тоҷикистон бояд ба хотири манфиатҳои худ аз эҳтиёт кор гирад.

Дар ҷаласаи Кумитаи низомии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ширкатдорон аз кишварҳои узв ҳамраъйии худро бо мавқеи Русия дар низоъ бо Туркия намоиш доданд. Ширкатдорони ҷаласаи Кумитаи низомии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав рӯзи 9 декабр “бо раъйи оро” Туркияро, ки ҳавопаймои бомбафкани русро сарнагун кард, маҳкум карданд. Дар изҳороти худ раиси ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳи Арманистон Юрий Хачатуров, ки раҳбарии ҷаласаро ба ӯҳда гирифт, гуфт, ҳамаи раисони ситоди кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ аз мавқеи Русия ҳимоят ва ин ҳодисаро “як амали таҳрикомези бешараф” аз ҷониби Ҷумҳурии Туркия қаламдод карданд. Мо ин ҳодисаро бо шеваи дигар баҳо дода наметавонистем, чунки, тавре ҳамон замон худи Русия ҳам гуфт, ин ҳодиса як зарба ба пушт буд”. Хачатуров гуфт, ки аъзои ин паймон тамоми тасмимҳои баъди ин аз ҷониби Русия гирифташударо пуштибонӣ карданд. Валерий Герасимов, раиси ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳи Русия гуфт, дар ҷаласаи рӯзи чоршанбе, 9 декабр дар Маскав ҳамчунин тадбирҳои ҷилавгирикунанда аз ҳама гуна таҳдидҳои террористии оянда дар қаламрави таҳти нуфузи СПАД баррасӣ шуд.

Айни замон таъкид шуд, ки мавзӯи аслии баррасиҳо – суқути ҳавопаймои Су-24-и Русия дар фазои Сурия дар охири моҳи ноябр буд. Таниш миёни Туркияву Русия баъди рӯзи 24 ноябр аз сӯи ҳавопаймои туркӣ сарнагун шудани ҳавопаймои русии СУ-24 шурӯъ шуд. Анкара мегӯяд, ки ҳавопаймо ҳарими ҳавоии кишварро вайрон кард ва ҳушдорҳоро сарфи назар намуда, ҳадафи зарбаи мушакӣ қарор гирифт. Аммо Русия пойфишорӣ дорад, ки ҳавопаймои СУ-24 дар фазои Сурия буд ва аз ин рӯ Туркия бояд гунаҳро ба гардан бигирад ва узрхоҳӣ кунад. Баъди ин ки президенти Туркия ошкор гуфт, ки Анкара узрхоҳӣ карданӣ нест, Маскав дар андешаи муҷозот шуд. Бо як қарори ҳукумат, Русия аз 1 январ воридоти маҳсулот аз гӯшти мурғ ва мурғи марҷон, меваву сабзавотро аз Туркия манъ мекунад. Вазорати хориҷаи Русия эълон кард, ки аз 1 январ низоми равуои бидуни раводидро барои шаҳрвандони Туркия аз байн мебарад.

Аммо мақомоти Туркия мегӯянд, ки ин таҳримҳо ба иқтисоди кишвар таъсири зиёд нахоҳанд дошт. Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, низоъ дар робита ба сарнагун кардани ҳавопаймои низомии СУ-24 ба тарҳҳои муштараки энерҷии Туркияву Русия, аз ҷумла, воридоти газ ба Туркия ва бунёди нерӯгоҳи ҳастаӣ аз сӯи мутахассисони рус таъсире нахоҳад дошт.

Тоҷикистон дар қиболи Русияву Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон баъди шурӯи ихтилофҳои миёни Маскаву Анкара хомӯширо ихтиёр карда, тақрибан ҳеҷ вокунише нишон надоданд. Танҳо дар як изҳороте, ки дар сайти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 26 ноябр нашр шуд, аз суқути ҳавопаймои ҷангии русӣ изҳори таассуф шудааст. Дар изҳорот гуфта шуд, ки “ҷониби Тоҷикистон ҳодисаи марбут ба ҳавопаймои рӯзи 24 ноябри соли 2015 суқутдодашудаи Русияро, ки дар амалиёти зиддитеррористӣ ширкат дошт, бо таассуф қабул кард ва ба наздикону пайвандони низомиҳои ҳалокшуда изҳори ҳамдардӣ мекунад.”

Вазорати хориҷа гуфт, ки Тоҷикистон тарафдори комили амалҳои муштараки ҷомиаи ҷаҳонӣ дар амри мубориза бо терроризм буда, “умедвор аст, ки ба қазияи марбут ба ҳавопаймои задашудаи

Ҳавопаймои Су-24- Русия аз ҷониби Туркия суқут дода шуд
Ҳавопаймои Су-24- Русия аз ҷониби Туркия суқут дода шуд

Федеросиюни Русия баҳои объективие, ки ба оддӣ сохтани вазъ ва равобити ба таниш печидаи Русияву Туркия мусоидат кунад, дода хоҳад шуд.” Нозирон мегӯянд, ки дар шароите, ки Русия талош дорад масъалаи суқути ҳавопайморо калон карда, Туркияро аз роҳҳои иқтисодӣ муҷозот кунад, бешубҳа талош мекунад кишварҳои ҳампаймони бештарро дар ин маъракаи сиёсӣ ҳамовози худ кунад. То ба пояи СПАД – як созмони низомии минтақавӣ дар ҳудуди шӯравии собиқ кашондани ин масъала ҳам ба он маъност, ки аз сӯе танҳо набудани худ дар ин мавқеъ ва ҳам ҳамовоз будани кишварҳои дигари ҳамшарики Туркияро бо ин амалаш намоиш диҳад.

Дар чунин шароит, мегӯяд таҳлилгари тоҷик Парвиз Муллоҷонов, Душанбе бояд аз гузашта бештар эҳтиёткор бошад ва нагузорад, ки равобиташ бо Туркия ва ҳамчунин Русия халалдор созад. Ин зарурат, пеш аз ҳама, аз манфиатҳои моливу иқтисодие сарчашма мегирад, ки Тоҷикистонро солиёни зиёд бо Туркия пайванд медиҳад. Парвиз Муллоҷонов гуфт, масъалаи эҷоди ихтилоф бо Туркия барои Русия ва шахсан Путин хеле муҳим аст. «Мо таззоди манфиатҳоро мушоҳида мекунем, - гуфт таҳлилгар Парвиз Муллоҷонов. – Барои Эрдуғон ва ҳизби ӯ, ки дар фикри эҳёи қаламравҳои Империяи Усмонии қарни 19 мебошанд, ҷанг дар Ироқу Сурия манфиатҳои худро дорад.

Дахолати Русия нақшаҳои Туркияро ба ҳам зад». Вале барои Тоҷикистон Туркия яке аз наздиктарин кишварҳо аз назари манфиатҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Равобити дипломатии миёни Тоҷикистону Туркия таърихи беш аз 20-сола дорад, дар Тоҷикистон 60 ширкати туркӣ амал мекунад ва соли 2013 мизони табодули молу коло миёни ин ду кишвар ҳудудан 500 миллион долларро ташкил дод. Туркия кишвари муҳими содиркунандаи маҳсулоти саноативу сохтмонӣ ба Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва шаҳрвандони ҳарду кишвар ҳақ доранд, ба қаламрави якдигар бидуни виза ворид шаванд. Айни ҳамин муқаррарот қарор аст аз ҷониби Русия шурӯъ аз соли 2016 бекор шавад.

XS
SM
MD
LG