Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бишкек мехоҳанд аз сайёҳон ва мошинҳои ғайришаҳрӣ боҷ ситонанд


Шаҳрдории Бишкек се намуди нави ҷамъоварии маблағ аз сокинонро дар пойтахти Қирғизистон пешниҳод кардааст.

Дар лоиҳаи қарор пешниҳод шудааст, ба таври санҷишӣ ва ба муҳлати шаш моҳ аз ҳамаи мошинҳое, ки аз минтақаҳои дигар ба Бишкек ворид мешаванд, вобаста ба навъи воситаи нақлиёт аз 50 то 300-сомӣ (аз $0,6 то $3,5) ситонида шавад.

Мошинҳое, ки рақами қайди давлатии хориҷӣ доранд, бояд маблағи бештар, аз 200 то 5 ҳазор сом пардозанд.

Ҳамчунин ситонидани ҳаққи истифодаи дучархаҳои барқӣ ва боҷи сайёҳӣ низ пешниҳод гаштааст.

Дар сурати қабули қарор, онҳое, ки дар ҳудуди шаҳр дучархаҳои барқиро иҷора медиҳанд, солона барои ҳар як дучарха 1000 сом ($12) пардохт хоҳанд кард ва сайёҳон ҳам барои ҳар як шабонарӯзе, ки дар пойтахти Қирғизистон сипарӣ мекунанд, 50 сом ($0,6) мепардозанд.

Лоиҳаи қарор ба баррасии умум пешниҳод шудааст.

XS
SM
MD
LG