Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия даҳҳо шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистонро раҳо кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҷониби Русия рӯзи 4-уми ноябр 115 шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон дар марзи ин кишвар бо Қазоқистонро раҳо кард. Ҳамаи ин афрод шоми 2-юми ноябр, ҳангоми бозгашт аз Маскав ба Душанбе дар гузаргоҳи Оқсарой, дар ҳудуди вилояти Астрахан, аз қатори роҳи оҳан фароварда шуданд.

Мо баъзе аз ин шаҳодатномаҳоро дастрас карда, бо махзани ягонаи маълумот муқоиса мекунем, ки оё ин санадҳоро мо додаем, ё воқеан тақаллубианд.

Мақомоти марзбонии Русия иддао карданд, ки аксари ин афрод барои нақзи қоидаи будубош ва шаҳодатномаи қалбакии бозгашт ба ватан муттаҳаманд.

Шаҳодатномаи бозгашт ба ватанро сафорати Тоҷикистон ва консулгариҳои кишвар дар Русия барои он шаҳрвандооне медиҳад, ки шиносномаи худро гум кардаанд, ё муҳлати истифодаи шиносномаашон гузаштааст. Аммо масъулони сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 4-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир барои онҳо маълум нест, муҳоҷирони тоҷик ин санадҳоро аз куҷо дастрас намудаанд.

Сарвар Бахтӣ
Сарвар Бахтӣ

Бо ин ҳол, ба қавли Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорат, ин маълумотест, ки ҷониби Русия пешниҳод кардааст. Ӯ гуфт, феълан як кумисюн аз ҳисоби намояндагони сафорат ва ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон ташкил шуда, дурустии иддаои ҷониби Русияро месанҷад.

"Мо баъзе аз ин шаҳодатномаҳоро дастрас карда, бо махзани ягонаи маълумот муқоиса мекунем, ки оё ин санадҳоро мо додаем, ё воқеан тақаллубианд. Дар сурати тақаллубӣ набудани ин санадҳо мо далели худро ба мақомоти Русия пешниҳод карда, ҷавоби ин суолро хоҳем хост, ки чаро бо шаҳрвандони мо чунин карданд?" - афзуд ӯ.

Сарвар Бахтӣ гуфт, онҳо барои таҳқиқи ҳодиса бо масъулони Вазорати умури хориҷии Русия ва ниҳодҳои дигари он кишвар дар тамос буда, масъалаи боздошту нигаҳдории шаҳрвандони кишвар дар марз бо Қазоқистонро дар миён гузоштаанд. "Баъд аз муроҷиати мо шаҳрвандонро озод карданд. Онҳо метавонанд, ки ба ватан баргарданд", - афзуд ӯ.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Яке аз муҳоҷирони тоҷик, ки дар қатори даҳҳо тани дигар аз поезди Маскав – Душанбе поин оварда шуд, гуфт, ки ӯро барои нақзи қоидаи будубош дар Русия муттаҳам кардаанд. Ин муҳоҷири тоҷик гуфт, "мегӯянд, як рӯз аз муҳлати иҷозаи будубоши ман дар қаламрави Русия гузаштааст. Маро ҷарима бастанд."

Ҳар сол дар фасли баҳор даҳҳо ҳазор афроди қобили кор аз Тоҷикистон ба Русия рафта, тирамоҳ бармегарданд. Дар гузашта муҳоҷирони тоҷик бештар тариқи ҳавопаймо ба Русия равуо мекарданд, аммо тайи ду соли ахир ба далели буҳрон ва камии сармоя дубора ба мусофирбару қатори роҳи оҳан рӯй овардаанд.

Ахиран масъулони Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон гуфтанд, ки дар 9 моҳ тариқи қатор 102 ҳазор нафар мусофирро ба манзил расондаанд, ки дар муқоиса ба 3 соли пеш се баробар бештар аст. Дар гузашта бинобар мушкилоти роҳ, хусусан дар марзи Узбакистон ва Русия, мусофирон аз сафар бо қатор парҳез мекарданд.

XS
SM
MD
LG