Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВИДЕО: Модари сегоникҳо аз Убайдуллоев хона мехоҳад


Салима Раҳимова бо Аҳмад, Оиша ва Муҳаммад
Салима Раҳимова бо Аҳмад, Оиша ва Муҳаммад

Салима Раҳимова, ки ҳанӯз 8 сол қабл сегоник ба дунё оварда, аз шаҳрдории Душанбде ваъдаи хона гирифта буд, ҳоло аз раиси пойтахт Муҳаммадсаид Убайдуллоев мехоҳад, ки ба ӯ кумак кунанд.

Салима Раҳимова, сокини шаҳри Душанбе, ки соли 2006 якбора се тифл ба дунё овард, мегӯяд шаваҳараш гирифтори бемории вазнин буда, дигар имкони супоридани иҷорапулиро надоранд ва аз ин рӯ тайи як нома аз шаҳрдории Душанбе хоҳиш кардааст, ки ба мушкили ӯ расидагӣ кунад.

Хонум Раҳимова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, 8 соли пеш ҳангоми таваллуди сегоникҳо, ду писару як духтар, Аҳмад, Муҳаммад ва Оиша шаҳрдорӣ ба онҳо кӯмаки молӣ дар ҳаҷми 900 сомонӣ, сару либос ва се аробача ба ин навзодон тақдим карда буд. Ҳамчунин он замон ваъда дода буд, ки барои онҳо манзили истиқомотӣ хоҳад дод.

Аммо бо гузашти 8 сол, ҳанӯз ҳам онҳо иҷоранишинанд ва ниёз ба манзили зист доранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ин Салима Раҳимова, тарбияи ин сегоникҳо дар як хонаи иҷора ва ҳамроҳи 7 аъзои оила мушкил аст.

Аз Убайдуллоев кумак хостани модари сегоникҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:52 0:00

Аҳмад, Оиша ва Муҳаммад ҳангоми навзодӣ
Аҳмад, Оиша ва Муҳаммад ҳангоми навзодӣ

Салима Раҳимова, дар идома афзуд: “8 соли пеш шаҳрдорӣ супориш дода буд, ки бояд барои хонавода мо манзили зист бидуни навбат дода шавад. Зеро бар асоси моддаи 35 кодекси манзили ҶТ ба модароне ки дар як вақт 3 ва ё зиёда аз ин таваллуд кардаанд, хонаи истиқоматӣ бенавбат дода мешавад. Феълан ман ҳамчун модари оилаи 7-нафара дар мушкилоти сахти иқтисодӣ ва бехонагӣ гирифторам ва дар азобу ғаму заҳмати тоқатфарсо қарор дорам. Шавҳарам 5 сол мешавад гирифтори бемории сахти ҷигардард буда, таҳти назорати духтурон мебошад. Шароити таъминоти тарбия, беҳдошту саломатӣ ва рушди ҳадди ақали сегоникҳо ва фарзандонам дар чунин муҳит ва шароити сахту номусоид ғайримумкин аст.”

Салима Раҳимова бо чунин мазмун номаи пурсӯзе ба шаҳрдории Душанбе ҳам навиштаву нусхаашро ба Радиои Озодӣ ҳам фиристодааст.

Аҳмад, Оиша ва Муҳаммад
Аҳмад, Оиша ва Муҳаммад

Волидони ин сегоникҳо мегӯянд, шаҳрдорӣ ин номаи онҳоро дастрас кардааст ва баъд аз омӯзиш ба он посух хоҳанд дод. Аҳмад, Муҳаммад ва Оиша ин сегоникҳо ҳоло дар синфи дуюм дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 54-и пойтахт таҳсил доранд ва бар асоси оморҳои ғайрирасмӣ дар шаҳри Душанбу ҳудуди 25 сегоникӣ дигар ҳам будааст.

XS
SM
MD
LG