Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Субҳони Саидро дар Алмосӣ ба хок супурданд. ВИДЕО


Субҳони Саид
Субҳони Саид

Ҷасади Субҳони Саид (Субҳон Саидов), овозхони маъруфи тоҷик ва раҳбари пешини дастаи "Гулшан", рӯзи 5 июл дар оромгоҳи ҷамоати Алмосии ноҳияи Ҳисор ба хок супруда шуд. Вай дишаб дар 56-солагӣ дар Душанбе даргузашт.

Амиршои Субҳон, яке аз писарони Субҳони Саид, гуфт, падараш панҷ рӯзи охир дар бемористони маъруф ба "Медгородок"-и Душанбе бистарӣ буд ва асосан аз дарди асаб ранҷ мекашид. "Падарам то лаҳзаи охир аз беқадрии худ мегуфтанд ва норозӣ аз он буданд, ки ҳукуматдорон ба қадрашон нарасидаанд," - афзуд ӯ.

Субҳон кадом орзуҳояшро ба хок бурд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

Фурқати Саид, яке аз шогирдони Субҳони Саид, низ дар саҳифаи Фейсбукаш навиштааст, ки "Эҳ Субҳон, Субҳон... туро борҳо дар зиндагӣ куштанд, ба садоят гӯш надоданд, равзанаҳоро ба рӯят бастанд, аммо ин нотавонбинон куҷо медонистанд, ки фарёди ту ба дарди мардум хӯрда ва пайкараат дар хумдонашон ҷо гирифтааст? Акнун туро чун устухони Рӯдакӣ аз хок мекобем..."

Аксҳо аз маросими видоъ бо Субҳони Саид:

​Ин ситораи маъруфи солҳои 80-уми асри гузашта чанд соли охир маризи бистарӣ буд ва барномаҳои ҳунарияш хеле кам баргузор мешуданд. Худи ӯ дар як суҳбати қаблиаш бо Озодӣ гуфта буд, ки "мулло бе ҷойнамоз ва овозхон бе саҳна буда наметавонад. Барои ман бисёр менависанд, занг мезананд, мепурсанд, ҳатто ба хона меоянд, ки Субҳон чаро дар саҳна нестӣ? Аммо вазъи саломати маро мебинанд ва мефаҳманд, ки бо ин ҳол наметавон зуд-зуд рӯи саҳна омад."

Навори охирине, ки Субҳони Саид дар аввали соли ҷорӣ сабт ва баъдан тавассути Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар Интернет гузошт, муроҷиат ба муҳоҷирони тоҷик буд, ки ба қавли ӯ зудтар ба хонаҳояшон баргашта ва дар ватан соҳиби кор шаванд. Вай дар ин навор таронаи Абдувоҳиди Зеварро, ки аз муроҷиати фарзанди як муҳоҷири тоҷик ба падараш иборат аст, бидуни оҳанг хонд ва гуфт, барои сабти ин тарона ва ҳамчунин баргузории консерт дар рӯбарӯи муҳоҷирон дар кишварҳои хориҷӣ, бахусус Русия маблағи кофӣ надорад:

“Попӯши ягонаам даридаст, додо,

Ҳуш аз сари сахти ман паридааст, додо.

Пойҳои кафидаам чунон хуншоранд,

Ин ҳоли маро саге надидаст, додо...”

Субҳони Саид дар навори охиринаш гуфта буд, аз соли 2002 аз ҳамсараш ҷудо шуда ва чор писарро ба танҳоӣ бузург кардааст. “Худо ба ягон инсон дард надиҳад. Ягон мӯи сараш осебе набинад. Инсон, ки ба ягон касалӣ гирифтор мешудааст, дову датсгоҳе, ки дорад, ҷӯраҳо... ҳамааш фақат гап будааст,” - шиква карда буд ӯ.

Субҳони Саид моҳи сентябри соли 1960 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шуда, таълими 8-соларо дар зодгоҳаш гирифтааст. Баъдан, се соли боқимондаи таҳсилро дар Омӯзишгоҳи санъати ноҳияи Рӯдакӣ идома додааст. Солҳои 1979 то 1981 дар шаҳри Маскав хидмати сарбозӣ карда, баъд аз он фаъолиятро ба ҳайси киномеханик дар шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор шуруъ намудааст.

Солҳои 1983-85 дар ҳайати ансамбли эстрадии “Суғдиён” кор карда, соли 1986 барои кор ба дастаи ҳунарии “Ганҷина”-и Филармонияи давлатӣ даъват шудааст. Аз соли 1993 то соли 2008 раёсати дастаи ҳунарии “Гулшан”-ро бар ӯҳда дошт.

Муаллифи даҳҳо оҳангу сурудҳои эстрадӣ ва мардумист. Соли 2003 дар озмуни сартосарӣ миёни овозхонҳои эстрадаи тоҷик бо касби мақоми аввал “Ситораи сол” эълон шуда буд.

XS
SM
MD
LG