Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо аз кашфи расадхона дар Карон (ВИДЕО)


Бостоншиносони тоҷик дар идомаи ковишҳо дар шаҳраки Карон, воқеъ дар Дарвози вилояти Бадахшон вайронаеро кашф кардаанд, ки расадхона будааст.

Академик Юсуфшоҳ Яқубов, масъули ҳафриёти бостонишиносӣ дар шаҳраки Карон, воқеъ дар Дарвози Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 24 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари кашфи расадхона дар ин минтақаро тасдиқ кард ва гуфт, ки дар пайи ковишҳои бостоншиносӣ, аз зери қабати ғафси хок вайронае кашф гардид, ки маълум шуд, расадхона аст.”

Зеро ба таъкиди ҷаноби Яқубов, мутахассисони Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон ба шаҳраки Карон даъват шуданд ва онҳо низ расадхона будани ин вайронаро тасдиқ карданд. Ҳамчунин ба гуфтаи Юсуфшоҳ Яқубов, президенти Академияи улуми Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов низ бевосита аз ин вайрона дидан кард.

Масъулони Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академия илмҳои Тоҷикистон мегӯянд, ки Наталия Канаванова, мутахассиси ин муассисаи илмӣ ахиран бо даъвати бостоншиносон аз Карон ва бахусус аз вайронае, ки расадхона гуфта мешавад, дидан кардааст. Ба гуфтаи ин масъулон, барои комилан мутмаин шудан, ки ин вайрона расадхона мебошад, ба вақти бештар ниёз аст.

Дар ҳамин ҳол, Ҳайдаршоҳ Акбаров, аз Маркази илмӣ-таҳқиқотии ёдгориҳои бостонии “Ориёно”, ки бевосита дар ковишҳои бостоншиносӣ дар шаҳраки Карон ширкат дорад гуфт, ки дар вайронаҳои расадхона маводи гуногуни сангӣ низ дарёфт шуд, ки тахтасангҳои хурдҳаҷм мебошанд ва шаклҳои гуногуни геометрӣ доранд. Ба гуфтаи ҷаноби Акбаров, расадхонаи кашфшуда дар шаҳраки Карон ба расадхонаи воқеъ дар ноҳияи Ишкошим низ хеле шабоҳат дорад.”

Бо ин ҳам вай таъкид кард, ки ҳафриёт ҳанӯз ҳам идома дорад ва бостоншиносон талош доранд, то бозёфтҳои наверо аз ин шаҳраки қадима ва таърихӣ пайдо кунанд.

Ҳафриёти бостоншиносӣ дар шаҳраки Карон ё Қалъаи Карон таҳти сарпарастии академия Юсуфшоҳи Яқуб, аз Пажӯҳишгоҳи бостоншиносии Академияи Илмҳои Тоҷикистон аз соли 2012- ум шурӯъ шуда ва дар оғоз се иншооти муҳим - бурҷи оташ, боҷхона ва маъбади об кашф гардид, ки ба таъкиди бостоншиносони тоҷик, ин бозёфтҳо бо гузашти қарнҳо, симо ва шакли худро ҳифз кардаанд.

Кашфи шаҳри Карон дар Дарвоз
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

XS
SM
MD
LG