Як додгоҳи федералӣ ба Оҷонси расонаҳои байнулмилалии Амрико (USAGM) дастур дод, ки буҷаи моҳи апрели Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро дар ихтиёри ин расона бигузорад. Дастур дар ҳоле содир шуд, ки кашмакаши ҳуқуқӣ бар сари фаъолияти шуморе аз расонаҳои зери ҳимояти молии Амрико идома дорад.
Додрас Ройс Ламберт рӯзи 29-уми апрел ҳукм содир кард ва пардохт нашудани буҷаи ин расонаро, ки Конгресс онро тасвиб кардааст, "худсарона" хонд.
Стивен Капус, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, гуфт, “ҳукми имрӯз ба ин маъно аст, ки рӯзноманигорони мо метавонанд ба кори худ идома диҳанд, ки посухгӯ қарор додани диктаторҳо ва худкомаҳост. Ин ҳукм ба Оҷонси расонаҳои байнулмилалии Амрико дастур медиҳад, то як моҳ аз буҷаи солонаеро, ки Конгресс ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҷудо кардааст, пардохт кунад."
Ӯ изҳори умед кардааст, ки буҷаи моҳи апрели Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ “ба зудӣ пардохта шавад, зеро расона ҳамин ҳоло маҷбур шудааст шуморе аз кормандони худро ба рухсатӣ бо пардохти танҳо бахше аз маош бифиристад ва барномаҳошро, ки барои амнияти миллии Амрико муҳим ҳастанд, коҳиш диҳад.”
Оҷонси байнулмилалии расонаҳои Амрико (USAGM) як ниҳоди давлатии мустақил аст, ки бар Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ, "Садои Амрико" ва расонаҳои дигари зери ҳимояти Амрико назорат дорад.
Ин расонаҳо хабарҳо ва маълумотро бо забонҳои гуногун ва барои ҳудуди 361 миллион нафар пахш ва нашр мекунанд.
Амри боздошта шудани маблағгузории РАО/РО рӯзи 14-уми март чанд соат баъд аз як дастури президент Доналд Трамп содир шуд, ки ба коҳиши ҳадди аксари харҷу кори ҳафт идора, аз ҷумла USAGM мувофиқи қонунҳо амр дод. Додани гранти кори РАО/РО бар асоси як номаи Кэри Лейк боздошта шуд, ки вазифааш мушовири аршади мудири муваққати USAGM ёд шудааст.
Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ ин корро "ғайриқонунӣ" хонд алайҳи USAGM иқдоми қонунӣ кард.
Додгоҳ пештар ҳам гуфт, ки USAGM дар манъи ёрии молӣ ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ “худсарона ва мутобиқи майли худ” амал кардааст.
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ расонаи мустақил ва зери чатри USAGM аст, ки аз ҳисоби ёрии бебозгашти Конгресс кор мекунад.
Ҳомиёни ҳуқуқи расонаҳо талошҳоро барои аз байн бурдани USAGM “золимона” хонда гуфтаанд, ки ин кор тӯҳфае барои режимҳои саркӯбгар дар саросари ҷаҳон аст.
Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон дар аввали моҳи апрел ҳушдор дод, ки ин иқдом бисёре аз рӯзноманигоронеро, ки барои расонаҳое монанди РАО/РО кор мекунанд, дар маърази хатар қарор медиҳад.
Дар ин нома, ки Анҷумаи қалами Амрико, Гузоришгарони бидуни марз ва баъзе аз созмонҳои дигар имзо карданд, омадааст, “рӯзноманигорони вобаста ба USAGM бинобар гузоришҳояшон дар мавриди масъалаҳои ҳассоси сиёсӣ бо таҳдидҳои ҷиддӣ, ҳабс ва озор дар кишварҳои худ рӯбарӯ ҳастанд".
Дар ин нома аз Конгресси Амрико хоста шудааст, ки "иқдоми фаврӣ" барои муҳофизат аз рӯзноманигороне, ки барои расонаҳои давлатӣ кор мекунанд, анҷом диҳад. "Муҳофизат аз онҳо як ӯҳдадории ахлоқӣ ва як мавзеъгирии муҳиме барои озодии матбуот ва арзишҳои демократӣ аст",-омадааст дар нома.
Буҷаи USAGM барои соли молии 2025-ум 950 миллион доллар будааст ва ин пул барои кор ва пардохти маоши кормандон равона мешавад.