Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ҳам газу нафт дорад?


Яке аз чоҳҳои нафти Исфара
Яке аз чоҳҳои нафти Исфара

Мудири кулли ширкати нафту гази “Сомон Ойл” мегӯяд, танҳо кашфи ягон кони бузурги нафт ё газ дар қаламрави Тоҷикистон метавонад пеши роҳи сармояҳои ҷиддии хориҷӣ ба истихроҷи нафту газ дар ин кишвари ташнаи энержии Осиёи Марказиро бикушояд.

Ширкати швейтсарии “Сомон Ойл” мегӯяд, бо анҷоми корҳои сейсмо-иктишофӣ ба кандани чоҳҳо дар ду майдони “Сӯфатоғи ғарбӣ” дар марзи ноҳияи Ашт бо Узбакистон ва дар кони “Қайроқум Б”, ки дар зери обанбори Қайроқум ҷойгир будааст, омодагӣ мегирад.

Мирзошариф Исломиддинов, мудири кулли “Сомон Ойл” рӯзи 14 сентябр дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, кандани ҳар чоҳ дар шароити Тоҷикистон 22 миллион доллар сармоягузориро талаб карда, то дастикам 8 моҳро дар бар мегирад: “Мо ҳоло ба оғози корҳои чоҳкобӣ омодагӣ гирифта истодаем. Кандани чоҳ як кори хеле гаронарзиш аст ва ҳар рӯзи кори ширкати чоҳкобӣ то 50 000 долларро талаб мекунад. Аз ин рӯ, таваққуф дар ин марҳала ба зарари ширкат аст ва мо бояд ба ҳар роҳе дар 8 моҳ корро тамом кунем. Барои танҳо лӯлаҳои мустаҳкамкунандаи ҳар як чоҳ то 850 тонна лӯла лозим аст. Барои пурра сохтани як чоҳ – тақрибан 1000 тонна.”

Оқои Исломиддинов мегӯяд, тааҳҳуди муассисаш – ширкати швейтсарии MNP Petroleum – ва ширкати ҳолландии “Вагобел” ҷиҳати ихтисоси 67 миллион доллар барои идома корҳои ҷиҳати истихроҷи нафт дар Тоҷикистон роҳро барои гузаштан ба марҳалаи нави фаъолияти “Сомон Ойл” дар майдонҳои нафти шимоли Тоҷикистон ҳамвор кардааст. MNP Petroleum рӯзи 9 сентябр хабар дод, ки дар мавриди ҷудои кардани сармояи бештар ба риштаи нафти Тоҷикистон бо шарики ҳолландиаш тавофуқ кардааст.

Мирзошариф Исломиддинов мегӯяд: “Ширкатҳои чоҳкобӣ зиёданд. Ширкатҳои Чин мунтазир нишастаанд, ширкатҳои амрикоии мустақар дар Қазоқистон низ чашм ба роҳанд, ки мо кай кандани чоҳҳоямонро шурӯъ мекунем? Баъдани кандани “Қайроқум Б” ва “Сӯфатоғи ғарбӣ” мо барои кандани чоҳи дуюм ба Қайроқум бармегардем.”

4 умеди "ояндадор"-и нафту гази Тоҷикистон

Тақрибан 5000 километри мураббаъ аз қаламрави шимоли Тоҷикистон низ ба ҳудуди нафтхези маъруф ба “халиҷи Фарғона” шомил мешавад. Дар ин қаламрав 4 кони нафти, ба таъбири Мирзошариф Исломиддинов, “ояндадор” вуҷуд доштааст:

- Майдони “Шарқӣ” - дар ҳудуди ноҳияи Исфара ва қисми шарқии ноҳияи Конибодом;


- Майдони “Ғарбӣ” (минтақаҳои “Навобод”, “Овчӣ- Қалъача”) - дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов, як қисми Ғончиву ғарби Конибодом;


- Майдони “Шимолӣ – Ғарбӣ” – дар қисми шимолии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ғарби ноҳияи Ашт ва зери обанбори Қайроққум;

- Майдони “Шимолӣ – Шарқӣ” – дар қисмати шарқии ноҳияи Ашт, дар марз бо Узбакистон.

Умқи ин майдонҳо, ба гуфтаи Исломиддинов, яксон нест ва аз 200-300 метр дар Исфара то 6 000 метр дар Ашт фарқ мекунад.

Бегазӣ, бенафтӣ...

Аммо ба сурати умум, Тоҷикистон ба фарқ аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ - Узбакистону Қазоқистон ва Туркманистон ва ҳамсояи ҷанубиаш – Афғонистон – манобеи фаровони нафту газ надорад ва дар ҳоли ҳозир беш аз 90 дарсади эҳтиёҷаш ба ин ду навъи муҳими маводи сӯхтро аз ҳисоби воридот таъмин мекунад. Аммо чунин вобастагӣ ба газу бензини воридотӣ иқтисоди кишварро дар як ҳоли хеле осебпазир қарор медиҳад.

Аз соли 2008 батадриҷ маҳдуд шудану аз соли 2012 пурра қатъ шудани воридоти газ аз Узбакистон корхонаҳои саноатии Тоҷикистонро маҷбур кард, ба таври хеле шитобзада дар фикри гузарондани тавлидоташ ба навъҳои дигари энержӣ ва асосан ба ангишт шаванд. Ҳамин тавр, эъмоли боҷи гумрукии Русия рӯи содироти маҳсулоти нафтиаш ба Тоҷикистон дар соли 2010 боис шуд, ки нархи бензину солярка ва мазут дар Тоҷикистон ба шиддат боло биравад ва ба сурати силсилаӣ мунҷар ба афзоиши низ башиддати нархи қариб тамоми анвои дигари маҳсулот дар бозорҳои ин кишвар шавад.

Мирзошариф Исломиддинов бо такя ба 5 сол таҷрибаи кораш дар “Сомон Ойл” мегӯяд, як омили умдае, ки пеши роҳи сармояҳои бузург ба риштаи нафту гази Тоҷикистонро гирифтааст, кашф нашудани ягон кони нав дар ин кишвар дар 28 соли охир аст. Ба ақидаи ӯ, ёфт шудани як кони ҷадид метавонад пеши роҳи сели сармоя ба ин ду соҳаи то ҳол ба воридот сахт вобастаи иқтисоди Тоҷикистонро кушояд: “Мо бояд итминони хотир бидиҳем сармоягузорро, ки дар зери хоки Тоҷикистон нафту газ ҳаст. Вале пеш аз хориҷиҳо бо кашфи чунин як кон мо бояд ҳукумати худи Тоҷикистонро мутмаин бисозем, ки мо дар воқеъ нафту газ дорем ва ҳукумат бояд барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба ин соҳа ҷиддан иқдом кунад. Ҷустуҷӯи конҳо дар Тоҷикистон бахусус дар солҳои 80 вусъат гирифта буд ва қариб ҳар сол ҳадди ақал як кон кашф мешуд. Агар имрӯз як чунин кон пайдо кунем, ҷалби сармоя тамоман ранги дигар мегирад.”

Тоҷикистон, бино ба ҳисобҳо, солона ба тақрибан ним миллион тонна маҳсулоти нафтӣ, бо шумули бензин, солярка, керосин, мазут ва равғанҳои молиданӣ ва ба тақрибан 1,5 миллиард метри мукааб гази табиӣ ниёз дорад. Дар соли 2013, бино ба оморҳои дарёфтӣ, дар Тоҷикистон ҳамагӣ 3 миллиону 928 ҳазор метри мукааб газ ва 27 532 тонна нафт тавлид кардаанд.

Газ кофист, нафт - на он қадар

Мудири “Сомон Ойл” гуфт, дар солҳои 80 ба Тоҷикистон муяссар шуда буд, ки тавлидоти нафт дар конҳояш ба 400 000 тонна дар сол бирасонад. 242 000 тоннаи он дар чоҳҳои воқеъ дар ҳудуди вилояти Суғд истихроҷ мешуд. Мирзошариф Исломиддинов мегӯяд, Тоҷикистон ба далели набуди захираҳои бузург имрӯз имкони таъмини пурраи бозораш бо маҳсулоти нафтиро надорад, вале метавонад иқтисодашро бо гази худӣ пурра таъмин кунад. Бахусус агар кони бузурги “Бохтар” дар ҷануби Тоҷикистон ба кор бидарояд: “Мо ҳамчунин метавонем бозори вилояти Суғдро бо нафти ватанӣ пурра таъмин кунем. Лекин боло рафтани хароҷоти корҳои чоҳкобӣ расидан ба ин ҳадафро, албатта, хеле мушкил мекунад.”

Мушкили дигар, ба гуфтаи коршиносон, эҳтимоли барҳадар рафтани сарфи нирӯю пул дар конҳову майдонҳои захираҳояшон пурра дақиқношудаи Тоҷикистон ҳам ҳаст.

Кони Ниёзбек, ки ба Қирғизистон монд
Кони Ниёзбек, ки ба Қирғизистон монд

Барои мисол, барои истихроҷи газу нафт аз кони “Хоҷа Боқирғон”, воқеъ дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон бо ноҳияи Лайлаки Узбакистон пули зиёд ва танҳо барои парма кардани чоҳҳояш 13 сол масраф карданд. Вале дар ниҳоят маълум шуд, ки он шохае аз кони нафту гази “Ниёзбек – Қарақчикуми Шимолӣ” будаву дар натиҷаи истихроҷи пайвастаи нафту гази он аз сӯи Тоҷикистону Қирғизистон фишори қабатҳояш комилан паст шудааст. Зимнан Мақомоти қирғиз тоза дар моҳи июни соли равон коргарони ширкати тоҷикистонии “Суғд Петролеум”-ро аз чоҳҳои кони “Ниёзбек” берун карда, изҳор доштанд, ки ин кон дар харитаҳои онҳо "Катта-Туз" ном дошта, дар қаламрави онҳост ва акнун ба баланси Қирғизистон мегузарад.

XS
SM
MD
LG