Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

200 доллар ҷарима. Пешниҳоди муҷозоти муҳоҷирон барои дурӣ аз фарзандон


Фарзандони муҳоҷирон моҳҳо чашм ба роҳи волидони худ ҳастанд. Акс аз фурудгоҳи Душанбе
Фарзандони муҳоҷирон моҳҳо чашм ба роҳи волидони худ ҳастанд. Акс аз фурудгоҳи Душанбе

Дар Қирғизистон пешниҳод доранд, ки барои бепарастор гузоштани фарзандон - волидони муҳоҷирашонро ҷарима кунанд.

Чунин ташаббус ахиран аз ҷониби Вазорати кор, таъминоти иҷтимоӣ ва муҳоҷират садо додааст. Ин ниҳод мегӯяд, дар кишвар даҳҳо ҳазор кӯдак бе доштани як саробон ё шахси масъул барои онҳо ба сар мебарад. Ҳомиёни ҳуқуқ дар Қирғизистон мегӯянд, маҳз ҳамин гурӯҳ кӯдакон бо хушунат рӯбарӯ мешаванд ва ё онҳоро ба кори маҷбурӣ ҷалб мекунанд. Аз сӯи дигар, мақомоти Вазорати меҳнати Қирғизистон чандон бовар надоранд, ки фақат бо чораҳои ҷазодиҳӣ мешавад масъаларо ҳал кард.

Кормандони ҳифзи иҷтимоӣ дар Қирғизистон мегӯянд, дар нуҳ моҳи имсол 86 ҳазор ноболиғ ҳамчун бесарбонон сабт шудаанд. Беш аз нисфи онҳо дар хонаҳои хешовандон бе санади сарпарастӣ зиндагӣ мекунанд. Яъне ҳеҷ касе нест, ки дар набудани волидонашон масъулияти ҳимояву ғамхории онҳоро дошта бошад.

Дар Вазорати кори Қирғизистон акнун пешниҳод доранд, ки барои беш аз ду ҳафта бесарпараст мондани кӯдакон волидонашонро ҷарима банданд. Нархи ҷазои бепарвоии волидонро мехоҳанд дар ҳаҷми 200 доллар таъин кунанд.

Гузоришро инҷо тамошо кунед:

Пешниҳоди муҷозоти муҳоҷирон барои бесаробон мондани фарзандонашон дар ватан
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Ташаббускорон мегӯянд, бисёр вақт кормандони иҷтимоӣ дар бораи будани чунин кӯдакон ҳеҷ хабаре надоранд ва ба онҳо сари вақт ёрӣ карда наметавонанд.

Ҳолатҳое кам нест, ки ноболиғон на бо хешовандон, балки бо бегонаҳо – ҳамсоя ё шиносҳояшон мемонанд. Аз рӯи қонун, хешовандон барои ин кӯдакон ҳеҷ масъулият надоранд. Дар миёни фарзандони муҳоҷирон кӯдаконе ҳастанд, ки ба муассисаҳои таълимӣ ё тиббӣ намераванд ва хадамоти давлатиро дарёфт намекунанд. Баъзан ин кӯдакон ба ёрии равонӣ эҳтиёҷ доранд.

Марям Усмоналиева, корманди Бунёди «Оазис» бар ин назар аст, ки «агар кӯдак дар кӯча монд ё зӯроварие рух дод, бисёр кормандони иҷтимоӣ парасторони онҳоро ёфта наметавонанд. Агар дар хонаи хешовандон бошад, онҳо мегӯянд, ки гуноҳе надоранд. Мушкил ҳам дар ҳамин аст, ки дар сурати хушунат кормандони иҷтимоӣ азоб мекашанд ва волидонро ҳам ба ҷавобгарӣ кашида наметавонанд».

Муассиси «Лигаи ҳимояти ҳуқуқи кӯдак» Нозгул Турдубекова илова мекунад, фақат бо ҷазо додан масъала ҳал намешавад. "Ба иловаи боло бурдани масъулият, бо волидон кори амалӣ кардан зарур аст. Ба онҳо фаҳмондан лозим, ки чаро будани сарпараст барои кӯдак зарур аст. Сарпараст намояндаи падар ё модар мешавад ва дар навбати аввал аз ҳуқуқи кӯдак ҳимоят мекунад».

Аз рӯи қонунҳои амалкунанда, ҳоло ҳам дар сурати монда рафтани фарзанд волидон бояд сохторҳои давлатиро дар ин бора огоҳ кунанд, вале бисёр вақт ин талабот нодида гирифта мешавад.

Солона аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон ҳазорҳо нафар барои кор асосан ба Русия мераванд. Дар бисёре аз ин хонаводаҳо, фарзандон то 7-8 моҳ дар сол волидони худро намебинанд.

XS
SM
MD
LG