Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қимати $ дар саррофиҳо аз "марз"-и муайянкардаи Бонки миллӣ гузашт


Пас аз як моҳи "оромиш" қурби доллар дар баробари сомонӣ боз боло рафт. Бонки миллӣ то ҳол ин қазияро шарҳ надода, аммо манобеъ мегӯянд, дигар пасту болоравии арзиши доллар аз бозор вобаста аст.

Арзиши доллари амрикоӣ баъд аз як моҳи "оромиш" ё "сукут"-аш дубора дар баробари пули миллии сомонӣ боло рафта ва ҳоло 1 доллар дар саррофиҳои Душанбе ба ивази 6 сомонию 33 дирам фурӯхта ва ба ивази 6 сомонию 35 дирам харида мешавад. Саррофон мегӯянд, ин қиматро бо мувофиқа бо бонкҳои кишвар эълон кардаанд ва дигар намешавад ба зӯр пеши роҳи боло рафтани арзиши долларро гирифт.

Ин дар ҳолест, ки як моҳ пеш Бонки миллии Тоҷикистон дар пайи болоравии бесобиқаи доллар ва кампайдо шуданаш дар саррофиҳои кишвар ба бозори асъор дахолат кард ва арзиши болотарини онро 6 сомониву 26-29 дирам муайян намуд.

Ҷамшед Юсуфиён, муовини аввали раиси Бонки миллӣ, дар нишасти хабарии изтирорияш дар рӯзи 13 марти соли ҷорӣ гуфта буд, бархе аз саррофиҳо ба таври сунъӣ қурби долларро боло бурдаанд ва аз ин рӯ тасмим гирифта шудааст, Бонки миллӣ ба бозори асъор тавассути бонкҳои тиҷоратии кишвар дахолат кунад, на саррофиҳо. Ҷаноби Юсуфиён он вақт иллати аслии болоравии қурби доллар дар Тоҷикистонро ба коҳиши мизони интиқоли пул аз хориҷи кишвар дар пасманзари буҳрони иқтисодӣ дар Русия рабт дода буд.

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки бо мақсади мӯътадил нигоҳ доштани пули миллӣ дар баробари доллар, аз 13 апрел вазъи бозори асъорро омӯхта ва пешниҳоди бонкҳои тиҷоратиро дар ин замина ба эътибор гирифанд ва баҳои хариду фурӯши як доллари амрикоиро 6 сомонӣ ва 33 дирам ва ва 6 сомониву 35 дирам муайян карданд.

Ҷаҳиши якбораи доллар баъд аз танзими Бонки миллӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:07 0:00

Дар ҳамин ҳол, як тоҷири бозори "Корвон" мегӯяд, агарчӣ қурби як доллар ба 6 сомониву 33-35 дирам расидааст, аммо дар нуқтаҳои фурӯши асъор доллар намефурӯшанд, ё мегӯянд, "доллар нест". Аммо, ба қавли мусоҳиби мо, дар "бозори сиёҳ" як доллар ба ивази 6 сомониву 60 дирам ва 6 сомониву 65 дирам харидуфурӯш мешавад ва он ҳам ба таври хеле пинҳонӣ, то ҷонибҳо ба дасти мақомот науфтанд.

Дар пайи тавсияи Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди арзиши болотарини қурби доллар дар саррофиҳо ва муомилот бо пули миллии сомонӣ дар моҳи гузашта мақомоти умури дохилӣ чандин мавриди харидуфурӯш бо долларро ошкор карда буданд. Ҳамагӣ панҷ рӯзи пеш низ мақомоти умури дохилии Тоҷикистон ​аз боздошти як тоҷири бозори "Корвон" хабар доданд, ки дар харидуфурӯши ҷавоҳирот бо асъори хориҷӣ муттаҳам мешавад. Ин ниҳод мегӯяд, гумонбар дар нуқтаи савдояш ба ивази ду соати тило аз харидор 9 ҳазору 800 доллар гирифтааст.

Мақомот қаблан низ аз боздошт ва оғози парванда нисбат ба чанд соҳибкор барои фурӯхтани амволашон, аз ҷумла мошин, бо асъори хориҷӣ хабар дода буданд.

Дар баробари болоравии арзиши доллар қурби рубли русӣ низ дар саррофиҳо дар муқоиса ба ду-се моҳи пеш “ҷон” гирифтааст. Ҳоло ҳазор рубли русӣ ба 121 сомонӣ баробар аст.

XS
SM
MD
LG