Бонки Миллии Тоҷикистон болоравии қурби асъори хориҷӣ, аз ҷумла долларро дар кишвар "ба вазъи геосиёсии ҷаҳон" вобаста донист.
- Қурби расмии доллари амрикоӣ тайи ҳафтаи охир аз 8 сомониву 86 дирам то ба 8 сомониву 89 дирам боло рафт. Дар бозори ғайрирасмӣ сад доллари амрикоӣ ба 915 - 920 сомонӣ табодул мешавад.
Аммо масъулони Бонки Миллӣ рӯзи 26-уми апрел дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфтанд, онҳо қурби хариду фурӯши доллар ва рубли русиро барои бонку созмонҳои қарздиҳӣ муайян намекунанд. Ба гуфтаи масъулони Бонки Миллӣ, қурби расмии асъоре, ки онҳо муайян мекунанд, танҳо барои пардохтҳои гумрукӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ истифода шуда, қурби асъори хориҷӣ пойбанди он нахоҳад буд.
Дар гузашта ҳар гоҳе қурби доллар ба боло меҷаҳид, ангушти ишораи Бонки миллӣ рӯи нуқтаҳои саррофӣ боло мешуд, ки дар бозор ҳангомаро ба вуҷуд овардаанд.
Бонки Миллӣ мегӯяд, "қурби хариду фурӯши асъори хориҷии нақд аз ҷониби худи ташкилоти қарзӣ дар асоси талабот ва пешниҳод дар бозори дохилӣ муқаррар карда мешавад ва аз қурби расмӣ фарқ мекунад."
Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳоле дар робита ба болоравии қурби асъори хориҷӣ изҳори назар кард, ки тайи чанд рӯзи охир бархе аз тоҷирон дар Тоҷикистон гуфтанд, ки як ҳафта боз дар бонкҳои кишвар доллар харида наметавонанд. Посухи баъзе бонкҳо ба харидорони доллар яксон будааст: "Доллар нест".
Бо баста шудани фаъолияти нуқтаҳои саррофӣ хариду фурӯши арзи хориҷӣ дар Тоҷикистон танҳо дар идораи бонкҳои тиҷоратӣ ва ё ташкилоти хурди қарзӣ сурат мегирад. Камчин шудани доллар дар бозори арзи Тоҷикистон ба уфти ба шиддати қурби рубли русӣ рост омад. Рубли русӣ пас аз таҳримҳои Амрико нисбат ба ширкатҳои азими Русия ва чанде аз олигархҳо якбора қурби худро аз даст дод.
Меҳрубон Бурҳонов, коршиноси умури молия ва бонк мегӯяд, маҳз поин рафтани қурби рубли русӣ боис ба каме боло рафтани қурби доллар ва камчинии он гашт.
Ӯ гуфт, “муҳоҷирон тавассути низомҳои интиқоли пулӣ рубл ё доллар мефиристанд. Дар ин ҳолат ҳисоббаробаркуниҳо байни бонкҳо ба таври нақдӣ ё ғайринақдӣ сурат мегирад. Масалан, ягон бонки Русия аз бонки Тоҷикистон дар давоми 1 моҳ 100 миллион рубл қарздор мешавад ё баръакс имкон ҳаст, ки бонки Русия пулро ба доллар табдил карда, ба суратҳисоби бонки тоҷикистонӣ гузаронад.”
Бурҳонов мегӯяд, яке аз сарчашмаҳои асосии воридоти доллар ба Тоҷикистон ин рубли русӣ аст. "Чун қурби рубл нисбат ба доллар афтид, дигар ба қадри кофӣ аз Русия доллар харидорӣ карда наметавонанд", - шарҳ дод ӯ.
Дар гузашта ҳар гоҳе қурби доллар ба боло меҷаҳид, ангушти ишораи Бонки миллӣ рӯи нуқтаҳои саррофӣ боло мешуд, ки дар бозор ҳангомаро ба вуҷуд овардаанд. Аммо айни замон нуқтаҳои саррофӣ умуман амал намекунанд ва тамоми бозори арзи хориҷӣ зери назари Бонки миллӣ аст.